ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ ДУОИ МОДАР АСТ ИҚБОЛИ МО!

АЗ ДУОИ МОДАР АСТ ИҚБОЛИ МО!

17 октябр 2024, Панҷшанбе
24
0

 
(СЕ ЛАВҲАИ РӮЗГОР)
Зимистони қаҳратун. Зери нурҳои моҳи бадр барфи рӯи замин нуқрасон медурахшид. Ва дар он поси шаб, ки ҳама дар хоби ноз буданд, садои гиряи тифли навзод ин оҳанги ороми даймоҳро халалдор менамуд. Дар ин лаҳза, дар фазои хонаи торику гарм, садои маҳину дилпазири модар доман паҳн кард:

Тифли гирёнам, калон шав,
Дар ҷаҳон аз ман нишон шав,
Достон шав!
Достон шав!
Ганҷи шаҳворам ту бошӣ,
Бахти бедорам ту бошӣ,
Дар ҷаҳони номдорон
Номбардорам ту бошӣ!
...Тифли гирёнам, калон шав,
Ифтихори сад ҷаҳон шав,
Достон шав!
Достон шав!
Модар дар сари гаҳвора алла мегуфт. Аммо кӯдак на аз гаҳвораҷунбонӣ парво дошту на эътибор ба аллаи модар: беист гиря мекард. Модар рӯйи гаҳвораро кушоду бо дили хавотир:
– Ба ту чӣ шуд, ҷони оча? Чаро гиря мекунӣ? – гуфт ва кӯдакро рӯйи бистар гирифт. Тифл ором нашуд. Ғаш мекард. Нороҳат буд. 
– Шикамат гушна гӯям, ҳозир шир додам. Куҷоят дард мекунад, ки дардатро гирам, бачам? - кӯдакро дар бар гирифт модар ва аз ҷо хесту дар оғӯш оҳиста-оҳиста ҷунбонд. Аз бӯйи биҳиштии канори модар буд, ки тифл дар як лаҳза ором шуд ва ба хоб рафт. Дасту пойи модар бо даву този зиндагӣ субҳро ба шом пайваста бемадор буд. Хост тифлашро дар ҷогаҳ гузорад. Тифл боз гиря кард. Модар дубора ӯро рӯйи даст бардошт ва ҳамин минвол шабро саҳар кард.  
Субҳ дамид. Модар пас аз саранҷом кардани хонаву дар, тифлро ба бемористони деҳа бурд. Аз вазъи саломатии кӯдак дар хавотир буд. Меҳаросид, ки тифлаш нуқсе дошта бошад. Шифокор пас аз муоина он чиро, ки модар метарсид гуфт: “Ин бачат одам шуданаш душвор. Сараш нисбат ба тана калон. Ба фикрам рахит аст!”
Дили модар таҳ кашид. Дар чашмаш ашк ҳалқа зад. Бо буғзи гирифта “фаҳмо” гуфту тифл дар бағал берун баромад. 
Роҳ ба роҳ беовоз гиря мекард. Донаҳои ашк ба парпечи кӯдак меафтод. “Ин бачам як одам мешавад, ки ҳавас мекунед” – мегуфт зери лаб ва тифлро мебӯйиду аз сару рӯяш мебӯсид ва дуо мекард, ки Худованд ҷигарбандашро дар паноҳаш нигоҳ дорад...
* * *
Тирамоҳи зарнисор. Кӯдак тандуруст калон шуда, мактаб рафт. Оғози соли нави таҳсил буд. Модар дар танӯр нон мечаспонд. Аз ғояти гармии танӯр дар сару рӯяш арақ метаровид. Писарак дар даст дафтару қалам дар даромадгоҳи танӯрхона истода, гиря мекард. 
– Шуд, бас кун, писарам, - навозишомез гуфт модар ва дар рӯйи рафида боз як хамири нонро гузошту ба танӯр часпонд. 
– Не! Бас намекунам! - баланд гуфт писарак. – То дар дафтарам нуқтаҳоро намонед, бас намекунам. 
– Ҳозир нонҳоро часпонам, мемонам. 
– Не, аввал нуқтаҳоро монед, баъд нонатонро часпонед, - якравӣ мекард писарак. 
– Ду донаяк монд, писарҷон. Камтар сабр кун.
Писарак ғинг-ғинг мекард ва модар саросема нонҳоро часпонду даҳони танӯрро пӯшонд. Баъд дар як гӯша нишасту дафтару қаламро аз дасти писараш гирифт. Дар чанд сатри дафтар монанди шакли ҳарфи “В” нуқта гузошту баргардонд.
Писарак дафтарро як аз назар гузаронд ва хурсанд ҷониби хона шитофт. Аз рӯйи нуқтаҳо ҳарфро навишт. Рӯзи дигар аз мактаб хушҳол баргашту бо ифтихор гуфт: 
– Оча, ман имрӯз аз “Алифбо” баҳои панҷ гирифтам. 
– Офарин, ҷони оча, - ситоиш кард модар ва писаракашро аз ҷабинаш бӯсида, дуо кард: 
– Илоҳо, доим аълохон бошӣ писарам. Корат ҳам ҳамеша аъло шавад!
* * *
Баҳори гулфишон. Табиат акнун аз хоби ноз бедор шуда, гулу гиёҳи нав мерустанд. Аҳли хонавода хӯроки шом мехӯрданд. Аз берун садои касе баланд шуд. Писар баромад ва баъди андак баргашт. 
– Кист? – пурсид модаркалон. 
– Роҳбари синфамон.  
– Чӣ мегӯянд? – ҳайрон нигарист модар. – Ба хайр аст?
– Ҳа, ба хайр, - дар сари дастархон нишаст писар. – Пагоҳ дар Навоӣ марҳалаи вилоятии олимпиадаи фаннӣ будааст. Маро “омода шав, саҳар якҷоя меравем” гуфтанд.  
– Нағз, - гуфт модар, ки аз оҳанги гуфтораш нороҳатие эҳсос мегардид. 
– Масъалаи роҳкироро чӣ мекунем? – пас аз сукути кӯтоҳ рӯ ба модаркалон овард модар. – Ин ҳафта писаратон ҳам аз шаҳр наомаданд. Агар як-ду рӯз пеш мегуфтанд, хабар мекардем, пул мефиристонданд.
– Надонам, – кифт дарҳам кашидаву баъди андаке гиламандона гуфт:
– Нафақаи мо ҳам гӯшти шутур хӯрд, – ва чун одат нонрезаҳоро дар кафи даст чида, ба даҳон андохт.  
– Ягон роҳашро меёбем, – гуфт модар ва рӯ ба писараш овард:
– Ту дар ин бора фикр накун. Хаёлатро парешон накарда, дарсатро хон. Ба олимпиада омода шав. 
Баъди тановули хӯрок писар китобу дафтарҳояшро гирифт. Модар баромада рафт. Писар китоб мехонд, аммо чизеро намефаҳмид. Масъалаи пулро фикр мекард. Метарсид, ки омодагиҳои чандсола, меҳнатҳои шабонарӯзӣ бар абас нараванд. Пас аз соате модар баргашт.
– Чӣ шуд? – пурсид модаркалон. 
– Наёфтам, – кӯтоҳ ҷавоб дод модар. 
– Аз кӣ пурсидӣ? – абрӯ чин кард модаркалон. 
– Аз хешон, ҳамсояҳо, - димоғсӯхта гуфт модар ва ба меҳмонхона гузашт. 
– Гоҳу бегоҳ дар телевизор “буҳрони иқтисодӣ, таназзули иқтисодӣ” мегӯянд. Буҳрони иқтисодияш ҳамин будагист-дия, ки дар ҳеҷ кас пул намондааст, – шикваомез гуфт модаркалон. 
Пас аз чанд лаҳза писарак аз ҷо хесту ба меҳмонхона гузашт. Модар дар як гӯша нишаста гиря мекард. Писарашро дида, саросема ашки чашмонашро пок кард ва ба маъноӣ “чӣ гап” нигарист. Писар дар паҳлуи модар нишаст ва пас аз сукути кӯтоҳ гуфт: 
– Оча, зиқ нашавед. Худатон доим мегӯед, ки ҳар як кор, як ҳикмат дорад. Дар ин ҳам ягон ҳикмат будагист.  
Модару писар пойбанди хаёл менишастанд, ки аз берун садои ҳамсоязан баланд шуд. Модар берун баромад ва пас аз лаҳзае дар лаб табассум баргашта: 
– Масъалаи пул ҳал шуд, - гуфт. 
– Чӣ хел? – бо тааҷҷуб пурсид писар. 
– Нав худи ҳамсоя набуданд. Ба набераашон таъин карда омадам. Ҳозир хона оянд, набераашон гуфтааст. Пул оварданд.
– Нағз шуд, – дар худ намегунҷид писар. 
– Албатта нағз шуд. Шукр, ки чунин ҳамсояҳо дорем, - дар чеҳраи модар аз парешонӣ асар намонда буд ва қатъӣ гуфт:
– Акнун ту дар олимпиада ғолиб шуданат даркор. 
– Насиб, – хушҳол гуфт писар. 
– Худованд забони гӯёву қалами бурро диҳад, – дуо кард модар.
Писар донишҷӯ шуд ва бирафт аз пайи орзуҳои худ...
* * *
Тобистони офтобӣ. Писар донишгоҳро хатм кард. Ҳоло дур аз падару модар, ки дар зодгоҳ мондаанд, кор мекунад. Ӯ бар он назар аст, ки зиндагӣ худ оҳанг аст. Як оҳанги пурэъҷоз, ки якнавохту якранг нест. Ба гӯши ҳар фард ба гунаи дигар садо медиҳад. Рафти ин оҳанг гӯё бо тапишҳои дили модар, бо садои меҳрбори ин олиҳаи зебоиву меҳрубонӣ ва бо дуои ин муқаддасоти зиндагонӣ ҳамоҳанг мебошад. Яъне, оҳангсози зиндагии ҳар як инсон модар аст. 
Ҳама бахту барор, файз ва шавкату шони умри шарорабори инсон, аз дуои модар аст! Моро зарур аст, ки дар банди ризоияти модарон бошем, то зиндагӣ баҳри мо беҳтарин, зеботарин ва дилангезтарин оҳангҳоро ба гӯши ҷони мо бирасонад ва олитарин бахту иқболро армуғон намояд.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД, рӯзноманигор, шаҳри Тошканд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Санаи нашр: 17.10.2024 №: 204-205
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив