ТОҶИКИСТОНУ ҚАТАР. ҲАМКОРИҲО ГУСТАРИШ МЕЁБАНД
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қатар 13-уми декабри соли 1994 барқарор шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлати Қатарро, ба ҳайси яке аз кишварҳои пешрафтаи минтақаи Ховари Миёна ва, умуман, ҷаҳони муосир мешиносад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо Қатар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Мавриди зикр аст, ки Қатар аввалин кишвари арабие аст, ки амирони он се маротиба, аз ҷумла ду маротиба бо сафари расмӣ: Амири қаблӣ – марҳум Шайх Ҳамад бин Халифа оли Сонӣ (августи 2007) ва феълӣ – Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ (8-9-уми июни соли 2023), ҳамчунин, бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (14-15-уми июни соли 2019) ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Дар таърихи муносибатҳои дуҷониба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон панҷ маротиба (6-7-уми майи соли 2007, 5-7-уми феврали соли 2017, 21-22-юми январи соли 2024, 17-уми феврали соли 2024 ва 2-3-юми октябри соли 2024) ба Қатар сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом додаанд.
Моҳи ноябри соли 2012 Сафорати давлати Қатар дар шаҳри Душанбе ва моҳи майи соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давҳа кушода шуданд.
Миёни Тоҷикистону Қатар солҳои охир муколамаи созандаи сиёсӣ ба роҳ монда шудааст, ки самтҳои афзалиятноки тамоми маҷмуи муносибатҳои ҷонибҳо ва, махсусан, соҳаҳои гуногуни иқтисодиётро муайян мекунад.
Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои мо ба шумор мераванд. Дидору мулоқотҳои пайвастаи сатҳи олии кишварҳои мо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам густариш додани робитаҳо дар ин соҳаҳо ҳавасманд мебошанд.
Бо дарназардошти сатҳи баланди робитаҳо ва азму иродаи роҳбарони сиёсии ду кишвар, мутмаинем, ки дар ояндаи наздик шоҳиди беш аз пеши ҳамкориҳо дар дигар бахшҳои илмиву фарҳангӣ ва сиёсиву иқтисодӣ ба вуқуъ хоҳанд пайваст. Тамосҳои мунтазам дар сатҳи олии ду кишвар, эътимоди мутақобил ва мавқеи ягона ва ё наздики ду кишвар нисбат ба ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ ва, инчунин, тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба сатҳи баланди робитаҳои сиёсии ду кишвари дӯст далолат мекунанд. Тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ миёни Тоҷикистон ва Қатар дар тақвияти ҳамкориҳои байниминтақавӣ, таъмини суботу амнияти минтақа ва рушди муносибатҳои бемайлони ҳар ду ҷониб нақши созанда ва муассир хоҳад дошт. Инъикоси сафарҳои Президенти Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори оммаи Қатар бозгӯи ҳамин гуфтаҳост.
Агентии иттилоотии Қатар (وكالة الانباء القطرية QNA) дар робита ба сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар, (02-03-юми октябри соли 2024) вохӯриҳои сатҳи олӣ ва иштироку суханронии Президенти Тоҷикистон дар нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё хабару гузоришҳои ҷолиб нашр намудааст. Аввалин хабаре, ки дар фазои иттилоотии Қатар доир ба сафари кории Пешвои миллат ба ин кишвар, давр хӯрд, ин “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давҳа омад”, – мебошад. Дар хабар гуфта мешавад, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Давҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ал-Мурайхӣ ва дигар намояндагони воломақом истиқбол гирифтанд. Пас аз ин, гузоришҳо аз рафти дидору вохӯриҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла “Президенти Тоҷикистон бо вазири давлатӣ оид ба ҳамкории байналмилалии Давлати Қатар вохӯрӣ намуд”, “Мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Шайх Холид ибни Ҳамад олӣ Сонӣ” ва “Ҷаноби Амир Президенти Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт” нашр шуданд. Дар гузоришҳо аз густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Қатар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ зикр гардидааст. Муаллифони Агентӣ (وكالة الانباء القطرية QNA) зимни таҳияи мавод ишора ба он доранд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Давлати Қатарро яке аз шарикони муҳими тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон номида, бо итминон изҳор доштанд, ки ҳамкории кишвараш ва Фонди Қатар оид ба рушд ба таври назаррас густариш хоҳад ёфт.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар ҳошияи Муколамаи ҳамкории Осиё нишасту вохӯриҳои вазирони кишварҳои аъзо доир ба имкониятҳо ва ҳавасмандии сармоягузорӣ баргузор гардид. Дар гузориш аз рафти Форуми дуюми тиҷоратӣ гуфта мешавад, ки Тоҷикистон дорои сарватҳои зеризаминии гаронбаҳое, аз қабили маъдан мебошад, ки то ҳол кашф нашудаанд. Ҳамчунин, зикр шудааст, ки Тоҷикистон дорои заминҳои ҳосилхез ва иқлиме мебошад, ки имкони парвариши сабзавоти хушсифат бештар аст. Инчунин, бинобар мавҷудияти баландкӯҳҳо, минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон кишварест тамошобоб.
Дар маҷмуъ, ин гуна пӯшиши иттилоотӣ ёфтани номи Тоҷикистон дар расонаҳои яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон муждаи нек маҳсуб ёфта, аз нигоҳи неки Қатар ба Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ қадам ба қадам, яке пайи дигаре кишвари офтобии моро беш аз пеш мешиносаду эътироф мекунад, ки ин ҳам обрӯи мо, тоҷикон, аст.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.10.2024 №: 204-205