ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОРИФИ НАВШОҲӢ. ИНШОГАРИ КИТОБИ “АЗ ПАНҶОБ ТО ПАНҶРӮД”

ОРИФИ НАВШОҲӢ. ИНШОГАРИ КИТОБИ “АЗ ПАНҶОБ ТО ПАНҶРӮД”

17 октябр 2024, Панҷшанбе
41
0


Доктори забон ва адабиёти порсӣ Орифи Навшоҳӣ солҳост, ки дӯст ва ихлосманди адабу фарҳанги Тоҷикистон аз Покистон мебошад. Вақте соли 2009 бори нахуст барои гиромидошти Имоми Аъзам меҳмони кишвари мо шуд, барои ҳамеша дилбастаи миллати тоҷик гардид. Баъди чанд сафараш бо забони урду китоби “Аз Панҷоб то Панҷрӯд”-ро навишт. Минбаъд ду сафарнавиштаи хешро илова карда, ин китобро ба порсӣ чоп кард. 

АРМУҒОНИ НУҲ БАЙТИ УСТОД РӮДАКӢ 
БА ТОҶИКОН
Навшоҳиро баъди муаррифии се байти тоза аз ашъори парокандаву гумшудаи устод Рӯдакӣ дар ҷомеаи илмиву адабии тоҷик бештар шинохтанд. Ӯ аз саҳифаҳои 15-ум ва 99-уми китоби “Иршод” (таълифи Абдуллоҳ Муҳаммад бини Абубакри Қалонисии Насафӣ, вафоташ 500 ё 550-и ҳиҷрии қамарӣ, бо тасҳеҳи Орифи Навшоҳӣ, Теҳрон 1385-и ҳиҷрии шамсӣ) ин шаш мисраъро бори нахуст ёфт:  
Сангу гуҳар якест чун нахурӣ,
Чӣ кунӣ хонумони худ пури санг?
Ба ду тангӣ басандакор мабош –
Тангии гӯру зиндагонии танг.
***
Тозиву порсӣ ҳама наздики мо якест,
Наздики ӯ гиромӣ парҳезгортар.

Ин мисраъҳои шеъри устоди сухан Рӯдакӣ барои мо – тоҷикон, баробари шаш пуд тилло буд, ки пазируфтем ва қариб дар ҳама рӯзномаву моҳномаҳои худ такрор ба таркор чоп кардем. 
Ҳанӯз соли 2010 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гуфта буд: “Дар Маркази таҳқиқоти порсии Эрону Покистон дар Исломобод 85 ҳазор нусха аз осори порсии дар Покистон феҳристшуда мавҷуд аст, вале бархе аз донишмандони кишварҳои порсизабон аз вуҷуди бархе аз ин осор хабар надоранд”.
Бояд гуфт, ки номбурда ду китоби худ – «Дар кӯи Халил» ва «Ёри ошно»-ро дар Тоҷикистон нашр ва муаррифӣ кардааст. Ҳар боре аз Покистон ояд, бо дастхатту китобҳо ва паёмҳои тоза меҳмони мо мешавад. Дар ин моваро ҷойгоҳи “Аз Панҷоб то Панҷрӯд” дигар аст, зеро ин сафарнома пурра ба Тоҷикистон ихтисос ёфта, барои муаррифии кишвари мо дар ҳудуди Покистону Ҳиндустон нақши шоиста бозидааст.
САМАРАИ ПАНҶ САФАРИ ПАЖӮҲИШГАРИ ПОКИСТОНӢ БА ТОҶИКИСТОН
Нависандаи китоби “Аз Панҷоб то Панҷрӯд” бо таъриху фарҳанг ва ҳавзаи бузурги Хуросону Варорӯд ошноӣ ва огоҳии комил дорад. Зимни сафар ба ин маконҳо лаҳзаҳоро аз зиндагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, Шайх Муслиҳиддини Хуҷандӣ, Муҳаммади Башоро, Яъқуби Чархӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва дигарон чунон бозкушоӣ ва ёдоварӣ менамояд, ки аҳамияти ин асар ва дониши нависандаашро ба намоиш мегузорад. 
Доктор Орифи Навшоҳӣ дар сарсухани китоб навиштааст: «Ман то кунун аз соли 2009 то моҳи марти соли 2016 панҷ бор ба кишвари азизи Тоҷикистон сафар кардам. Се сафари аввалро, ки дар солҳои 2009, 2010 ва 2014 ёддошт карда будам, ба забони урду навиштам ва бо номи «Аз Панҷоб то Панҷрӯд» дар соли 2014 дар Исломобод ба чоп расондам. 
Баъд аз панҷ сафар ба Тоҷикистон он муҳаббате, ки нисбат ба ин сарзамин ва шаҳрвандонаш дар дили ман эҷод шуд, дар баёну васф намегунҷад. Дар ҳеҷ сафар ва дар ҳеҷ ҷое дар Тоҷикистон эҳсоси ғурбат накардам. Дар хонае, ки ҳамдинӣ, ҳамдилӣ ва ҳамзабонӣ ҳукмфармо бошад, каждуми ғурбат намегазад. Ман аз тамоми дӯстони тоҷик, ки дар ин сафарҳо нисбат ба ман ибрози муҳаббат намудаанд, беандоза сипосгузорам».
Сафари навбатии Навшоҳӣ ба Тоҷикистон зимистони соли 2023 рост омад. Ӯ дар гиромидошти Бобоҷон Ғафуров, ки бо роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кохи “Ваҳдат” гузашт, иштирок ва суханронӣ дошт. 
Номбурда забони порсиро, ки ҷонмояи паёмҳои ниёгони мост, меҳвари баҳамоии миллатҳои гуногун мешиносад. Дар як суҳбаташ гуфта буд: “Тоҷикистон ва ҳарҷоеро, ки ба забони порсӣ ҳарф мезананд, Ватани худ медонам”. 

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.10.2024 №: 204-205
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив