ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АГАР БОРЕ ЗИ ҒАМ  ХАНДИДА БОШӢ... 

АГАР БОРЕ ЗИ ҒАМ  ХАНДИДА БОШӢ... 

22 октябр 2024, Сешанбе
27
0


Ҳаво сард буду атроф ором. Рафтуомади мошинҳо ба оромӣ халал мерасонд. Ҷавони дар истгоҳбуда зуд-зуд ба соат менигаристу ба ким кадом рақам такрор ба такрор занг мезад. Мунтазир буд, ки телефонашро бардоранд. Хеле парешон буданаш аз қиёфааш маълум буд. Гоҳ ба ин сӯ ва гоҳ ба сӯи дигари истгоҳ қадам мезад...
Ниҳоят, пас аз интизориҳо, ба телефонаш ҷавоб доданд:
- Салом, ҷонам... Қариб ним соат мешавад интизорам, ки кай ба зангам ҷавоб медиҳӣ...
Аз оҳанги суҳбати ҷавон маълум буд, ки бо маъшуқааш суҳбат дорад. Ӯ бо як ҳисси гарм ҳарфҳои меҳрбор гуфт, пазмон шуданашро, ӯро ёд карданашро таъкид кард. Ҳамеша фикраш ба духтар банд буданашро ёдрас шуд. Гуфт, тамоми хушиҳои зиндагиашро дар чашмони шаҳлои ӯ мебинад. Як лаҳза овози хушашро нашунавад, зиндагӣ барояш тираву тор менамояд...
Ин манзара диққатамро ҷалб сохт. Муносибати хуб ва суҳбати самимии ҷавон хеле хушоянд буд.
Ҷавон бо маъшуқааш хайру хуш карда буд, ки телефонаш боз садо дод:
- Лаббай, оча. Ҳа, ман хубам. Не, ҳеҷ чиз нахӯрдаам. Майлаш, хайр, оча, ҳоло вақт надорам, баъд гап мезанем. Худам занг мезанам, - бисёр сарду кӯтоҳ ҷавоб дод ҷавон ва ба автобус савор шуда рафт...
Суҳбати кӯтоҳи писари ошиқу модари чашминтизор хотирамро парешон кард.  
Ба худ гуфтам, наход бо модари худ чунин муомила кунӣ? Вақте маъшуқаат телефонро дер ҷавоб дод, беқарор гаштӣ, вуҷудатро изтироб фаро гирифт. Намедонисти чи кор бикунӣ, лаҳзаҳо бароят мисли соле мегузаштанд. Меҳри маҳбубаат чу оташе тамоми вуҷудатро месӯхт. Вақте бо телефон суҳбат мекардӣ, мисли мум об гаштӣ. Он қадар суханони пурмеҳр гуфтӣ, ки шояд дилашро об намудӣ. Аммо аз занги телефони модар нороҳат шудӣ. Дили ӯ, ки барои ту ноором буд, бо бемеҳрӣ шикастӣ. Натавонистӣ ба оне, ки бароят ҷон бахшидааст, ҳарфи хубе ё сухани тасаллобахше бигӯӣ. 
Пас аз дидани ин манзара муҳаббату садоқат ва ранҷҳое, ки модарам барои ману дигар фарзандонаш кашидааст, пеши назарам ҷилвагар шуд. Очаҷони хушрӯю хушбӯям барои он ки мо хонему инсони баркамол гардем, ранҷҳои зиёде кашид, аммо ҳеҷ вақт лаб ба шикоят накушод. Гоҳе бо чашмони пур аз ҳузн ва табассуми пур аз роз камбудиҳои моро таҳаммул мекард.  
Боре аз ӯ пурсидам: 
- Очаҷон, мебинам, ки дар баробари ранҷу дардҳои зиндагӣ  ҳамеша табассум мекунед. Чӣ неруе шуморо дар муқобили онҳо устувор нигоҳ медорад? 
Лабханде заду ин байти устод Гулрухсорро хонд:
Агар боре зи ғам хандида бошӣ,
Ту дарди хандаҳои ман бидонӣ.
Воқеан ҳам, модарон аҷаб эъҷозе доранд. Ҳатто, сахттарин дардро ба хотири нороҳат нашудани ҷигаргӯшаҳояшон таҳаммул мекунанду механданд. Ҳама чизро ба ҷон мехаранд, то фарзандашон дар амону аз чизе камӣ надошта бошанд. Ӯ маро ба дунё овардааст, шахсияти маро сохтааст. Агар иҷозати парастиши инсоне мешуд, ман ҳатман очаҷонамро парастиш мекардам. 
Имрӯз баъзе фарзандони қадрношинос заҳматҳои ин олиҳаи меҳру садоқатро нодида мегиранду мақомашро намешиносанд. Ҳар гоҳе ман ин ҳолро мушоҳида мекунам, дилам ба дард меояд. Магар мешавад касеро, ки туро зодаву парвардааст, дӯст надошту ба ҳарфҳояш эътибор надод? 

Гулбаҳор РАҲМОНОВА

Санаи нашр: 22.10.2024 №: 208
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив