ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭҲТИРОМ БА МОДАР ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

ЭҲТИРОМ БА МОДАР ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

22 октябр 2024, Сешанбе
11
0

 
Зан-модар фариштаи рӯйи Замин, сарчашмаи рӯзгори банӣ-башар, дурдонаи офариниш, хуршеди меҳровар ва устоди нахустини зиндагии инсоният мебошад. Саодати зиндагӣ дар вожаҳои поку муқаддаси «зан» ва «модар» нуҳуфтааст. Дуои неки модар боли бузурги парвоз ба сӯи музаффариятҳост. 
Зан-модар тарбиятгари наслҳо буда, мақоми ӯ дар тамаддуни башарият ва сарнавишти ҳар қавму миллат, хусусан тоҷикон, хеле баланд аст. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ иброз доштанд: «Нақш ва мақоми зан-модар дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки нобиғаҳои олам дар назди зан сари таъзим фуруд оварда, таъкид кардаанд, ки зан-модар офарандаи ҳаёт, эҳёгари зиндагӣ ва илҳомбахши рӯзгори мо мебошад».
Воқеан, модар вуҷуди муқаддасест, ки зиндагӣ аз ӯ маншаъ мегирад; зан-модар олиҳаест, ки ба олам нуру зиё мебахшад. Ҳатто, Худованди бузург дар китоби қудсии хеш Қуръони маҷид сураеро бо номи «Нисо» ҷо дода, эҳтироми занон ва ба онҳо бо некӣ рафтор карданро аз ҷумлаи воҷиботи ҳар як мусалмон фармудааст. Пайғамбари ислом Муҳаммад Мустафо (с) низ дар бузургдошти модар гуфтаанд: «Биҳишт зери қудуми модарон аст».
Модари тоҷик фарзандони фарзонаеро мисли Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Синою Фирдавсӣ, Хайёму Низомулмулк, Носири Хусраву Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Бедил, Зебуннисою Дилшоди Барно, Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафурову Мирзо Турсунзода ва ҳазорон ҳазор номбардори миллатро ба дунё овардааст, ки мояи ифтихори тоҷиконанд.
Модари тоҷик шахсияти барҷастаи таърихиеро мисли Эмомалӣ Раҳмон ба дунё овард, ки бо сулҳофарию сулҳпарварӣ, ватандӯстию худшиносӣ, инсонпарварию адолатхоҳӣ миллати тоҷикро сарҷамъ намуда, давлати тоҷикон ва халқи тоҷикро ҳамчун мардуми адабпарвар, фарҳангсолор, инсондӯст, меҳмоннавоз дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.
Аз ин лиҳоз, ин ҳама бузургию шаҳомати зан-модарро ҳар қадаре тавсиф кунем, кам аст ва пеши илтифоту меҳрубониҳои ӯ оҷизӣ мекашем. Зеро:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Эҳтирому бузургдошти шахсияти зан-модар аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар таҷлил мегардад. Ин тадбир имкон фароҳам овард, ки мо иди модаронро бо асолати азалиаш эҳё намуда, бо ифтихор собит созем, ки ҳамчун мардуми соҳибтамаддуну хирадпарвар эҳтироми зан-модарро пос медорем.
Дар яке аз суханрониҳои хеш бунёдгузори давлатдории навини тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Зан-Модар посдори забони миллӣ мебошад. Беҳуда халқ забони давлатиро забони модарӣ намегӯяд». 
Бале, ҳақ асту рост. Албатта, вақте як ҷавондухтар соҳиби маълумоти олӣ мегардад, ин шаҳодати он аст, ки як оила ва як ҷамъият соҳибмаърифат мегардад. Зеро зан-модар тарбиятгар аст, ҳидоятгар дар роҳи созандагию бунёдкорӣ ва раҳнамо дар роҳи рост мебошад. Тифли навзод бо аллаҳои ширину гӯшнавози модар ба воя мерасад, кӯдаки хурдсол бо таълимоти ибораҳои дилнавози модар рушд мекунад, ҳар як ҷавон бо дуои неки модар ба зиндагии ободу осуда раҳнамун мешавад ва ҳар пиру барно бо ҳидояти модар дар байни ҷомеа соҳибэҳтиром мегардад.
Дар ин хусус, Президенти мамлакат, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба ифтихори Рӯзи Модар 7-уми марти соли 2013 чунин зикр намуданд: «Зане, ки соҳибмаърифату соҳибҳунар аст, ба масъалаи пешбурди ҳадафҳои ҷомеа низ эҳтироми хос мегузорад, ба ин хотир, ки дар раванди созандагӣ ширкат дорад ва худ дар сохтани ин ҷомеа саҳмгузор аст. Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда, агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд».
Воқеан, тарбияи дурусти кӯдак, соҳибмаърифату соҳибҳунар намудани онҳо ва пойдории ҳар як оила аз заковату хушахлоқии модар сарчашма мегирад. Оила сарчашмаи ҳастӣ ва нахустмактаби инсоният дониста шудааст, ки аввалин устоди он дар пойдориву мустаҳкамии оила ин падару модар аст. 
Дар Паёми шодбошии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8-уми марти соли 1999 чунин зикр шудааст: «Ҷамъияти воқеан мутамаддин, давлати ҳақиқатан ҳуқуқбунёд ва демокративу дунявиро танҳо он вақт сохта метавонем, ки рушди маърифатнокии аҳли ҷомеа, хусусан занону духтаронро баланд бардорем».
Бо такя ба ин суханон метавон иброз дошт, ки таъсиси Квотаи президентӣ барои духтарони деҳоти дурдаст ва навоҳии кӯҳистон барои таҳсил дар муассисаҳои олии таълимӣ, стипендияҳои президентӣ ва номии раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои ҳавасмандсозии духтарони лаёқатманд, стипендияи «Дурахшандагон» барои таҳсил дар хориҷи кишвар, интихобу пешбарӣ кардани занону духтарони фаъол ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва хизмати давлатӣ, иштироки онҳо дар корҳои сиёсию ҷамъиятӣ, инчунин, сохтмону бунёди корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ, дӯзандагию бофандагӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ, биноҳои истиқоматӣ барои оилаҳои ҷавон, хобгоҳҳои замонавӣ барои донишҷӯдухтарон, ташкили маҳфилҳои гуногуни илмию фарҳангӣ ва дигар тадбирҳои судманд далели возеҳи дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рушди иҷтимоии занону духтарон мебошад.
Дарвоқеъ, имрӯз ҷомеаи мо ба бонувони соҳибмаърифату қавиирода эҳтиёҷ дорад. Сарвари давлатамон ҳамеша дар баромадҳояшон нақши арзандаи занонро дар пешбурди сиёсати устуворонаи давлату Ҳукумат бамаврид арзёбӣ менамоянд ва мақоми зан дар ҷомеаро арҷгузорӣ карда, чунин гуфтанд: «Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан-модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ, бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».
Моро зарур аст, ки ин ғамхориҳои Ҳукумат ва Сарвари давлатро аз мадди назар дур накарда, баҳри созандагию ободии кишвари хеш пайваста кӯшиш намоем, ба қадри ҳар қатра обу ҳар зарра хоки ин сарзамини биҳиштосо бирасем, неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлоли миллиро ҳифз кунем, муқаддасот ва арзишҳои фарҳанги миллиро гиромӣ дорем, баҳри тарбияи дурусти насли ояндасози миллат ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа, бахусус занону духтарон, тамоми заҳмату кӯшиши хешро сафарбар сохта, ба халқу Ватан содиқона хизмат намоем.

Бунафша ФАЙЗИДДИНЗОДА, 
раиси Кумитаи 
кор бо занон 
ва оилаи назди Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 22.10.2024 №: 208
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив