Таъсиси гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Гана
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо ҳайати Ҷумҳурии Гана таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ион Кваку Амиратвум Сарпонг мулоқот намуд.
Аз Маҷлиси намояндагон ба мо иттилоъ доданд, ки зимни вохӯрӣ раванди таъсиси гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Гана мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо, ҳамзамон, дар атрофи масъалаҳои муҳими қонунгузорӣ, ки ба амнияти обу энергетика ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ мусоидат мекунанд, андеша ронданд.
Ба имзо расондани созишномаҳои нави грантӣ
Дар Вазорати молия маросими имзои созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ – маблағгузории иловагӣ» баргузор гардид.
Созишномаи мазкурро вазир Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки осиёии рушд Шенни Кемпбал ба имзо расонданд. Маблағи иловагии лоиҳа 15 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуда, пурра аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонк пардохт мешавад.
Мулоқоти вазири кишоварзӣ бо раиси вилояти Гомели Беларус
Дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода бо раиси вилояти Гомели Ҷумҳурии Беларус Иван Крупко баргузор гашт.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорат хабар додааст, ки дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори назар карданд.
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ ёддошти ҳамкориҳои дуҷониба байни ҶСК «Гомселмаш» бо ҶСП «Агротехсервис» ва КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ба имзо расид.
Оғози даврҳои омӯзишӣ барои нефрологҳо
Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дар ҳамкорӣ бо Анҷумани нефрологҳои Эрон дар шаҳри Душанбе даври омӯзишии нефрологияи калонсолон ва кӯдакон гузаронда мешавад.
Мутахассисони варзидаи Эрон Шокуҳ Шоёнпур – устоди Донишгоҳи тиббии Ҷундишопури шаҳри Аҳвоз, Алӣ Имадзода – устоди Донишгоҳи тиббии Машҳад, Маҳбуба Ҷафарисароӣ – устоди Донишгоҳи тиббии Мозандарон ва Заҳро Пурносирӣ – устоди Донишгоҳи тиббӣ ба номи Шаҳид Биҳиштии шаҳри Теҳрон, аз 21 то 26-уми октябр барои мутахассисони Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» даври омӯзишӣ мегузаронанд.
Манзилҳои нав барои сокинони деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ
15 оилаи деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ, ки хонаҳояшон бар асари омадани сел хароб гардида буд, соҳиби манзилҳои нав шуд.
Хадамоти матбуоти МИҲД-и вилояти Суғд хабар додааст, ки барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ба ҳар хоҷагӣ 3,5 садяк замин ҷудо гардид. Хонаҳо дорои долон, меҳмонхона, хонаи хоб, хонаи кӯдакон, ошхона, ҳаммом буда, бо ҷиҳози зарурии рӯзгор таъмин мебошанд.
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии истифодабарандагони «Макромайн»
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии истифодабарандагони «Макромайн», ки дар шаҳри Алмаато баргузор шуд, иштирок намуданд.
Саридораи геология иттилоъ додааст, ки дар он намояндаи Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок маъруза намуд. Иброз гардид, ки Саридораи геологияи Тоҷикистон кӯшиш дорад ба истифодаи усулҳои муосире, ки ҳоло дар ҷаҳон барои кашфи конҳо самаранок ба кор бурда мешаванд, дастрасӣ пайдо намояд.
Ёдовар мешавем, ки Ширкати «Макромайн» соли 1986 дар Австралия таъсис ёфта, таъминкунандаи барномаҳои замонавии соҳаи саноати кӯҳӣ мебошад.
Гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Табрез
«Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Табрез – 2024 бо кӯшиши Сафорати Тоҷикистон дар Эрон гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон ташкил гардид», – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Маводи ин гӯша, ки зарфият ва тавонмандиҳои сайёҳии мамлакати моро ба намоиш гузоштааст, мавриди таваҷҷуҳи амиқи тамошобинони Намоишгоҳ қарор гирифт. Дар рӯзи аввал вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва ҳунарҳои дастии Эрон Солеҳии Амирӣ, раиси вилояти Озарбойҷони шарқӣ Баҳроми Сармаст ва масъулини Табрез гӯшаи Тоҷикистонро тамошо карданд.