ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚАҲРАМОНМОДАРАМ

ҚАҲРАМОНМОДАРАМ

17 октябр 2024, Панҷшанбе
4
0


8-уми октябр, ки додари хурдиам аз хизмати Модар – Ватан баргашт, шодию хурсандии аҳли хонаводаамон ҳадду канор надошт. Хизмати яксола (баъди хатми Донишгоҳи технологӣ) бошад ҳам, барои бародарам он дар ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватани азизамон сипарӣ шуда, боиси шараф ва сарфарозии мо гардид. Махсусан, барои падару модар ифтихор аст, ки «нури чашмашон» қарзи фарзандии худро бо сари баланд адо намуда, ба хона омадааст.
– Мардонавор ба Ватан хизмат кардӣ, бачам! Муборакат бод! – додарамро, ки ба ҷавонмарди тавоно шабоҳат дошт, ба оғӯш гирифта, гуфт падарам. 
– Ана, акнун ба маънои том мардак шудӣ! – бо ханда сар ҷунбонд додари калониам. 
Дар ин миён модарам ҷигарбандашро ба синаи пурмеҳраш фишурда, бӯсид, аз шодӣ ашк рехта: «Имшаб хоби орому осуда хоҳам дошт!», – гуфт ва нафаси озод кашид.
Дӯстону ҳамсояҳо низ ба табрик омада, ҳар кадом бо суханҳои самимӣ дуои нек медоданд. 
Воқеан, барои модарам таҳаммул кардани дурӣ аз фарзанд, дурӣ аз фарзанде, ки дар хатти марз дар дифои Ватан сина сипар мекард, осон набуд. Ӯ, агарчи табиатан бисёр босабру таҳаммул асту, пастию баландиҳои зиндагиро сарбаландона паси сар мекунад, давоми сол шабу рӯз дар изтироб буд. Мудом:  «Додаратон занг назад?», ё «Мактуб равон накард?» гӯён мепурсид. Ҳарчанд гоҳе баҳона пеш овардаву гоҳе эътироз мекардем, ки дилаш ором гирад, дар ҷавоб фақат мегуфт: «Худатон, ки соҳиби фарзанд шудед, баъд дарди дили маро дарк мекунед».
Вале, боз ҳам модарам, яқин медонист, ки фарзанди тарбиядидаи ӯ, дорои ақли расо, дониш, таҳаммулпазирӣ ва иродаи қавӣ буда, хизмати ҳарбиро бомуваффақият анҷом медиҳад. Эътимоду бовар ба фарзанд, яке аз ҷанбаҳои муҳими тарбия ба ҳисоб меравад, ки модарам аз рӯйи ин амал кор гирифтанд. Маҳз ӯ дар оила шароит фароҳам меоварад, ки фарзандон ба худ боварӣ дошта бошанд, дар зиндагӣ дониш гиранд, устувор ва қавиирода бимонанд. Ҳамзамон, дар ниҳоди фарзанд тарбия кардани хислатҳои неки инсонӣ, ба монанди меҳрубонию ҳалимӣ, хоксориву фурутанӣ, ки низ  барои камолоти ҳамаҷонибаи фарзанд замина мегузорад, ба модар бастагӣ дорад. Дар маҷмуъ, нақши модар дар ташаккули шахсияти инсон, хислат ва ҷаҳонбинии ӯ хеле бузург аст. Маҳз модар таҳкурсии шахсиятеро мегузорад, ки тақдири фарзанд дар оянда аз он вобаста хоҳад буд. Дур нарафта, агар ҳамин ҳоло худро дар оина бинем, ба хубӣ дарк хоҳем кард, ки кӣ будему то куҷо расидем. 
Ниҳоят, вақте бо додарам фурсати суҳбат фаро расиду лаҳзае рози дил кардем, ӯ нахуст, суханро аз модарам оғоз кард ва гуфт, ки ҳангоми хидмати ҳарбӣ зиёд пазмонаш мешуд. Дар он вақт ба қадри заҳмату талошҳояш, меҳрубониҳояш, дастони гарму дили нармаш бештар расид.
– Модарам умеду илҳоми ман аст. Маҳз бузургии ӯ буд, ки ман барои то соатҳо рост истодан дар хатти марз қудрату тавоноӣ пайдо кардам. Ӯ бо муҳаббати худ меҳри Ватанро дар ниҳоди ман ҷо кард. Беҳуда намегӯянд, ки хизмати Модар – Ватан кардан қарзи ҳар шахси ба нангу номус аст. Зеро, Ватани азизи мо мисли Модари азизамон моро ҳамеша ба оғӯш мегирад, зери қаноташ ҳифзу ҳимоя мекунад ва муҳаббат бахшидан меомӯзонад. Модарам ин ҳикматро хуб медонист, аз ин рӯ, маро пайваста барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан, роҳнамоӣ мекарду маслиҳат медод, – гуфт додарам. 
Воқеан, ҳидояту роҳнамоиҳои модар мисли Моҳтоб дар шаб роҳи моро равшан мекунанд. Роҳнамоии модар ба хотири ояндаи дурахшони фарзанд аст. Модарам, ки дар ниҳоди мо – фарзандон аз хурдӣ  интизомро тарбият дода буд, бо боварии комил додарамро барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ худаш фотиҳа дод. Додари аскарбачаам акнун бо сипосгузорӣ аз волидон, хусусан модари азиз, дар роҳи расидан ба  орзую мақсадҳое, ки дорад, аз таҷрибаи андӯхтааш дар хизмати ҳарбӣ кор мегирад.
Мо, фарзандони як оила, ҳарчи ки имрӯз дар зиндагӣ дарёфтем, аз дастгирию ҳидоятҳои модари гиромӣ аст. Модар шахсест, ки дар мо беҳтаринҳоро мебинад ва ҳамеша моро дар роҳи расидан ба орзуҳоямон – пуштибон аст. Ман, ки низ дар домони ҳамин модари бузург камол ёфтаам, дар чашмони ӯ тамоми меҳри дунёро мебинам. Балки, дунёро бо чашмони модар мебинам, ки пур аз гармӣ ва меҳру муҳаббат аст. Тарбия, ахлоқ, зебоии зоҳирию ботиниам аз додаи модараманду ман аз ин фаришта шакл гирифтаам. 
Хостам, ин ҷо танҳо хислатҳои наҷиби модарро рӯйи дафтар орам, на он сахтиҳоеро, ки ӯ дар зиндагӣ дидааст. Ба дунё овардани ёздаҳ фарзанд ва бо амри тақдир аз даст додани шаштои онҳо барои модарам фоҷиа буд. Ин сатрҳо низ метавонистанд дардҳои модарро таҷассум намоянд, вале ман аз ашк рехтану тоза шудани ранҷу  озори дар зиндагӣ кашидаи модарам сахт метарсам. Вале агар дар симои модари ман ба тамоми модарони дунё баҳои воқеӣ додан хоҳем, бармало мебинем, ки чи қадар модарони азиз ҷасур, далер, босабру таҳаммул ва зиндагиофару зиндагисозанд. Барҳақ, модарон қаҳрамонанд, қаҳрамон дар набарди зиндагӣ, ки ба хотири саодат ва хушбахтии фарзандонашон мубориза мебаранд ва ҳаётро бо меҳру муҳаббати самимии худ равшану рангин месозанд. Барои бузургӣ ва қаҳрамонии модарон, барои бузургӣ ва қаҳрамонии модарам сари таъзим фуруд меорам.  Қаҳрамонмодарам, барои заҳмату шабзиндадориҳоят, барои азхудгузаштанҳоят, барои меҳрубониҳоят, сипосгузорам!

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.10.2024 №: 204-205
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив