ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАНДИ МОДАР – БОЛУ ПАР!

ПАНДИ МОДАР – БОЛУ ПАР!

17 октябр 2024, Панҷшанбе
8
0


Ёд карда панду ҳикматҳои ту,
Модаро, бар худ панд омӯхтам.
Ёд бодам пандҳоят! Ёд бод!
З-он ки, панди судманд омӯхтам!

Модар! Ба чи роҳе равонам кардӣ… Роҳе пурпечу тоб, роҳи қуллаи баланд, пур аз шебу фароз! Инак, ман худ модарам ва масъулияти модариро бар дӯш дорам ва акнун ба қадри заҳматҳоят мерасам. 
Ёдам меояд, солҳои кӯдакию беғамӣ. Ҳамин ки, чашм аз хоб мекушодам, ба машомам бӯи нони гарм меомад. Модарҷон, он вақтҳо фикр ҳам намекардем, ки ин нонҳои гарму ширин кай тайёр шудаву интизори мо болои дастархон ҷило дода истодаанд…
Имрӯз мефаҳмам, ки барои нон шудани онҳо чи машаққат мекашидаед. Ин кор қариб ки ними шаб вақтро талаб мекардааст. Мо танҳо нони гарми болои дастархонро дида, аз рӯи одат наҳорӣ карда, ба мактаб мерафтем. Ҳама вақт куртаю  пешбандакҳои сап-сафеди дарзмолшударо пӯшида, фикр ҳам намекардем, ки инҳоро кай вақт ёфта шуста барои пӯшидани мо омода кардаед.
Вақте аз мактаб бармегарштем, ҳамеша хӯроку чойи гарм тайёр буд. Чун мо чор нафар духтар будем, хона ҳамеша рӯбучин ва тозаю озода буд. Ҳар яке  дар хона вазифаи худро дошт. Писар надоштем, вале ба ягон кори мардона низ ба падарамон ёрӣ мекардем. Яъне, дар хона падар бе писар буданашро ҳис намекард. Мо, ки хубу аъло мехондем, шумо бо мо меболидед, модарҷон. Ба хондани мо махсус диққат медодед, ҳар рӯз рӯзномаю дафтарҳоямонро тафтиш мекардед. 
– Духтарам, хон, хубу аъло хон! Орзуи ман туро табиб кардан аст,–  мегуфтед.
Ман, ки духтари калонӣ будам, аллакай, бо ман чун бо дугона суҳбатҳо мекардед. Ёд дорам, боре гуфтед: «Медонӣ, агар ман монанди дигар занҳо зуд фарзанддор мешудам, ҳоло бибӣ будам. Афсус, ки насиби ман дер модар шудан будааст. Бисёр машаққат кашидам, табобатҳои зиёд гирифтам. Ҳамин тавр, туро дар сесолагӣ ба даст гирифтам». 
Он вақт ман фаҳмидам, ки чаро ман бояд табиб шавам ва боз маҳз табиби занона. Ин нақл модарҷон, масъулияти маро бештар намуд ва ман аз паси амалӣ намудани орзуи шумо гаштам.
Аз солҳои мактабхонӣ ман адабиётро хеле дӯст медоштам ва ба шеъру шоирӣ шавқи зиёд доштам. Ин буд, ки ҳанӯз аз синфҳои 5-6 ман машқи шеърнависӣ мекардам. Муаллими забон ва адабиётамон ин қобилияти маро пай бурда, ба ман диққати бештар медод. Вақте дар синфи 9 мехондам, ба мактабамон, ки наздишаҳрӣ буд, аз Донишгоҳи давлатӣ таҷрибаомӯзҳо омаданд, дар байнашон шоир низ буд. Ӯ маро зуд ёфт, ҳамкории мо оғоз шуд. Ӯ навиштаҳои маро таҳрир мекард, маслиҳатҳо медод. «Ту бояд хонӣ, шеър аз ёд намоӣ», – мегуфт ӯ. 
Боре ӯ ба ман мактуб навишта гуфт: «Хоҳари азиз, кӯшиш намоед, ояндаи адабиёт хоҳед шуд!»
Аммо… модарҷон, панди шумо… маро ба даргоҳи дигар овард.
Оре, ба муқобили ҳама муаллимон, устодон исён кардам! Яъне, ман ҳангоми хатми мактаби миёна, ҳуҷҷатҳоямро ба донишгоҳи тиббӣ  супурдам. Чун дигар фанҳоро ҳам аъло мехондам, аз имтиҳонҳо бомуваффақият гузаштам.
Ва, инак,… сию панҷ соли расо мани табиб содиқона назди халқу давлат кор кардам. Тули фаъолияти корӣ вазифаҳои сарвариро ҳам бар уҳда доштам, дар ин муддат, ки хеле давраҳои сангинро ҳам аз сар гузарондам, танҳо панди шумо модарҷон, раҳнамоям буд, ки тавонистам бо сари баланд ҳама масъулияти бар дӯшдоштаамро самимона иҷро намоям. Дар ин муддат садҳо модаронро аз марг наҷот додам, ба чандин ноумедгашта мадади модаршавӣ кардам... Имрӯз ман хушбахтам, зеро панди модарро бо сари баланд бе камукост ба ҷо оварда, боиси хушбахтии садҳо модарон шудам.

Ҳусноро ҲАСАНОВА

Санаи нашр: 17.10.2024 №: 204-205
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив