ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МЕҲНАТҚАРИН

МЕҲНАТҚАРИН

22 октябр 2024, Сешанбе
4
0


Оҳ модар! Дар танӯри синаи хеш чун кабоб
Сӯхтанро дар ҳаёт оё намудӣ интихоб!
Ғоиб Сафарзода

Чун аз номбардорони диёри Ашти куҳан сухан равад, дар қатори садҳо фарзандони фарзонаи ин гӯшаи кӯҳистон – чаманистони Ватан, бо самимияти хоссаву  афзун, бо меҳри беолоишу беғубор номи зани  меҳнатқарин, модари азизу мушфиқ шодравон Туҳфа Шарифоваро ба забон мегиранд. Он зан-модареро, ки умри бобаракати худро пурра фидои кори  деҳқонӣ кардааст. 
Ин зани меҳнатқарину маҳбуби диёр баҳори соли равон дар синни 94-солагӣ дунёи фониро тарк гуфт. Рӯзи гусел ба роҳи охират ҷойи қадам гузоштанӣ набуд; одамон меомаданду меомаданд аз маҳалҳои дури дуру аз дигар рустоҳои ноҳия. То бо он зан-модаре  падруд гӯянд, ки  тамоми умри бобаракати хешро ба меҳнат арҷ мегузошт.
Фаъолияти кории Туҳфа Шарифова дар ин ҷода ҳанӯз аз хурдӣ – синни даҳсолагӣ, оғоз ёфтааст. Баробари оғози мавсими киштукор ин духтарча, ки дар оила ба ҷои писар буду худро дасти рости падар меҳисобид, ба саҳро мерафт ва то ғунучини ҳосил дар он ҷо бо волидайн буд. Бо кори саҳро ба воя расиду устухонаш аз  кори саҳро сахт ва аз ин шуғл ризқу рӯзӣ ва обрӯву эътибор пайдо кард. 
Дар кишвари абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ пахта яке аз муҳимтарин ашёи хоми саноативу стратегӣ ҳисоб ёфта, ҳар  пағаи онро то моҳи декабр ҷамъ меоварданд. Туҳфаро ғунучини “тиллои сафед” миёни ҳамсолону чинакчиёни хоҷагӣ, ноҳияву вилоят ва ниҳоят ҷумҳурӣ машҳур кард. Дар ҳар мавсими ҳосилғундорӣ аз 10 то 14 тонна пахта мечиду ҳамеша пешсаф буд. Овозаи дастони чобуки Туҳфа  дар мавсим дар ҷумҳурӣ паҳн гашта  буд. Ҳатто, мегӯянд, ки ҷиҳати эътимод пайдо кардан, ки ин бону  воқеан ҳам, тани танҳо рӯзе аз 150 то 200 килограмм пахта ҷамъ меоварад,  аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ намояндагон омада санҷида барои чунин ҳунари чолокиву меҳнатдӯстиаш қоил мегаштанд. Натиҷаи чунин талошу такопӯйҳо буд, ки соли 1970 Туҳфа Шарифова дар қатори беҳтарин пешқадамони истеҳсолоти Иттиҳоди Шуравӣ бо медали “Барои меҳнати шуҷоатнок” сарфароз гардид. 
Ӯ ҳаёту рӯзгори худро бе кори саҳро тасаввур карда наметавонист. Дар ҳар ҷамъомади хоҷагӣ мушоҳидаҳои худро ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани парвариши пахта, афзунбахшии ҳосилнокии он ба мутахассисон ироа медошт. Акнун, ҳар сухани ин бонуи пешқадаму чашмикордон ба ҳамкорону мутахассисони соҳа арзишманд буданду қобили қабул. Бо назардошти муҳимияти соҳаи пахтакорӣ дар самти стратегияи ҳарбии давлат, дар ҳамаи ҷумҳуриҳои пахтакори  мамлакат, аз ҷумла Тоҷикистон, майдони парвариши “тиллои сафед” васеъ гашт  ва табиист, ки қадру манзалати деҳқон-пахтакор дар ҷомеа боло рафт. Туҳфа Шарифова акнун миёни хоҷагиҳои на фақат ноҳияи Ашт, балки вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) бо таҷрибаи  ғанӣ дар соҳаи пахтакорӣ меҳмони азиз дар навоҳии ҷумҳурӣ буд. Соли 1972 бонуи сар то по фидоии кори саҳро, бори дигар ба мукофоти давлатӣ – ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мушарраф шуд. 
Баробари наздикшавии мавсими ҷамъоварии ҳосил аз ҳар гӯшаву канори вилоят чинакчидухтарон барои маслиҳат назди ӯ меомаданду аз нозукиҳои кораш огоҳ мешуданд. Маҳз ба хотири кордонӣ,  Туҳфа Шарифоваро  сарвари бригадаи чинакчиён таъин карданд ва ӯ бо аъзоёнаш уҳдадориҳои хешро пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро карда, дар афзунии хирмани “тиллои сафед”-и ҷумҳурӣ саҳми шоиста мегузоштанд.  
Тирамоҳи соли 1975 дар ҳаёти Туҳфа Шарифова боз як рӯйдоди муҳими сиёсӣ ба вуқуъ мепайвандад: меҳнати ӯ бо яке аз баландтарин мукофотҳои давлатии Иттиҳоди Шуравӣ – ордени Ленин қадр мешавад. Ин хабар барқосо дар ҷумҳурӣ паҳн шуда, хурду калони диёр, то роҳабрияти ҷумҳурӣ ба табрикаш омаданд.    
Ӯ эҳсоси хасташавӣ надошт, ки ин ҳамаро дар ҳайрат мегузошт. Кор дар саҳро, баръакс, ӯро неру мебахшид ва фарзандонашро дар руҳияи меҳнатдӯстиву ватанпарастӣ тарбият мекард. Пайваста ба пайвандону наздиконаш таъкид месохт, ба қадри сулҳу амоние, ки ба шарофати хидматҳои мондагори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат пойдор гашт, бирасед. Диёрро обод кунед, ки аз одамӣ ҳамин мерос мемонаду халос. 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 22.10.2024 №: 208
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив