ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САБАҚИ ЯКУМРАИ ВАФОДОРӢ ДАР ЯК НОМАИ МОДАР

САБАҚИ ЯКУМРАИ ВАФОДОРӢ ДАР ЯК НОМАИ МОДАР

22 октябр 2024, Сешанбе
6
0

 
Даврони донишҷӯии ман ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Он замони вазнину ҳузнангез мошини сабукрав ба нудрат дида мешуд, чи расад ба телефонҳои дастиву интернет. Махсусан, аз сабаби хатарнок будани роҳҳо, камчин будани нақлиёти мусофирбар ва кампуливу камбизоатӣ ба Бадахшон рафтану омадан, аз дидори мубораки модару падар хумор шикастан ба мо – донишҷӯёни кӯҳистон кам муяссар мешуд. Бо вуҷуди ин, меҳрамон кам намегардид ва дуриву фироқ муҳаббати моро даҳчанд меафзуд, ки барои ин номаҳои он солҳо навишташуда далели рӯшананд.
Танҳо барои шунидани садои модар ва дигар азизон то бинои “Почтаи тоҷик” мерафтем, бо телефонҳои симӣ занг зада, аз аҳволи ҳамдигарӣ хабардор мешудем. Ҳама чиз камчин буд, гоҳе нон меёфтему гоҳе гурусна дарс мехондем. Ҳоло фикр мекунам, ки бо вуҷуди чунин камиву костиҳо шавқи мо ба хонишу дониш хуб буд ва шукр мегуфтем, ки бар рӯзи дигар расидем. Ҳоло ҳама пуриву серӣ бошад ҳам, муҳаббатҳо кам шуда, равуо ва рағбати одамон ба ҳамдигар кампайдост.
Гоҳе либоси нав мепӯшидему гоҳ бо либоси куҳна ба донишгоҳ мерафтем.  Ман, ки донишҷӯи курси чорум будам, бо баҳонаи Озмуни ҷумҳуриявии “Дуои модар” номаи охирини ба модар навиштаамро аз хазинаи хона ёфтам. Мактуби зардшудаву рангпаридаро гирифта, бӯидам, дар дасти ман на як пора коғази навишташуда, балки як ҷаҳон муҳаббат медурахшид. Охир ин нома яке аз охирин ёдгориҳои модарам барои ман аст. 
Бори дигар ба як ҳақиқат имон овардам, ки он чи мемонад, ҳамин меҳру муҳаббат ва як пора нома будааст. Дигар либосҳо пӯшида шуданду дариданд, нону кабоб хӯрда шуда, фаромӯш гардид, гоҳе дирӯз чи таоме нӯши ҷон карда будем, намедонем, хонаҳо хароб шуданду вайрон, он чи мондааст, нома асту аксҳову хотираҳои дилангез. Ин аст, ки шоир фармуда:
Донӣ, ки зи одамӣ чи мемонаду бас:
Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ 
ҳама ҳеҷ!
Ёдам ҳаст, баъди гирифтани ҳар як  номаи модар хурсанд шуда, зуд ҷавобашро менавиштам. Модарам дар нома навишта буд:  «Духтарам ҳолу аҳволат хуб аст? Дарсҳоят чӣ хел? Либоси зимистона дорӣ? Ман ба шаҳри Хоруғ рафтам, ҳосили сабзии бо ранҷ ҷамъкардаро фурӯхтам, хурсанд шудам  ва гуфтам, ки пулашро ба ту мефиристам, то ба худат либоси зимистона харӣ, вале баъди савдо аз кисаам пулҳоро дуздиданд. Аз шаҳри Хоруғ то ба ноҳияи Рӯшон омадан дар дохили мошин сахт зиқ шудам ва худ ба худ мегуфтам: охир ман он пулҳоро ба духтари донишҷӯям фиристонданӣ будам. Чаро ин хел шуд?!. 
Духтарам, ту зиқ нашав!”.
Он замон ҳам мани донишҷӯ аз хондани такрор ба такрори он нома  мегиристам ва ҳоло ҳам гиря мекунам.  Бори дигар ба бузургии модар қоил шудам. Ҳамеша дар фикри фарзанд аст, то гушна намонаду либоси зимистона харад, хунук нахӯрад. Бечора сабзии ба машаққат рӯёндаашро фурӯхтаасту аммо дуздҳои беинсоф пули сабзиро дуздидаанд.
Падарам омӯзгор буду маошаш ба рӯзгузаронӣ шояд мерасиду бас. Ин аст, ки сабзиро фурӯхта, хостаанд ба ман пироҳани зимистона бихаранд. Чунин дилҳои дарёиро ба ҷуз модару падар боз кӣ дошта метавонад.
Он замон на танҳо дар маркази маъмурии ВМКБ, балки дар ягон гӯшаи Тоҷикистон амну амонӣ набуд, ҳамин гуна авбошҳо, дуздон ва нохалафҳо дар кӯчаҳо пур мегаштанд ва камтарин фурсатро ёбанд, ба ғорати мардум ва таҳкири шаъни инсон дасту остин бармезаданд.
Гум бод номи ҷанг, чи он ҷанги дохилӣ бошад, чи ҷанги минтақавиву ҷаҳонӣ. Ҳамааш дар охир як оқибат доранд: хориву залилии инсон, дигар ҳеҷ.
Баъди хондани нома гириста,  дар ҷавоб навишта будам: “Модарҷон,  Шумо зиқ нашавед, пул дорам. Ҳеҷ гап не, касе пулҳоро дуздидаст, насибаш накунад. Худатон саломат бошед, ба ман ҳамин қадараш кифоя”.
Гарчанде пул надоштам, вале худро аз ҳар ҷиҳат таъмин “тасвир” кардам, то ки хотири бе ин ҳам ноҷамъи модарамро парешонтар накунам. 
Корти якмоҳа мегирифтаму бо нақлиёти ҷамъиятӣ то донишгоҳ рафта меомадам. Бо он ҳама рӯзҳои вазнин хондему соҳиби диплом шудем, ба қавли пирони рӯзгордида, намурдем, вале инсон боқӣ мондем. Виҷдон ва нангу номусро нигаҳ доштем, зеро медонистем, ки рехтани як зарра обрӯи мо – духтарони кӯҳистон сабаби сархамии падар ва кулли авлод дар Бадахшон мешавад. Медонистем, ки падару модар ба мо бовар карда ба шаҳри Душанбе фиристодаанд, гоҳе охирин луқмаи даҳонашонро нахӯрда, ба мо илтифот кардаанд.
Шукр, ки бовари онҳо барабас нарафт ва бо ҳамон дониши кам ё зиёди солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ андӯхта, нони худро меёбем. Падари азизам зинда асту ин рӯзҳои неки фарзандонашро мебинад, аммо модарам бо хок ҳамоғӯш асту ман нома дар даст мегирям...
Кош зинда мебуду инак, дар остонаи зимистон саропояшро бо либосҳои гарм мепӯшондам...
Ёдат ба хайр, эй зане, ки барои худ назистӣ, барои мо зиндагӣ кардиву барои мо худфарсоӣ кардӣ!

Барноз РАҲМОНШОЕВА, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 22.10.2024 №: 208
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив