ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ. БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН

ВМКБ. БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН

21 октябр 2024, Душанбе
18
0


Шарифхон Сафарзода, муовини якуми раиси вилоят, дар суҳбат ба хабарнигори  рӯзномаи  “Ҷумҳурият”  иттилоъ дод, ки  имсол шаҳру деҳоти вилоят ба мавсими тирамоҳу зимистон нисбат ба солҳои пеш  омодагии хуб дидаанд. Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми марти соли 2024  “Дар бораи  сари вақт омода намудани  соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ  барои фаъолияти мунтазам  ва самарабахш дар давраи  тирамоҳу зимистони солҳои  2024-2025”  ҳанӯз моҳи апрели соли равон қарори дахлдори  раиси вилоят ба тасвиб расида, иҷрои он тибқи нақшаи чорабиниҳо оғоз гардид. 
Мувофиқи маълумоти раёсати иқтисод, савдо ва ояндабинии вилоят, барои таъмини аҳолӣ дар мавсими тирамоҳу зимистон бо маводи озуқа дар бозорҳо ва сардхонаҳо захира кардани  зиёда аз 10743 тонна орд, 1279 тонна равған, 3148 тонна биринҷ, 1302 тонна шакар, 7941 тонна картошка, 3028 тонна пиёз, 15867 қутии шартӣ консерва пешбинӣ гардидааст. То ба ҳол  ба андозаи 89 фоизи нақша орд, 76,2 фоиз равған, 91 фоиз биринҷ, 78 фоиз шакар захира шудааст. Аз ҷониби  Корхонаи фаръии “Захира дар Бадахшон” то имрӯз 746 тонна орд, 28 тонна гандум, 33 тонна равған, 17,7 тонна биринҷ, 53,3 тонна шакар, 12,2 тонна макарон, 11,1 тонна марҷумак, 6,5 тонна нахудмайда ва дигар намуди маҳсулоти хӯрокворӣ дар маҳалҳои дурдаст захира гардидааст.
Вобаста ба таъмини муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар муассисаҳои бахши иҷтимоӣ бо маводи озуқа ва  сӯзишворӣ дар мавсими тирамоҳу зимистон тадбирҳои саривақтӣ андешида шуданд. Ин муассисаҳо то ҳол  ба андозаи 100 фоизи нақша бо ангишт ва 94,4 фоиз  ҳезум таъмин шуда, кор дар ин самт идома дорад. Хароҷоти маблағҳои ба ин мақсад пешбинигардидаи буҷет  89 фоизи нақшаро ташкил дода, маблағгузорӣ  марҳала ба марҳала идома меёбад.
Мониторинги охирини омодагӣ ба фасли сармо, ки аз ҷониби  гурӯҳи кории  Ҳукумати  ҷумҳурӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва идораву муассисаҳои вилоятӣ гузаронда шуд, муайян кард, ки кор дар ин самт хуб ба роҳ монда шуда, аҳолии вилоят низ бо сӯзишворӣ ба таври кофӣ таъмин гардидааст. Дар шаҳри Хоруғ ва деҳоти  вилоят даҳҳо нуқтаҳои фурӯши  гази моеъ ва ангишт дари худро ба рӯйи мизоҷон кушодаанд. Нуқтаҳои дурдасти аҳолӣ ба ҳамаи маводи ниёзи аввал дастрасии пурра доранд, ки дар ин самт имсол намояндагии  Агентии  захираҳои модии давлатӣ дар ВМКБ, ҷамъияти матлуботи вилоят ва соҳибкорони алоҳида, ҳамчунин, баъзе вазорату кумитаҳои ҷумҳуриявӣ ташаббуси бештар нишон доданд.   
Муовини аввали  раиси  ВМКБ зикр кард, ки шуъбаи Хадамоти оташнишонӣ ва сохторҳои он, муассисаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, шуъбаи беҳдошти замин ва обёрӣ,  сохторҳои раёсати кишоварзӣ  низ  ба мавсими тирамоҳу зимистон хуб  омода шудаанд. 

Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 21.10.2024 №: 207
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив