ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

18 октябр 2024, Ҷумъа
13
0

 
Ифтитоҳи бинои иловагии таълимии Литсей-интернат
17-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода як қатор иншоот, аз ҷумла бинои иловагии таълимӣ, хобгоҳ, китобхона, майдончаи варзиш, меҳмонхона, маҷлисгоҳ, ошхона ва бунгоҳи тиббиро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти мазкур дар заминаи таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат барои дар шароити мусоид ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон сохта шудаанд. Бинои иловагии таълимӣ тарҳи замонавӣ дошта, дар ҳашт синфхонаи муҷаҳҳаз бо аёниятҳои хониш, барои 240 хонанда имкони омӯзиши илмҳои муосир фароҳам омадааст. Раванди таҳсил дар кабинетҳои фаннӣ бо истифода аз 40 компютери пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет ба омӯзиши бештари илмҳои дақиқ мусоидат менамояд. Хобгоҳ бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шуда, дорои 48 ҳуҷраи барҳаво бо 400 рахти хоб мебошад. Он бо шароити мусоид барои бо ҷойи хоб таъмин намудани хонандагони дурдаст пешбинӣ шудааст. Маҷлисгоҳи Литсей 140 ва ошхона 200 ҷойи нишаст доранд. Раванди таҳсил аз ҷониби 50 омӯзгори соҳибтахассус ба зиёда аз 1000 хонанда ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда мешавад.
Китобхонаи электронии пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет метавонад барои дастрасии таълимгирандагон ба маълумоти зарурӣ мусоидат намояд. Иловатан хоҳишмандон имкони истифода аз 1600 номгӯи адабиётро доранд. Вақтҳои холигии хонандагон бо машғулиятҳои варзишӣ дар шароити сатҳи баланд сурат мегирад. Бунёди майдончаи варзиш метавонад дар тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба бозиҳои волейбол ва футбол нақши муассир гузорад.
Таъсиси бунгоҳи тиббӣ ва фаъолияти шабонарӯзии кормандони соҳа фаврияти муоина ва кумаки аввалияи тиббӣ ба хонандагонро таъмин месозад. Волидоне, ки ба хотири шиносоӣ аз ҷараёни таҳсил ва огоҳ будан аз сатҳи донишу малакаи фарзандони худ ба Литсей ташриф меоранд, метавонанд аз хизматрасонии сатҳи баланд дар меҳмонхонаи назди муассиса истифода баранд. Иншооти мазкур ба таъсиси 14 ҷойи нави корӣ замина фароҳам овард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити таҳсил ва будубош дар Литсейро дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, аз хонандагон омӯзиши илму ҳунар ва аз омӯзгорон омода кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро тақозо карданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ду муассисаи томактабии хусусиро ба таври онлайн мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Танҳо ҳамин рӯз дар шаҳри Турсунзода панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 3500 хонанда дар ду баст ва се муассисаи нави томактабӣ барои 650 кӯдак бо шароити муосири таълиму тарбия ба истифода дода шуданд. 
Тавре зикр гашт, барои  фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дар шаҳр сохтмони боз ҳашт муассисаи томактабӣ барои 1200 кӯдак идома дорад.
Дар деҳоти Қаратоғи деҳаи Зарнисор бинои дуошёнаи иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №103 ифтитоҳ гардид. Бинои иловагӣ иборат аз ҳашт синфхона барои 384 хонанда дар ду баст бо харҷи беш аз 3 миллиону 455 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт.
Дар деҳаи Неъматбачаи деҳоти Регар бинои иловагии дуошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 қомат афрохт. Муассиса аз 14 синфхонаи барҳаво, китобхона, ҳуҷраи омӯзгорон ва иншооти ёрирасон иборат буда, бо саҳми сокинону соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гашт. Дар Муассиса барои 240 хонанда дар ду баст шароиту имконоти муосири таълиму тарбия фароҳам омадааст.
Дар деҳаи Меҳргони деҳоти “10-солагии Истиқлолият” бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80, ки барои 450 хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад, мавриди истифода қарор гирифт. Бино аз ду ошёна ва ҳашт синфхонаи таълимӣ иборат буда, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолии деҳа эъмор гардид.
Дар деҳаи Шодиёнаи деҳоти Регар бинои иловагии навбунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 сохта шуд. Он аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҷӯрабек Муҳибов бунёд ёфт. Мактаб дуошёна буда, аз 16 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ, физика, химия, забони англисӣ, китобхона ва ҳафт ҳуҷраи корӣ, ки ҳамагӣ бо аёниятҳои дарсиву корӣ муҷаҳҳазанд, иборат мебошад. Дар бино барои 1000 хонанда дар ду баст шароити хуби таълиму тарбия фароҳам омадааст. Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳибкорони шаҳри Турсунзода азм доранд, ки тадбирҳои бунёдкориро дар дигар деҳаҳо низ идома диҳанд. 
Дар кӯчаи Охун Бобоев бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии “Лола” мавриди истифода қарор гирифт. Ин Муассисаи наву зебои муосир ба маблағи 1 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гашт. Ҳамакнун дар ин ҷо 200 кӯдак ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта мешавад. Ба ин хотир ҳашт мураббии кордону ботаҷриба ба кор ҷалб шуд.
Дар деҳаи Иттифоқи деҳоти Регар бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии “Гулсум” доман густурд. Дар Муассиса 180 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад. Барои тарбияи онҳо ҳафт мураббии соҳибмалака ба кор ҷалб гардид.
Муассисаи таҳсилоти томактабии “Гулсум” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Атохоҷа Лутфулло Баракатулло ба маблағи 4 миллиону 730 ҳазор сомонӣ сохта шуд.

Муаррифии чор лоиҳаи корхонаи нави саноатӣ
17-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода сардхонаи хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ доданд, ки иншоот аз тарафи соҳибкор – роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020» Урунбой Нурматов, дар масоҳати 0,2 гектар бунёд гардид. Сардхонаи навсохт дорои таҷҳизоти муосири худидоракунӣ буда, барои нигоҳдории 2000 тонна меваю сабзавот пешбинӣ мешавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро барои бунёди чунин иншооти замонавӣ муҳим номида, ба масъулони соҳа супориш доданд, ки бо мақсади таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва пешгирӣ аз талафёбии маҳсулоти зудвайроншаванда шумораи сардхонаҳои муосирро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёд намоянд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани сардхона даҳ сокини деҳаи Ғайрат ба кор таъмин гашт. Ҳоло дар сардхона ба миқдори зарурӣ ангури аълосифати хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020» захира шудааст, ки ҳамарӯза муштариён аз ин ҷо харид мекунанд. Айни замон дар 87 хоҷагии деҳқонии шаҳри Турсунзода сардхона бо ғунҷоиши зиёда аз 24 ҳазор тонна маҳсулот амал менамояд, ки дар он 500 нафар кор мекунад.
Мувофиқи маълумот, хоҷагӣ дар ихтиёр 22 гектар замин дорад, ки қисми зиёди онро боғу токзор ташкил медиҳад. Ҳамасола саҳмдорони хоҷагӣ, бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ, аз шаш навъи ангур ҳосили беш аз 600 тонна маҳсулот ба даст меоранд.
Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз гармхонаи доимамалкунандаи хоҷагӣ дидан карданд. Масоҳати гармхона 54 садякро ташкил дода, дар он кучати сабзавот ба тариқи обмонии қатрагӣ парвариш меёбад.
Иттилоъ доданд, ки хоҷагидорон аз кишти асосӣ ҳосили 30 тонна помидор ва 70 тонна бодиринг гирифтанд. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 35-40 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳоло дар кишти такрорӣ ҳосили бодиринг фаровон асту ҳамарӯза саҳмдорон онро ҷамъ оварда, ба харидорон пешниҳод мекунанд. Сокинони шаҳри Турсунзода, бо мақсади баланд бардоштани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини фаровонҳосилӣ, аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, баробари беҳсозии сатҳи зиндагӣ, дар корҳои ободонӣ саҳм мегузоранд.
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020» Урунбой Нурматов якҷо бо фарзандонаш аз ҳисоби фоида дар деҳоти Ҷӯра Раҳмон мактаби замонавӣ, бунгоҳи саломатӣ ва 1,5 километр роҳ бунёд карда, барои сокинони деҳаи Ғайрат хатти об кашиданд ва оянда нақша доранд, ки коргоҳи нави коркарди меваю сабзавот бо таъсиси 40 ҷойи кор бунёд намоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон ва сокинони заҳматкаши шаҳри Турсунзода суҳбат намуда, онҳоро ба истифодаи боз ҳам самараноки заминҳои корами кишоварзию наздиҳавлигӣ, захираи хӯрокворӣ ва вусъат бахшидани корҳои саҳроӣ ҳидоят сохтанд. 
Роҳбари давлат пас аз ифтитоҳи сардхона ва боздид аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020», корхонаи истеҳсоли хишт ва лӯлаҳои пластикии ҶДММ «Нигора»-ро ба таври видеоӣ ифтитоҳ намуданд. Дар корхона дар як сол 4,6 миллион дона хишти пухта ва 36 тонна лӯлаҳои пластикии гуногунқутр истеҳсол шуда, 30 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин мегардад. Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои нави иншооти соҳаи саноат шинос шуданд. Иттилоъ доданд, ки давоми ду соли оянда дар шаҳри Турсунзода баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат, чор корхонаи нави саноатӣ бо харҷи зиёда аз 275 миллион сомонӣ бунёд мешавад.
ҶДММ «Амиго», марҳалаи дуюми ҶДММ «Алюмин Проф», ҶСП «Саноати алюмин» ва ҶДММ «Алюминийи аввалин» корхонаҳои сохташаванда мебошанд, ки бо саҳми соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд мегарданд. Баъди ворид ва насби технологияи муосир дар корхонаҳо истеҳсоли маводи маъдании изолиатсионӣ, лӯлаҳои алюминӣ, маҳсулоти пластикӣ, профил ва конструксияҳои бинокорӣ пурра бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ – алюминийи аввалияи ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик» ба роҳ монда хоҳад шуд.
Тавре зикр гашт, ҳоло мувофиқи лоиҳа корҳои сохтмонӣ дар чор иншооти соҳаи саноат идома дорад. Пас аз пурра ба фаъолият оғоз намудани корхонаҳо, наздики 400 нафар бо кор таъмин мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти бунёди корхонаҳои нав муҳим арзёбӣ карда, таъкид доштанд, ки дастгирии фаъолияти бахши хусусӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дорад ва онҳо бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои пешбинишуда имкон доранд, ки саҳми худро дар рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ гузоранд.

Ифтитоҳи бинои нави МТХ «Бибиоиша» 
17-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода, бинои нави Муассисаи томактабии хусусии «Бибиоиша»-ро дар деҳаи Заркамар 1-и деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмон мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти навбунёд аз ҷониби роҳбари хоҷагии деҳқонии ангурпарварии "Боғи Сомон" Маҳмадамин Камолов – писари боғпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ, шодравон Ҳоҷӣ Камол Мадумаров, дар пайравӣ ба сиёсати созандаву бунёдкорона ва маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати 0, 46 гектар  бунёд ёфт.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони бинои кӯдакистон моҳи январи соли равон оғоз ёфта, дар муддати камтар аз даҳ моҳ бо сифати баланд ва шароити замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иншооти навбунёди таълимӣ, ки дуошёна мебошад, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани аз 300 то 350 кӯдак пешбинӣ шуда, барои кор бо онҳо 20 мураббияи соҳибтаҷриба ва ёрдамчиёни мураббияҳо ҷалб шуданд. Шумораи умумии кормандон дар Муассисаи томактабӣ ҳоло 30 нафарро ташкил дода, дар сурати зиёд гардидани тарбиятгирандагони боғча, шумораи кормандон аз ҳисоби мураббияҳо меафзояд.
Муассиса дорои 50 хуҷраи барҳавои машғулиятгузаронӣ, хобу истироҳат, ошхона ва иншооти ёрирасон буда, ҳар кадом бо таҷҳизоти зарурӣ ва аёниятҳо муҷаҳҳаз аст.
Бинои навбунёд бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ низ пайваст мебошад. Тамоми синфхонаҳои машғулиятгузаронӣ ва деворҳои Муассисаро бо расму мусаввараҳои ҷаззобу диданӣ, ки ҳамагӣ ифодагари дунёи рангини кӯдаконанд, оро доданд. Дар Муассиса раванди таълим ва машғулиятҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои ташаккули зеҳнии кӯдакон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, тамоми тадбирҳо андешида мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомшуда ва имкониятҳои фароҳамгардида баҳои баланд дода, бунёди онро дар сатҳи маҳал ташаббуси оқилонаву зарурӣ ва кори хайру савоб арзёбӣ намуданд. Саҳни бинои Муассисаи томактабии хусусии «Бибиоиша» сабзу гулкорӣ шуда, роҳравҳои он пурра сафолакпӯш гардиданд. Насби муҷассамаи ҳайвоноти гуногун дар саҳни бино, ки ифодагари табиати бою рангини Тоҷикистон мебошад, барои бедор сохтани ҳисси зебоиписандии дӯстрӯякон ва муносибати дурусти онҳо бо табиат муассир аст. Ҳамзамон, дар саҳни бино ду айвончаи тобистона ва атраксионҳо барои бозии кӯдакон мавҷуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо масъулон ва омӯзгорони боғчаи мазкур, онҳоро ба таълими босифат, омӯзиши донишҳои муосир ва тарбияи кӯдакон дар руҳияи ватандӯстӣ ҳидоят намуданд.

Боздид аз боғҳои ангур дар хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” 
17-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз боғҳои ангури хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” боздид намуданд.
Хоҷагӣ соли 2008 дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи боғпарвари шинохта марҳум Камол Мадумаров дар масоҳати беш аз 500 гектар бунёд ёфт.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи зарфиятҳои фаровони аграрии минтақа, аз ҷумла обу замин ва саҳмгузории бештар дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, маслиҳатҳои судманд доданд. Хоҷагӣ зиёда аз 1100 саҳмдор дошта, теъдоди коргарони доимиву кироя ҳангоми авҷи корҳои саҳроӣ ба бештар аз 4 ҳазор нафар мерасад. Инчунин, ин шабу рӯзҳо заминҳои хоҷагӣ барои тоҷирони маҳаллӣ низ ҷойи кор дониста мешавад, зеро дар мавсими ҷамъоварии ҳосил харидорон бамаротиб зиёд мегарданд.
Роҳбарияти хоҷагӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни замон дар токзор бештар аз 10 намуди ангури ба иқлими маҳал мувофиқ, аз ҷумла “Ҳусайнии сиёҳ”, “Ҳусайнии сафед”, “Ғалаба”, “Шоҳона”, “Пешпазак”, “Кишмиши сафед”, “Кишмиши сиёҳ”, “Президент”, “Аватар”, парвариш мешаванд. Мувофиқи дурнамои истеҳсолӣ, саҳмдорони хоҷагӣ имсол нисбат ба солҳои қаблӣ ҳосили бештар гирифтанд. Бо назардошти таъсири манфии сардиҳои мавсими гузашта, саҳмдорони хоҷагӣ талош намуданд, ки бо иҷрои меъёру қоидаҳои агротехникӣ, махсусан барқарор кардани майдони боғҳо, фаровонии ҳосилро қариб ба ҳаҷми истеҳсолоти солҳои 2021-2022 баробар созанд. Хоҷагидорон, пеш аз ҳама, барои таъминоти бозори истеъмолии дохилӣ талош карда, боқимондаи ҳосилро ба хориҷи кишвар содирот мекунанд.
Ба хотири тақвияти иқтидори содиротӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза, дар ҳудуди хоҷагӣ барои нигоҳдории зиёда аз ҳазор тонна маҳсулот сардхонаҳои замонавӣ бунёд гардидааст. Маҳсулот дар сардхонаҳо то оғози боришот захира мешавад. То имрӯз дар ҳамаи сардхонаҳои шаҳри Турсунзода дар ҳаҷми 5800 тонна ангур захира шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки фаъолияти сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот васеъ ба роҳ монда шавад, зеро ин воситаи асосии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар тамоми фасли сол буда, сифати маҳсулот дар сардхона коҳиш намеёбад.
Шаҳри Турсунзода минтақаи муҳими аграрии Тоҷикистон буда, ҳамаи бахшҳои кишоварзӣ, махсусан боғу токпарварӣ, рушд кардааст. Ҳоло дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр зиёда аз 4100 гектар токзор мавҷуд мебошад. То имрӯз дар шаҳри Турсунзода 26 ҳазору 320 тонна ангур ҷамъ оварданд, ки аз он 11 ҳазор тоннааш ба хориҷи кишвар содирот шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ангурзор ба самараи кори ин хоҷагии пешқадам баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки меъёрҳои боғдории суннатӣ ва ҳозиразамони боғпарварони соҳибтаҷрибаи ин хоҷагии овозадор дар миёни аҳолӣ бештар тарғиб шавад.

Боздид аз хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” дар шаҳри Турсунзода
17-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Ҳоҷӣ Неъмат» дидан намуда, бо намоиши маҳсулот, аз қабили навъҳои гуногуни ангур, мавизи хушсифат, ширинии аз ангур омодашуда, сабзавот ва дигар зироати кишоварзӣ, шинос шуданд.
Ангури «Шоҳона», «Президент», «Ҳусайнии сафед», «Ҳусайнии сиёҳ», «Ғалаба», «Кардинал», «Пешпазак»,  «Аватар», «Велес» ва дигар навъҳо, ки ба намоиш гузошта шуда буданд, дар хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Ҳоҷӣ Неъмат» парвариш гардида, талабот дар дохил ва хориҷи мамлакат ба онҳо зиёд аст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иттилоъ доданд, ки хоҷагӣ дар ихтиёри худ 100, 74 гектар токзори ҳосилдиҳанда  дорад.  Дар хоҷагӣ 164 саҳмдор кор мекунад.
Роҳбарияти шаҳри Турсунзода ва хоҷагиҳои деҳқонии он бо истифода аз ҳузури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки пойтахти кишварро дар чор фасли сол ба тамоми маҳсулоти кишоварзӣ таъмин мекунанд. Барои ин тамоми имкону захираҳо мавҷуд аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки миёни шаҳри Душанбе ва шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои водии Ҳисор барои таъмини аҳолии пойтахт бо маҳсулоти хушсифат қарордодҳои лозимӣ баста шаванд.
Имсол низ қатъи назар аз таъсири манфии сардиҳои соли қаблӣ, бо истифода аз таҷриба ва усулҳои санҷидашудаи парвариш, саҳмдорони хоҷагӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Ҳосил аз ҳар гектар боғ вобаста ба навъҳо аз 30 то 40 тоннаро ташкил дод. Токзорро, асосан, ангури навъҳои «Ҳусайнии сафед», «Ҳусайнии сиёҳ» ташкил мекард, акнун бинобар талабот ба навъҳои боз ҳам беҳтари ангур саҳмдорони хоҷагӣ марҳала ба марҳала бо роҳи пайвандкунӣ онҳоро ба ангурҳои “Велес ” ва “Аватар” табдил дода истодаанд. Барои таҷриба навъҳои дигари баландҳосил низ дар ҳоли озмоиш аст.   
Аз фаровонии навъҳои ангури «Аватар» ва «Кардинал», ки ҷамъоварии он низ дар хоҷагӣ идома дорад,  аён аст, ки ин навъҳои воридотӣ, аллакай, ба иқлим мутобиқ шудаанд ва ҳосили баланд дода истодаанд. Муассиси хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” деҳқони ботаҷриба ва токпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ Неъмат Усмонов мебошад. Ҳамасола чун мактаби таҷриба дар ин хоҷагӣ машғулияти амалии саҳроӣ барои дигар ангурпарварон баргузор мешавад. Ҳадаф аз роҳандозии ин тадбир, хубтару беҳтар аз худ намудани нозукиҳои бунёди боғу токзор буда, ба ин восита, барқарор ва васеъ кардани боғҳои ангур дар мамлакат мебошад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соли ҷорӣ дар баробари таъмини бозори дохилӣ, аз хоҷагӣ 30 дарсади ҳосили умумии боғҳо содирот гардида, ин раванд идома дорад. Бо мақсади беталаф нигоҳ доштани маҳсулот ва дар ҳамаи фаслҳои сол ба мардум пешниҳод кардани ангури тару тоза, дар ҳудуди хоҷагӣ сардхонаи замонавӣ бунёд гардида, ғунҷоиши он 700 тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин сардхона низ ба қадри кофӣ ангур нигоҳдорӣ мешавад.
Таҷрибаи наве, ки тайи солҳои охир дар  хоҷагӣ ҷорӣ шудааст, хушк кардани ангур мебошад, ки бо риояи технологияи махсус амалӣ мегардад. Имсол низ саҳмдорони хоҷагӣ  аз 40 тонна ангури тару тоза 10 тонна мавизи хушсифат гирифтанд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки агар саҳмдорони хоҷагӣ солҳои қаблӣ, асосан, ангури навъи “Ғалаба”-ро хушк карда, ба хориҷи кишвар ва бозорҳои дохили ҷумҳурӣ мебароварданд, имсол ба таври таҷриба ангури навъҳои «Велес», «Президент», «Шоҳона» ва «Аватар»-ро хушк намуданд.
Хоҷагидорон нақша доранд, ки дар оянда ба таври васеъ хушккунии ангур аз навъҳои «Аватар» ва «Велес»-ро ба роҳ монанд. Бино ба натиҷаи таҷриба, аз ин навъи ангурҳо мавизи хушсифат ба даст оварда шудааст.
Бо коркарди ангур ва истеҳсоли мавиз самараи иқтисодӣ зиёд гардида, дар баробари таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои иловагии корӣ, даромади бештар  ба даст оварда мешавад. Аз 4 килограмм ангур 1 килограмм мавизи хушсифат ҳосил мешавад. Мавизи истеҳсолгардида то 100 сомонӣ ва баъзе аз навъҳо бо нархи  бештар фурӯхта мешавад. Мавиз бо ду усул: офтобӣ ва соягӣ омода мегардад.
Бо назардошти иқлим ва шароити мусоиди кишвар, заҳматкашони хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” усули офтобиро интихоб намудаанд. Ба ақидаи онҳо, мавизи дар офтоб хушкшуда назар ба усули соягӣ зудтар омода мегардад ва хуштаъму босифат аст. Ҳадафи ба роҳ мондани хушкнамоии ангур бо чунин усул рақобатпазир гардондани маҳсулоти ватанӣ ва роҳ ёфтан ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад. Яке аз самтҳои дигари фаъолияти хоҷагӣ ниҳолпарварӣ мебошад. Дар 0,35 гектар замин парвариши ниҳоли дарахтони ороишию сояафкани нодир ва мевадиҳанда, ки ба иқлими Тоҷикистон мувофиқ мебошанд, ба роҳ монда шудааст.
Бо роҳнамоиҳои Сарвари давлат ва ҷиҳати дастгирии сиёсати инсондӯстонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти хоҷагии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” дар амалӣ кардани амалҳои хайр низ саҳми назаррас доранд. Хоҷагӣ дар бунёду навсозии роҳу пулҳо, корҳои соҳилбандӣ, таъмир ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва ободонии маҳал саҳм мегузорад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон суҳбати самимӣ ороста, барои истеҳсоли навъҳои ангур, ҷорӣ намудани усулҳои нави парвариш, марҳала ба марҳала коркарди бештари ангур, таъсиси иловагии ҷойҳои нави кор, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва боло бурдани иқтидори содиротӣ, анҷоми корҳои хайр ва ҳиссаи назаррас гузоштан дар ободонии як гӯшаи диёр ба саҳмдорон ва роҳбарияти хоҷагӣ изҳори сипос намуданд.
Ҳамин тавр дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода, бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Турсунзода, бинои таълимии Литсей-интернат барои кӯдакони болаёқати шаҳри  Турсунзода барои 1000 хонанда дар ду баст, сардхонаи хоҷагии деҳқонии “Ғайрат-2020”, се муассисаи томактабӣ барои 700 кӯдак, 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 3500 хонанда дар ду баст ва корхонаи хиштбарорӣ ва лӯлаҳои пластикии ҶДММ “Нигора” бо иқтидори 4,6 миллион дона хишт ва 3 тонна лӯлаҳои пластикӣ дар як сол ба  истифода дода шуд.
Дар ҷараёни сафари корӣ ба Сарвари давлат лоиҳаҳои сохтмони корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла марҳалаи дуюми ҶДММ “Алюмин Проф”, лоиҳаи сохтмони ҶДММ “Амиго”, ҶДММ “Алюмини аввалин” ва “Саноати алюмин” муаррифӣ карда шуд. Бо бунёди корхонаҳои мазкур боз барои зиёда аз 400 нафар шаҳрвандон ҷойҳои корӣ таъсис дода мешавад. Ин соҳибкорон, ҳамчунин, уҳдадорӣ гирифтанд, ки барои нигаҳдории беш аз 6,5 ҳазор тонна меваю сабзавот сардхонаҳои нави муосир бунёд менамоянд.
Дар ҳошияи сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода, ҳамчунин, панҷ иншооти таъиноташ гуногун, аз ҷумла бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 барои 192 хонанда дар ду баст, маркази савдо бо 300 нуқтаи савдо дар маҳаллаи 5-уми шаҳр, марҳалаи дуюми бозори “Ҷаҳони Бозургон" бо 1000 нуқтаи савдо, бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо 192 хона дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, дармонгоҳҳои хусусӣ дар кӯчаҳои “15-солагии Истиқлолият” ва “Аҳамади Дониш” мавриди истифода қарор гирифтанд, ки дар онҳо, дар маҷмуъ, зиёда аз 1500 нафар  бо ҷои кори доимӣ таъмин шуд.
Дар баробари ин, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 61 км роҳҳои маҳаллӣ асфалтпӯш ва 18 км роҳҳо бетонпӯш шуданд.

Санаи нашр: 18.10.2024 №: 206
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив