ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИЛТИҶО

ИЛТИҶО

17 октябр 2024, Панҷшанбе
12
0


Субҳи босафое ба паҳнои олами хок пар мекушод.
Насиме атрогин аз оғӯши сабзи кӯҳсорони дур ҷудо шуда, ба гӯши хоболудони русто савти бедорӣ менавохт. Вай пеши роҳ чандин чаманро гузашта, вуҷудаш окандаи накҳати гулҳо то ҷои нишасти пиразан расид ва бо завқ ба милаҳои оҳарии ӯ печид. Он тораҳои як замонаҳо шабрангу мояи фахр ва кунун, дар гашти умр, ҳуснбохтаро баноз алвонҷ додаву парешон кард...
Аммо модари пир ба ин навозишҳои руҳафзо эътиборе надода, як бари қарси сафедаш зери лаб, – зоро гиряи ногаҳ рӯгирифта берун аз лонааш нахазад, – вазнин ба рӯи санги канори дарвоза нишаст.
Чашмонаш маъвои об!
Аз жарфнои дили кулфатгазидааш оҳе канда шудаву  дар барги лабонаш овезон монд. 
“Худоҷон, боз меравад! Боз ҷудоӣ...”, – ғамгин аз дил гузаронд вай ва нигоҳи баҳасрати худро аз писар набардошта: 
Майлат, ширини ман! Чи илоҷ, ки ҳукми Парвардигор чунин буда. Ман дандон ба дандон тоқат мекунам; ту ҳаргиз мушавваш нашав, асалакам. Беҳтараш худатро эҳтиёт кун. Худо нигаҳбонат! – гуфт ӯ ва базӯр оби даҳон фурӯ бурд. 
То панҷаи ғам заррае нарм ва масири нафас ҳам аз ғавчӯби яъс озод шавад, бо нӯги ангуштони ларзон оҳиста гулуяшро молид.
Ҳоло торафт бемадор мешуд ва ба ин ваҷҳ, неруе надошт, ки аз ҷой баланд шудаву худро шод ба писар расонад. Расондаву боз ӯро ба оғӯш гирад... Аз ин нотавонии хеш, ки бетардид кори ҷафоҳои пирӣ аст, аламаш тоза гашт ва қалби шӯридааш бадтар ба фиғон омада, аз феъли фалаки каҷрафтор ранҷид. Баъд...  шукуфаҳои даврони ҷавониашро пеши назар овард, ки вай, – он замонаҳо модари хуштолеъ! – бо як зарра ҷонаш дар қиболи ҳар мушкили рӯзгор чун кӯҳе азим қарор мегирифт ва якзайл панҷаи ҳар муамморо нарм сохта, ба номаш инсон собит менамуд, ки вай аз хайли “заифаҳо” ё “муштипареҳо” нест. Балки ҷасорате дошт, аҷаб сутуданӣ, ки яқин сад наршери сараро ҳайрон мекард. Мудом дар талош буд ва азми қатъие дошт. Аммо... Ҳоло аз бемадориҳои пирӣ ногузир менолад. 
Пас аз  ин андешаи дардзо, боз сурати писарро дар оинаи хаёл андохт: 
“Ҷавони ботамкинест; меҳнатдӯст, ҳалим, арзандаи сад хироҷи олам!” 
Модар ғамгин табассум кард ва баъд аз ризқи парешони фарзанд андешид, ки вай ҳоло аз пайи чидани он ба кадом як кишвари бегона меравад.
Пиразан лаб газиду бо як гӯшаи рӯймол оби дидаҳояшро пок кард. 
– Худовандо... – дар ин муддат шояд бори садум, ҳазорум... буд, ки номи Холиқро ба забон ронда, илтиҷо мекард: – ... роҳи ҷигарбандамро нурафшон, корашро бобарор  ва бо сарбаландиҳо бегазанд ба манзили мурод расондаву бозпас  то дари ин хокдони бобоӣ биовар!
Баъд назаре ба самти қабристони деҳа монда, руҳи азизони он маконро ба ёрӣ хост, аммо аз чи буд, ки дилаш бадтар сиёҳ шуд ва он лахти инак, баҷароҳати хунчакон, ки дар дори синаи ӯ базӯр метапид, зиёдтар ба нолиш даромад. Модари пир ногузир аз он тараф, ки маъвои вопасини садҳое аз табори вай буд ва замонаш расад, бешак ӯро низ ба он макони мутлақ, хомӯш хоҳанд бурд... 
Оҳкашон нигоҳ барчид.
Аҷал, илтиҷо мекунам, ту ҳоло сабр бикун...  – зери лаб гуфт модари зор.
Нигоҳашро ба сӯи писар бурд, ки сумкаи сафарӣ ба сари китф андохта, дар самти муқобили роҳ мошин мепоид. Аламзада аз дил гузаронд: “Боз як соли дароз ӯро нахоҳад дид. Боз як соли...”.
Дилаш фишурда гашта, вуҷуди пиронааш дар панҷаи афкори ғализ тазйиқ ёфт ва оби чашмонаш чун анкабут дар паҳнои ожангбастаи рӯяш тор танид.
Аҷал, ту ҳатман сабр бикун! – дубора гуфт бесадо гириста модар.
Ҳозирак аз оғӯш писарро раҳо кардаву баргае дуову сано ба даргоҳи Худо фиристода, ба роҳи дуре гусел намуд. Аммо дилаш, ки... дубора ӯро ба оғӯш гираду...
Ваҳ...
Ана мошин ҳам омад.
Модар дастонашро ба рӯи санг тирак гузошта, ҷонсарак нимхез шуд. Ҷони ларзонаш дар банди гулуяш ба бозӣ даромад. Хост ба парвоз омада, боз ҷигарбанди худро... Оҳҳ..., мехоҳад, ки вайро чун дар кӯдакиаш танг ба оғӯш гираду сару рӯяшро бӯсаборон намояд. Вале ку ҳамон неру?! Ку...
Писар назаре ба модар афканда, як пой дохили мошин даст афшонд, лабонаш ҳарчанд механдиданд, вале яқин қалбаш хун мегирист.
Оҳ, ман мурам ба дастони меҳнатии ту, ширини ман! Оҳ, ман қурбони лабханди базебат, ҷони оча...
Ин ҳарфу ҳиҷоҳо беихтиёр аз лабони дар ин синну сол камоби модар ба парвоз омаданд.
Ана, ба мошин нишаст ӯ ва... 
Не, не! 
Шояд чашмонаш ӯро фиреб медиҳанд?
Ваҳ ман мурам, ваҳ ман садқа шавам... – нидо дардод модари акнун тааҷҷубзада.
Писар аз мошин берун омадаву дартоз ба самти модар рафт ва худро ба оғӯши вай андохта:
Хайр, очаҷон. То дидор, – гуфт низ овозаш ларзида ва оҳиста аз оғӯши биҳиштосои модар ҷудо шуда, дастони ҳаётдидаи ӯро маҳин ба дидагон молид ва бехудона бӯиду бӯсид.
Мошин бонг зад!
Писар дидааш нам қафо гашт.
Модар ҳамоно бемадор боз ба рӯи санг нишаст ва аз паси мошин, ки ҷигари ӯро бо худ мебурду торафт аз назараш дур мешуд, ашкрезон нигариста, даст ба дуо бардошт. Пас аз илтиҷоҳо ба даргоҳи Худо, он кафҳои ларзони аз дурру гавҳар лабрезро ба рӯй кашид.
Кафи дастонаш аз оби дидагон тар:
Аҷал, ту ҳоло сабр кун, ҷонам! – гуфт бо лоба ва рӯ ба осмонҳо овардаву бо нигоҳи чашмони камбин фариштаи ҷонзудои Худоро аз умқи бекаронаи он ҷуст. Дар ҳолате ки тамоми вуҷудаш дар оташи ҳаҷр месӯхт, аз Яздони пок:
То дидори мо ба қиёмат намонад, боз як солак фурсат бидеҳ, ҳамагӣ як сол! – ашк рехтаву аз сидқи пок хоҳиш намуд ӯ.
Ин ҳангом як гӯшаи осмони минуиро ба зари холис андуда, Офтоб – Модари гетиҳо бо табассуми беолоише оҳиста сар боло мекард.
Насими саҳаргоҳон, ки яқин аз оғӯши кӯҳсорони дур ҷудо мешуд, аз нав ба гардиш омадаву ба сару мӯйи модар мепечид; милаҳои рангбохтаи ӯро, ки беҷо шудаанд, маҳин-маҳин навозиш менамуд.
Аммо қалби модари пир ҳамон шабистон буд!

Шариф ХАЛИЛ, 
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 
аз ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон

Санаи нашр: 17.10.2024 №: 204-205
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив