ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗАБОН ВАСИЛАИ МУҲИМИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ

ЗАБОН ВАСИЛАИ МУҲИМИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ

17 октябр 2024, Панҷшанбе
7
0


Бо фаро расидани истиқлолият ва забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ масъалаи забон аҳамияти хоса пайдо кард ва ба ҳадде мубрам гардид, ки онро метавон яке аз падидаҳои муҳими шуури миллӣ ва афкори ҷамъиятии ин солҳо номид.
Эмомалӣ РАҲМОН

Аз таърихи башарӣ бармеояд, ки арзишмандтарин муқаддасот барои миллат, дар радифи истиқлолу озодӣ, забон ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти аҳамияти хосааш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забонро сарчашмаи ҳастии миллат номидаанд. 
Чун ба таърихи ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ назар афканем, маълум мегардад, ки ниёкони мо ҷиҳати рушду равнақ ва мақоми устуворро касб кардани забони модарӣ  талошҳои зиёде кардаанд. Нахустин маротиба аҷдоди тоҷикон дар аҳди шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён таҳти роҳбарии Куруши Кабир (550–529 т.м.) ва пасон дар замони ҳукумати Кӯшониён таҳти роҳбарии Канишкаи Кабир забони қадимаи форсӣ-тоҷикиро ба сифати забони расмӣ қабул намуданд. Бояд гуфт, ки унсури марказии тамаддуни аҷдодии моро дар замони сулолаҳои ҳукмрони Варорӯд, Хуросон ва Эрон забон ташкил медод, ки он решаи забони имрӯзаи тоҷикӣ маҳсуб меёфт. Аз замони ҳукумати Ҳахоманишиён сангнавиштаҳое то имрӯз боқӣ мондаанд, ки инъикосгари арҷгузорӣ ба забони модарии худ буд. Ба ин мисол шуда метавонад катибаҳои «Бесутун», «Куруши Кабир» ва «Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир», ки ба забони қадими форсӣ-тоҷикӣ ҳаккокӣ шудаанд. 
Бо ташаббуси сиёсати фарҳангпарваронаи сулолаҳои ориёитабор минбаъд забони форсӣ-тоҷикии миёна мавқеи назаррасро соҳиб гардид. Дар аҳди ҳукумати Ашкониён ва Сосониён аз шарқи Чин то Осиёи Хурд ва аз Қафқоз то соҳили уқёнуси Ҳинд забони форсии миёна чун забони расмӣ ва илму фарҳанг эътироф шуда буд. Забони форсии миёна дар муносибатҳои тиҷоратӣ дар заминаи шоҳроҳи Абрешим ва дар муносибатҳои дипломатӣ нақши аввалиндараҷаро касб карда буд, ки аз ҳашомати сиёсати фарҳангпарваронаи шоҳаншоҳони Сосониён хабар медод. Ёдгориҳои нодири хаттӣ, аз ҷумла «Дарахти асурик», «Ёдгории Заррирон», «Худойнома» ва амсоли инҳо, аз ҷойгоҳи устувори забони форсии миёна хабар медиҳад. 
Қудрату тавоноӣ ва рақобатпазирии забони тоҷикиро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр батафсил иброз намудаанд: «Вақте ки забони арабӣ ҳампойи футуҳот ва густариши ислом дар як қисми бузурги ҷаҳон фотеҳона қадам зада, забони бисёр давлатҳои муқтадири дунёи қадим, ба монанди забони маҳаллии Испания, лаҳҷаҳои романии Ситсилия, забонҳои барбарии соҳилҳои Африқои Шимолӣ, забони қибтии Миср, забон ва гӯйишҳои оромии Сурия, Фаластин, Ироқ ва ғайраро аз феҳристи забонҳои ҷаҳон нобуд мекард, муҳим он аст, ки забонҳои дар ҳоли ташаккул ва ҳатто, бехати эронии мардуми Хуросону Мовароуннаҳрро фурӯ бурда натавонист. Ба иборати дигар, дар миёни миллатҳои зиёди мутеи араб мо ягона мардуме будем, ки забони худро ҳифз карда, аз истиқлоли адабӣ маҳрум намондаем».
Яке аз марҳалаҳои «тиллоӣ»-и рушди забони тоҷикӣ ва устувор гардидани ҷойгоҳи он ба аҳди ҳукмронии нахустин давлати миллии тоҷикон Сомониён рост меояд. Амирони Сомонӣ дар радифи арҷ гузоштан ба аркони исломӣ, ба унсурҳои фарҳанги миллӣ ва эҳёи онҳо диққат медоданд. Ҳамин буд, ки бузургтарин пешвоёни забон ва адабиёти тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ ва барҷастатарин олимони асрҳои миёна чун Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав ва пайравону шогирдони онҳо маъруфтарин осори илмии он давраро ба забони модарии хеш навиштаанд.
Пас аз инқирози ҳукумати Сомониён дар манотиқи Мовароуннаҳру Хуросон ҳарчанд сулолаҳои тоҷиктабор аз истиқлоли сиёсӣ муддате маҳрум гардиданд, вале истиқлоли фарҳангии онҳо побарҷо буд. Фаъолияти барҷастаи олимон ва шуарои тоҷик дар асрҳои минбаъда боис шуд, ки забони тоҷикӣ чун забони расмӣ ва илму адаб аз ҷониби сулолаҳои дигар қабул гардад. Дар аҳди Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён, Манғитиҳо, ки дар сарзамини тоҷикон ҳукумат доштанд, забони тоҷикӣ дар натиҷаи талоши абармардони илму ирфон ба монанди Абулфазли Байҳақӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хаём, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва даҳҳо тан аз дигар мутафаккирон ба сифати забони давлатӣ қабул шуд. 
Муддати асрҳои вопасини на чандон мусоид ва гоҳе ниҳоят фоҷиабор соҳибони ин забон яке аз ғанитарин адабиёт, шеър ва тулонитарин ҳамосаи миллии ҷаҳонро офариданд. Аз лиҳози миқдор, рангорангии мавзуъ, вусъати андеша, матлаби ҳакимона ва ғайра низ он дар дунё камназир аст.
Истиқлоли давлатӣ ба миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик имкон фароҳам овард, ба арзишҳои миллию фарҳангӣ арҷ гузорад. Имрӯз дар заминаи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ чун яке аз аркони муҳими давлатдорӣ дар роҳи рушду такомул қарор дорад. Роҳбари давлат забонро чун кафили ҳастии миллат дониста, дар самти устувор намудани мақоми ин арзиши олии миллат як қатор ташаббусҳои саривақтӣ ва муҳимро татбиқ намуданд. Сарвари давлат дар сатҳи байналмилалӣ бо ташаббусу пешниҳодҳои хеш забони моро муаррифӣ намуда, онро ба забони сулҳу субот ва ба ҳам овардани мардумони ҷаҳон мубаддал гардонда истодаанд. 
Айни замон миллати куҳанбунёди тоҷикро зарур аст, ки дар пайравӣ аз ниёкони хеш ва сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат ба ин арзиши миллӣ арҷ гузошта, онро ҳифз намояд. Ҳифзи забон кафолати мондагории миллат аст. Зарур аст, ки забони тоҷикиро чун воситаи аз худ кардани забонҳои хориҷӣ истифода намуд. Дар ҳоле, ки мо забони хешро ба сатҳи лозима намедонем, ҳеҷ гоҳ дар роҳи омӯзиши забони дигар муваффақ намешавем. Қишри зиёии ҷомеаро низ зарур аст, ки тавассути осори хеш ва таълифи он бо забони ноби тоҷикӣ дар устувор гардидани забони миллат саҳмгузор бошанд. 

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА, 
президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Санаи нашр: 17.10.2024 №: 204-205
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив