ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАНТАНАИ ИДИ МЕҲРГОН ДАР ПОЙТАХТ

ТАНТАНАИ ИДИ МЕҲРГОН ДАР ПОЙТАХТ

22 октябр 2024, Сешанбе
1
0


Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт Иди Меҳргон бо шукӯҳу манзалати хоса баргузор гардид. Дар доираи он, инчунин, фестивалҳои намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ,  намоиш ва фурӯши асал, оши палав, шолию биринҷ, Иди себу ангур ва Озмуни ҷумҳуриявии “Фарҳанги меҳмондорӣ ва дастархонороӣ” бошукӯҳ таҷлил шуд. Базму суруд ва шодмонии мардум як тараф, дастархонороии кадбонуҳо ва мурооти онҳо меҳмонон, бахусус хориҷиёнро шефта мекард. Онҳо ба ин саҳифаи таърихи диёри мо бо ҳавас менигаристанд. 
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, роҳбарон ва намояндагони сохторҳои дахлдор, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, сафирон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
Сулаймон Зиёзода иштирокдорони чорабиниро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди Меҳргон шодбош гуфта, таъкид кард: «Ҷашни Меҳргон дар аввали моҳи меҳр – оғози фасли тирамоҳи зарин таҷлил гардида, он яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод мебошад. Гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир намудаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст».
Меваҳои шаҳдбору сабзавоти лазизи кишоварзон ҳар қадами ҷашнгоҳро зеб медоданд, ки нишон аз дастархони серу пури мардуми тоҷик аст: ба яке себи Рашт писанд меомаду дигаре ба ангури Ҳисор бартарӣ медод, биринҷи Панҷакенту Исфара харидори худро дошту асали Ховалингу Тавилдара комҳоро ширин мекард. Анвои гуногуни оши палав ҳунари баланди таббохии ҳар минтақаро ба намоиш мегузошт. 
Ҳамин тавр, Иди Меҳргон, ки ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ дубора эҳё гашт, ба ҷашни ҳақиқии суруру шодии мардум табдил ёфт. 
Дар фарҷоми чорабинӣ барои фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои шоиста ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Ҷашн кишоварзони пешқадами ҷумҳурӣ бо диплом, сипоснома, мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.

Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 22.10.2024 №: 208
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив