ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАНИЖАИ ИЗЗАТУЛЛО:  “СИМОИ МОДАР” МАРО СОҲИБМАҚОМ КАРД!”

МАНИЖАИ ИЗЗАТУЛЛО:  “СИМОИ МОДАР” МАРО СОҲИБМАҚОМ КАРД!”

21 октябр 2024, Душанбе
4
0


Соли равон Манижаи Иззатулло аз ноҳияи Ёвон бо мусаввараи “Симои модар” дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” сазовори мақоми аввал гардид. 
Лоиқи зикр аст, ки рассомӣ  аз хурдсолӣ шуғли дӯстдоштаи Манижа буд. Бештари тасвирҳояш фарогири чеҳраи зани тоҷик ва фарҳангу тамаддуни тоҷикона мебошад. Чун аксари офаридаҳои ӯ бонувонанду ба озмуни эълоннамудаи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” пайвандӣ доранд, суҳбате оростем бо Манижаи Иззатулло доир ба таърихчаи офариниши “Симои модар”.

– Мусаввараи “Симои модар” бархоста аз ғояи худатон аст ё устодон дар ин ҷода ёваратон буданд? 
    – Албатта, дар ҳар як муваффақият саҳми устодон зиёд аст, зеро чуноне Сайидо мефармояд:
   Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
   Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард. 

Аммо идеяи офариниши ин мусаввара аз худам аст. Бояд гуфт, ки ин асари композитсионӣ буда, аз се қисм иборат мебошад: “Духтари тоҷик”, “Хотироти кӯдакӣ” ва “Симои модар”. Расми “Духтари тоҷик”, ки бо либосҳои миллӣ, кокулони дароз дар яке аз манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон гаҳвора меҷунбонад, дар даври ноҳиявӣ соҳиби ҷои аввал шуд. “Хотироти кӯдакӣ” бошад, дар даври дуюм мақоми аввалро касб кард. Он идомаи асари “Духтари тоҷик” буда, яке аз анъанаҳои қадимаро инъикос менамояд: дар ҳавлӣ бибӣ бо модар сари писарчаеро мешӯянд. Ва ниҳоят “Симои модар” бозгӯи рӯзгори модари тоҷик аст, ки бо вуҷуди заҳмату машаққатҳои зиёд метавонад ҳам кадбонуи хона бошаду ҳам дар ҷомеа мавқеъ пайдо кунад. 
– Дар асар ба ғайр аз симои модар чеҳраҳои дигар низ ҷилва доранд. Онҳо фарзандону пайвандони модаранд ё марҳалаҳои гуногуни рӯзгори як занро фаро мегиранд? 
– Асари ман, пеш аз ҳама, сабру таҳаммули зани тоҷикро нишон медиҳад. Аниқтараш, дар он сарнавишти як оиларо ба тасвир кашидаам. Мусаввара бозгӯи он аст, ки модарони тоҷик меҳнаткашанду кори саҳро мекунанд ва бо вуҷуди ин, ба тарбияи фарзандон ҳам машғуланд. Ҳамаи ин дар як асар нишон дода шудааст. Дар он симои чанд зани саргарми зиндагӣ ва ташвишҳои рӯзгор дар як меҳвар мечархад: нотакрору сарнавиштсозу шикастнопазир будани модар. Ҳамзамон, бояд таъкид сохт, ки маро пеш аз “Симои модар” дуои модарам соҳибмақом кард. 
– Мебинем, ки дар мусаввараҳои хеш бештар чеҳра ва вижагиҳои занони муосирро тасвир мекунед. Ба образҳои бонувони пешини мо ҳам таваҷҷуҳ доред?
– Шумо дуруст ишора мекунед. Ба ин ҷиҳати тасвиргарӣ низ бояд руҷуъ кард. Образи Гурдофарид аз “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ намунаи барҷастаи шуҷоату тавоноии зан-модар на танҳо дар адабиёти порсии тоҷикӣ, балки адабиёти ҷаҳон эътироф шудааст. Мо бояд чунин бонувони қаҳрамонро дар асарҳои рассомии хеш тасвир кунем. Модари тоҷик бо сари баланд садҳо фарзандони фарзона, нобиғаҳои бузург ва номбардорони миллати хешро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати поки худ парварда, онҳоро ба хидмати башар раҳнамо шудааст. Модарони тоҷик ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшанд ва мо – эҷодкорон, уҳдадорем, ки дар тасвири фидокориҳои модаронамон бо эҷодиёти худ саҳм гузорем.  
Лола РИЗОӢ, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 21.10.2024 №: 207
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив