ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАВЛАТМАНДИ ХОЛ.  САФАРЕ БА ҶОВИДОН

ДАВЛАТМАНДИ ХОЛ.  САФАРЕ БА ҶОВИДОН

21 октябр 2024, Душанбе
11
0


Имрӯз ҷои ӯ дар саҳнаи ҳунар холист. Акнун садои қавию марғуладори ӯро дар маҳфилу базмҳои хоса ва ҷашну маҷолиси бошукӯҳ намешунавем...

Давлатманди Хол бо ҳунари волову садои гирои худ чандин даҳсолаҳо муаррифгари фарҳангу ҳунар ва миллату сарзамини Тоҷикистон дар арсаи  ҷаҳон буд. 
Ошноии ман бо ин хунёгари асилу беҳамто аз овони донишҷӯӣ оғоз шуда. Он солҳо шуҳрату маҳбубияти Давлатманд аз маҳдудаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон аллакай фаротар рафта буд. 
Соли 1978 аз Донишкада фориғ шудем. Ман ба театри Лоҳутӣ ба кор омадам ва ӯ ба Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Сайидалӣ Вализода роҳхат гирифт. Ҳар гоҳе, ки ба шаҳру вилояти собиқи Кӯлоб ба сафари ҳунарӣ мерафтем, ба шарофати дидорбинию меҳмониҳои хоса аз корҳои ҷадиди Давлатманди Хол ва роҳнамою устоди ормонияш Одина Ҳошим воқиф мегаштем.
 Дар канори суруду оҳангҳои ҳирфаӣ ва суннатӣ Давлатманд бо меҳру садоқати хос барои эҳё ва такмили мусиқии фалак ва сабку анвои  гуногуни фалаксароӣ талош мекард. 
Саранҷом, соли 1990 бо кӯшишу ибтикори Давлатманди Хол, таҳияву коргардонии устод Убайдуллои Раҷаб ва ҳимояту дастгирии Абдулло Бобоев (нахустин роҳбари ансамбли навтаъсиси “Фалак”) дар Кохи фарҳанги шаҳри Кӯлоб нахустнамоиши барномаи басо рангину ҷолиби  “Фалак” баргузор шуд. Хушбахтона, банда яке аз нахустин тамошобинони  он будам ва дар ҷараёни иҷрои барнома борҳо хандидаму гиристам...
Ёд дорам, дар нахустнамоиши “Фалак” иддае аз меҳмонони хориҷӣ ва ҳамзабонони бурунмарзии мо низ ҳузур доштанд. Аз барномаи “Фалак” онҳо  гарм истиқбол карданд, зеро имконеро барои онҳо фароҳам овард, то ба умқи  зиндагӣ, фарҳанги рӯзгордории мардуми кӯҳистони Тоҷикистон, қалби софу самимӣ, покии нияту андеша, дарёдилӣ ва меҳмоннавозӣ сарфаҳм раванд  ва бо расму ойин ва рангу ҷилои ҳунарҳои мардумӣ ошно шаванд. Ҳар кадоме аз онҳо бо эҳсосоту ҳаяҷон таассуроти худро аз барномаи дидаашон баён медоштанд. 
Фалакхонии Давлатманди Холу ёронаш, рақси мардонаи бобои Ятими  70-сола, ҳунару истеъдоди волои раққосаи моҳир Хайрӣ Ватанова шукӯҳу шаҳомати  намоиши “Фалак”-ро даҳчанд  афзуд ва ҳозиронро ба ваҷд оварда буд. 
 Намоиши “Фалак” дар Ҷашнвораи театрҳои ҳирфаии ҷумҳурӣ “Парасту-1990” баҳои баланди тамошогарон ва доварони озмунро сазовор шуд. 
Намоише, ки меҳвари аслии он, муваффақияту неруи таъсиргузор ва ҳадафрасаш бидуни шак, шукӯҳи ҳунар, истеъдоду маҳорати худододаи овозхонию навозандагӣ ва садои қавию расои Давлатманди Хол буд. 
Тобистони соли 1996 дар шаҳри Душанбе нахустин Ҷашнвораи байналмилалии “Фалак” баргузор шуд, ки дар он ҳунармандони зиёде аз кишварҳои ҷаҳон, хусусан ҳамзабонони мо аз Эрону Афғонистон, бо беҳтарин таронаю оҳангҳои мардумӣ ва бо сабку шеваҳои мухталифи иҷрои мусиқии шифоҳӣ ширкат карданд. Ҳамон сол Меҳдии Ҷомӣ, рӯзноманигори эронӣ ва Шаҳзодаи Самарқандӣ, нависандаи тоҷик, аз рӯзгору фаъолияти ҳунарии устод Давлатманди Хол, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ филми мустанаде ба номи “Чархи фалак” таҳия карданд, ки, бидуни шак, дар муаррифии фарҳангу ҳунари миллии мо ба ҷаҳониён нақши босазое доштааст.
Он гуна, ки дар оғози ин матлаб ишора шуд, маҳорату истеъдоди Давлатманди Хол танҳо бо фалаксароӣ тамом намешуд. Ҳар суруду оҳанги эҷодкардаи ӯ як асари комили мусиқӣ, шоҳкории беназири ҳунари овозхониву ромишгарӣ буд, ки бо ранҷу заҳмати фаровон, меҳру садоқат, сӯхтану сохтанҳо ва азхудгузаштанҳои зиёд офарида шудаанд. Ба ин хотир, онҳо марзҳоро убур карда, дар Машриқу Мағриб тоҷику Тоҷикистонро ба таври шоиста муаррифӣ кардаанд. 
Дар барномаи эҷодии Давлатманди Хол ғазалҳои Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз, Низомӣ, Ҷомӣ, Бедил, Ҳилолӣ, Сайидо ва дигар шоирони классики мо ҷойгоҳи хос доранд. Ба андешаи ман, дар тараннуми ашъори ирфонии Мавлоно ва Ҳофиз ва тавассути суруду оҳанг ифода кардани маънию мафҳумҳои малакутии онҳо, бештар аз дигарон устодон Давлатманди Хол ва Муродбеки Насриддин комёбу муваффақ шудаанд. Давлатманди Хол ба ҳамаи пайравону шогирдонаш ҳамеша таъкид мекард, ки ба умқи маъниҳои ашъор сарфаҳм рафта, онро беғалат тараннум кунанд ва худ дар ин росто хеле сахтгиру масъулиятшинос ва намунаи ибрат буд...
Аз ҳамкориҳои эҷодии ду марди бузург, устодон Лоиқ Шералӣ ва Давлатманди Хол дарахти фарҳангу ҳунари тоҷик пурбортар шуд. Беҳтарин суруду оҳангҳо, беҳтарин олбуми шеъру таронаҳои онҳо тақдими ҳаводорони сухани ноб ва ҳунари асил гардид... 
Бо шарофати дӯстиву бародарӣ бо устод Лоиқ, хунёгари беҳамтои мо Давлатманди Хол яке аз ҷигарбандони худро Лоиқ ном гузошт, ки имрӯз ӯ лоиқи номи худу фарзанди сазовори падар мебошад... 
Соли 1994, ҳангоми аввалин сафарам ба кишвари Эрон, дар шаҳри Машҳад шомгоҳон ба дуконе ворид шудам. Он ҷо дидам, ки дар яке аз шабакаҳои телевизионӣ суруди “Дур машав”-и Давлатманди Хол садо медод. Дар пасманзари суруд тасвирҳое аз манзараҳои зебои диёри мо, ки бо муҳтавои суруд ва ҳикмати ғазали Мавлонои бузург ҳамоҳанг буд, намоиш дода мешуд. Бароям шунидани садои ошно дар телевизиони як кишвари ҳамзабон мояи ифтихору сарбаландӣ буд. Аз дукондор хоҳиш кардам, ки телевизори худро баланд кунад, зеро аз он суруди ҳамватани ман, дӯсти ман ва бародари ман пахш мешавад! Дукондор низ аз шодии ман ба ҳаяҷон омада, бо меҳр посух дод, ки ин овозхони шумо дӯсту бародари мо ҳам ҳаст, садои хушу сурудҳои марғуби ишонро мо ҳам дӯст дорем!
Бале, дар ҳар сафари худ ба Эрон ромишгари тавонову маънисаро ба мардуми соҳибзавқи ин кишвари ҳамзабону ҳамдилу ҳамтақдир бо таронаҳои нав, бо суруду оҳангҳои ҷаззобу дилошӯб паёми меҳру дӯстӣ, ҳикмату андарз ба армуғон мебурд. Дар ҳамаи маҳофилу барномаҳои фарҳангии сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон Давлатманди Хол меҳмони вижа, азизи дилу дидаҳо буд. 
Аз ин лиҳоз, марги хунёгари нотакрори тоҷик мардуми шарифи Эронро низ дар сӯги ӯ нишонд. Дар Эрон ба ёди овозхони маҳбуби Хуросон – Давлатманди Хол, маҳфилҳои бузургдошти поси хотир баргузор карданд, шоирони эронӣ барояш марсия ва сӯгномаҳои пурсӯз навиштанд...
Ман аз ин хунёгари беҳамто ва асил дар ганҷинаи хотираҳоям лаҳзаҳои зиёдеро маҳфуз нигоҳ медорам. Ифтихор мекунам, ки бо устод дар бисёр ҷашну барномаҳои фарҳангӣ ҳамроҳу ҳамнишин ва ҳамсафар будам. Соли 2007 дар чорчӯби рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон устод Давлатманди Хол бо суруду таронаҳои худ қалби мардуми ҳунарпарвари  озариро тасхир кард. Баъд аз иҷрои барнома, дар толори куҳансохти Филармонияи давлатии Озарбойҷон ба номи Муслим Магамаеви шаҳри Боку гурӯҳи моро ба шаҳри бостонии Ганҷа бурданд.
Зиёрати оромгоҳи шоири бузурги форсу тоҷик Ҳаким Низомии Ганҷавӣ бароямон ифтихор буд. Ҳангоме ки дар сари марқади Низомии бузургвор абётеро аз осори ҷовидонааш қироат мекардам, устод Давлатманди Хол бо нафаси қавию тулонӣ аз умқи вуҷудаш ва бо садои нарму гирояш мусиқие замзама кард, ки дар пасманзари қироати ашъор бо акси садо дар фазои оромгоҳ басо созгору мутаносиб афтод... 
Баъд аз иҷрои барномаҳо дар шаҳри Ганҷа, мо дар ноҳияи Евлохи вилояти Ганҷа меҳмон шудем.  Дар майдони марказии ноҳия, дар фазои кушоду зери осмони мусаффо барномаи ҳунарии моро мардуми ноҳия хеле хуб пазируфтанд. 
Ҳамин гуна устод Давлатманди Хол дар бисёр саҳнаҳои бузурги ҷаҳон, дар созмону муассисаҳои бузурги ҷаҳонӣ, дар ҷашнвораҳои байналмилалии мусиқӣ бо маҳорату истеъдоди баланду худододи худ, бо чеҳраву симои тоҷикона ҳунарнамоӣ карда, шарафу эътибор ва фарҳанги миллати тамаддунофари тоҷикро шоиста муаррифӣ кардааст.
Марги ин андалеби шӯридаву хушнавои бустони ҳунар барои миллати тоҷик, барои пайкари ҳунару фарҳанги миллии мо талафоти бузургу  ҷуброннопазире буд. Рӯзи видоъ бо ин хунёгари Машриқзамин ба мотами умумимиллӣ табдил шуд. Он рӯз гӯиё замин мотамзада ва осмон гирифтаю ҳаво абрӣ буд. Шогирдону пайравон, фарзандону бародарони  Давлатманди Хол ва овозхонҳои маъруфи кишвар аз ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон бо марсияҳои ҷигарсӯз дар фироқи устоди устодон – Борбади замон, аз дил нолаву оҳу шеван сар медоданд...
Давлатманди Хол дар умри пурбору арзишманди худ сафарҳои зиёде анҷом дода буд, вале ин дафъа ӯ ба ҷовидон сафар кард, сафаре бебозгашт... Аммо мояи ифтихору сарбаландист, ки аз худ осору ёдгори бебаҳое, таронаву чакомаҳои руҳнавозу дилошӯбе, тасовиру сабтҳои гаронарзише ва мактаби бузурги эҷодии худро ба мерос гузоштааст. 
Пайравону шогирдони ин мактаби ҳунарӣ, хосса ҷигарбандону бародаронаш услубу асос, мақому ҷойгоҳ ва обрӯву эътибори ин мактаби бузурги эҷодиро ҳамеша гиромӣ хоҳанд дошт...
Албатта, хидматҳои шоистаи Давлатманди Хол бо унвону ҷоизаҳо ва мукофотҳои олӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он қадр шудаанд. 
Дар ҳамин радиф пешниҳод мекунам, ки бо ҳадафи арҷгузорӣ ба хидматҳои арзишманду мондагори устод Давлатманди Хол, ансамбли давлатии “Фалак”-и Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳе ки устод ҳудуди бист сол роҳбарии онро бар уҳда дошт, ба номи Давлатманди Хол гузошта шавад.     

Ортиқи ҚОДИР, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон        

Санаи нашр: 21.10.2024 №: 207
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив