ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН
Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,
Норанҷу нору арғувон овард аз ҳар ноҳия.
Манучеҳрии Домғонӣ
Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон сипосгузор аз он аст, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати куҳанбунёдамон таърихи гузаштаи худро аз нав эҳё намуда, аз фарҳангу тамаддуни пурғановати аҷдодиамон баҳравар гардид.
Бо муаррифӣ гардидани Ҷашни Меҳргон ҳамчун иди миллӣ сафҳаи нави таърихи қадими тоҷикон боз гардида, пеш аз ҳама, Меҳргон баёнгар аз он шуд, ки зиёда аз чаҳор ҳазор сол пеш миллати мо дорои тамаддуни баланди зироаткорӣ буду ҳамасола айёми ҳосилғундориро бошукӯҳ ҷашн мегирифт. Дар ин замина, таҷлили Ҷашни хуҷастаи Меҳргон бо расму анъанаҳои хоси худ баёнгари донишу малака ва таҷрибаи бузурги зироаткории тоҷикон аст. Таҷрибаи баланди зироаткорӣ дар навбати худ, нишон доштани тамаддуни пурғановати шаҳрсозиву шаҳрдории тоҷикон мебошад. Хуллас, Ҷашни Меҳргон аз доштани тамаддуни баланди давлатдории тоҷикон шаҳодат медиҳад ва баёнгари он аст, ки маърифати барҷастаи ҷаҳоншумуламон бо сипарӣ намудани пастию баландиҳо, бемисл аст ва то ба имрӯз тарбиятгару раҳнамои оламиён мебошад:
Ба рӯзи хуҷаста сари меҳрмоҳ,
Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.
Замона бе андуҳ гашт аз бадӣ,
Гирифт ҳар кас раҳи бихрадӣ.
Дил аз довариҳо бипардохтанд,
Ба ойин яке ҷашни нав сохтанд.
Нишастанд фарзонагон шодком,
Гирифтанд ҳар як зи ёқут ҷом.
Абулқосим Фирдавсӣ
Аҳли кишоварзу зироатпарвар, хусусан, адибону зиёиёни диёрамон ин наҷобату бузургиҳои миллиамонро эҳсос намуда, онро дар осори худ тараннум кардаанд. Аз ҷумла, устод Султонмуроди Одина мегӯяд:
Аз Фаридун монда мерос ин ҷилои Меҳргон,
Аз дирафши Ковиёнӣ омада то ин замон.
Иди нусрат, иди қудрат, иди покӣ бошад он,
Рамзи серию саодат ояд аз ӯ бар ҷаҳон.
Ҷашнгирии Меҳргон моро ҳушдор медиҳад, ки дар баробари авзои тағйирёбандаи иқтисодӣ ва камбудию фаровонии сабади озуқаворӣ дар масъалаи таъмини амнияти ғизоӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ сари вақт чораандешӣ намуда, ба он дурандешона назар намоем. Вазифаи ҳар як деҳқон ва масъулини соҳаи кишоварзӣ, бахусус олимон, дар чунин шароит аз он иборат аст, ки ҷиҳати таъмини мардум ва бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза ва хушсифат тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як паёми хеш ба муносибати Ҷашни Меҳргон таъкид доштанд: “Ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, яъне истифодаи самараноки обу замин, технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва бо ҳамин роҳ зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ вазифаи муҳимтарину аввалиндараҷаи мо дар вазъияти кунунӣ мебошад”.
Албатта, ин гуфтаҳо, қабл аз ҳама, олимони кишоварзро муваззаф месозад, ки барои Ватани азиз ва мардуми он ҳамеша роҳу усулҳои навро ҷиҳати фаровонии ҳосил дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ мавриди истифода қарор диҳанд.
Олимону мутахассисони Институти зироат-корӣ солҳои зиёд аст, ки бо як неруи қавӣ дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус тухмипарварии ватанӣ, фаъолият намуда, ба дастоварду пешрафтҳои назаррас ноил гардидаанд.
Таърихи пурғановати иди Меҳргон руҳияи зироаткорон ва олимону муҳаққиқони соҳаро баланд бардошта, барои ба даст овардани муваффақиятҳо заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Аҳли олимону муҳаққиқони зироатпарвару кишоварзи кишвар аз сиёсати дурандешонаю хирадмандонаи Сарвари муаззами ҷумҳурии азизамон ифтихор намуда, ба худ вазифа гузоштаанд, ки бо заҳмату талошҳои самимона дар баробари рушди таҳқиқоти илмӣ ва комёбиҳои нави истеҳсолӣ, мероси гаронбаҳои илмию фарҳангии ниёгонамонро чун гавҳари чашм эҳтиёт кунанд ва баҳри рушду густариши соҳа саҳми назаррасе гузоранд.
Бигзор дар дастархони ҳамдиёрони азизам ҳамеша фаровонӣ, файзу баракат бошад!
Қосим ТОИРЗОДА,
директори Институти зироаткории
Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон