БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД
"АГАР ЭКОСИСТЕМАИ ТАБИӢ ҲИФЗ НАГАРДАД!"
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи "Агар экосистемаи табиӣ ҳифз нагардад!"-ро, ки дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" (18-уми июни соли 2024, №114) чоп шудааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Мавриди зикр аст, ки масъалаҳои дар мақолаи мазкур баёншуда бамавриданд. Дар ҳақиқат, чӣ тавре ки коршиносон муайян намудаанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ҷангалҳои он, аз таъсири раванди тағйирёбии иқлим хеле осебпазир мебошад.
Имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нисбат ба соҳаи хоҷагии ҷангал таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Натиҷаи ҳамин аст, ки давоми солҳои 2022-2024 бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се барномаи давлатӣ, аз ҷумла Барномаи рушди парвариши павлония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 ва Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул гардиданд, ки ба рушди соҳаи хоҷагии ҷангал, афзудани майдони ҷангалзор, паст кардани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ва пешгирии таъсири равандҳои номатлуби тағйирёбии иқлим, ки яке аз онҳо хокбориш маҳсуб меёбад, мусоидат менамояд.
Аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангал ва ташкилоту муассисаҳои системаи он дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои барномаҳои мазкур ҳамасола дар майдони то 1000 га корҳои бунёди ҷангал, 2000 га барқароркунӣ ва дар майдони 8000 га чорабиниҳои мусоидат ба худбарқароршавии ҷангалҳо амалӣ мешаванд. Вале, бо назардошти таъсири раванди тағйирёбии иқлим, нашъунамои ниҳолҳо қонеъкунанда нест. Бо мақсади таъмини сабзиши минбаъдаи ниҳолҳо, истифодаи технологияи муосир, аз ҷумла ташкили обёрии қатрагӣ, усулҳои гуногуни агротехникии шинондани ниҳолҳо, ба роҳ монда мешаванд.
Ҳамзамон, Агентии хоҷагии ҷангал дар якҷоягӣ бо шарикони рушд ҷиҳати мустаҳкам намудани базаи моддию техникии ташкилоту муассисаҳои соҳаи хоҷагии ҷангал корбарӣ намуда, дар давраи солҳои 2018-2023-юм 22 номгӯи техникаву таҷҳизот ба 16 муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва 2 корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварӣ дастрас карда, пешбурди корҳо дар ин самт идома доранд. Инчунин, барои пешгирии буриши дарахтон, поймол кардани майдони ниҳолшинонӣ ва амалӣ намудани чорабиниҳои пешгирии сар задани сӯхтор дар ҷангал корбарӣ карда мешавад. Натиҷаи таҳлили маводҳои оморӣ нишон медиҳад, ки бинобар зиёд гардидани дастрасӣ ба манбаъҳои дигари энергия ва баланд гардидани маърифати экологии аҳолӣ шумораи қонуншиканиҳо оид ба буриши ғайриқонунии дарахту буттаҳои ҷангал сол ба сол кам мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки дар соли 2023 заминҳои ҷангалпӯш қариб 422,7 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2010-ум 14,7 ҳазор гектар зиёд аст. Ин натиҷаи фаъолияти самараноки кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал мебошад.
Агентии хоҷагии ҷангал минбаъд ҳам фаъолияти худро баҳри ҳифз ва зиёд намудани майдони ҷангалҳо равона намуда, ҷиҳати нигоҳдории экосистемаҳои табиӣ саҳми худро мегузорад.
ШАРИФЗОДА Д.Ҷ., муовини директори Агентии хоҷагии ҷангал
Санаи нашр: 17.10.2024 №: 204-205