ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҚАТИ ҶУДОӢ НАДОРАНД МОДАРОН...  

ТОҚАТИ ҶУДОӢ НАДОРАНД МОДАРОН...  

22 октябр 2024, Сешанбе
1
0


Дар деҳаи зебоманзари Оби Зулоли Истаравшани бостонӣ Саломат ном зани меҳрубону ғамхор ва заҳматкашу меҳнатдӯст зиндагӣ мекард. Ӯ баъд аз даст додани шавҳараш, ки дар майдони набарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок шуда буд, тани танҳо ҳафт фарзандашро ба воя мерасонд. Он солҳо рӯзгузаронӣ ниҳоят мушкил буд, аммо сарфи назар аз ин, модари меҳрубон кӯшиш мекард, ки фарзандонаш аз чизе танқисӣ накашанд. 

Яке аз фарзандонаш Чӯлибой, бо вуҷуди хурдсолӣ, дар қатори хоҳарону бародаронаш, дар корҳои хоҷагӣ ба ӯ ёрӣ мерасонд. Ҳамзамон, дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехонд. Бо дастгирии модари мушфиқу ғамхор ва хоҳару бародаронаш Чӯлибой мактабро бо баҳои аъло ва ахлоқӣ намунавӣ хатм мекунад. Модари меҳрубон пайваста даст ба дуо бардошта, мегуфт: 
– Писарам, Чӯлибой, хуб хону донишманд шав, равони поки падаратро шод гардонда, ба халқу диёрат сарбаландона хизмат намо. Соҳиби иззату эҳтиром шав, бачам, бо роҳи нек бирав. 
Баъдан ӯ роҳи идома додани таҳсилро пеш мегирад. Орзуи деринааш ӯро соли 1953 ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Ӯротеппа (Истаравшани ҳозира) меоварад. Баъди якҷояшавии омӯзишгоҳҳои педагогии шаҳрҳои Ӯротеппаву Панҷакент, соли 1957 онро дар шаҳри Панҷакент бо дипломи аъло хатм менамояд. Баъди хатми Омӯзишгоҳ ва гирифтани дуои неки модари мушфиқу меҳрубон ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз менамояд. Ҳамин тавр, ӯ чандин сол дар мактабҳои дурдасти шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба толибилмон илм омӯхта, пас аз таҳсил дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) дар нашриёти «Ирфон» дар вазифаи муҳарриру муҳаррири калони шуъбаи сиёсӣ ва тарҷума низ фаъолият кардааст. 
Рӯзе модар ҳамроҳи бародаронаш дар хонаи Чӯлибой меҳмон мешаванд. Модар аз муваффақиятҳои фарзандаш шод гашта, мегӯяд: 
– Чӯлибойҷон, ту гуфтаҳою таъкидҳои маро ба ҷо овардӣ. Ман бисёр хурсандам, ки чунин фарзанди соҳибэҳтиром дорам. 
Дар ин дидорбинӣ Чӯлибой ба модар мегӯяд, ки ӯро рӯзҳои наздик барои адои хизмати ҳарбӣ ва қарзи башардӯстӣ ба Ҷумҳурии Афғонистон мефиристанд. 
Модар ба ӯ дуои нек дода, таъкид менамояд: 
– Писарам, ба Ватан ҳар қадар хизмат кунӣ, кам аст. Ватан хонаи умеди мост. Бояд онро аз хатарҳо ҳимоя кард. Фикр мекунам, ки бо ту барин фарзандони ватандӯсту меҳанпарвар халқи ифтихор дорад. Ба ту роҳи сафед. 
Рӯзи дигар модару бародаронаш ӯро барои иҷрои қарзи башардӯстӣ ба кишвари ҳамҷавори Афғонистон гусел мекунанд. Дере нагузашта, Чӯлибой дар байни ҳамхизматонаш ҳамчун афсари бомаҳорати гурӯҳи иктишофӣ номвар шуда, дар чандин амалиёти ҷангӣ ширкат меварзад. Барои нишон додани шуҷоату мардонагӣ дар рафти амалиёти ҷангӣ бо фармони Президиуми Шурои Олии Иттиҳоди Шуравӣ соли 1984 бо ордени Ситораи Сурх сарфароз мегардад. 
Аммо... дар яке аз рӯзҳои моҳи декабри соли 1984 ба модар хабари ҷонкоҳ – ҳангоми амалиёти ҷангӣ ба ҳалокат расидани фарзанд мерасад. 
...Модари фарзандгумкарда акси ҷигаргӯшаашро ба рӯйи сина монда, аз фироқи ӯ дард мекашид. Ниҳоят, соли 1987 модари ҷигарсӯз бо ёду ҳасрати писар ҷаҳони фониро падруд гуфт. Ба қавли шоир: 
Дар раҳи фарзандҳо обу адо гаштӣ ба меҳр,
Дар ҷидоли модарӣ бо ҷон фидо гаштӣ ба меҳр.
Ту сиришти меҳру ишқу зиндагӣ будию боз,
Оқибат аз зиндагонӣ ҳам ҷудо гаштӣ ба меҳр.
       
Бубинед бузургии модарро: ҳамеша дар андешаи тансиҳативу саломатӣ ва ободии рӯзгори фарзандонаш аст. Онҳоро дар домони покаш бо меҳру муҳаббат мепарварад, вале ҳаргиз тоқати ҷудоиву ҳиҷрони ҷигарбандашро надорад. 

Шерзод КОМИЛӢ, 
омӯзгори МТМУ №24 ба номи Чӯлибой Комилови  шаҳри Истаравшан

Санаи нашр: 22.10.2024 №: 208
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив