ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. АЗ ТАҚВИЯТИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ ТО ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Имсол мардуми шарафманди тоҷик ва тамоми сокинони ҷумҳурӣ 30- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана ҷашн мегиранд. Зеро ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқиест, ки тавассути он ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад. Дар робита ба нақш ва аҳамияти Конститутсия дар марҳалаи нави давлатсозӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 28-уми декабри соли 2023 чунин зикр карданд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».
Сарвари давлат дар идомаи ҳамин матлаб пешниҳод карданд, ки соли 2024 ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсия Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад. Баъдан ба хотири таъмини заминаи ҳуқуқии ин пешниҳод 30-юми декабри соли 2023 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 ба тасвиб расид, ки ҳадаф баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром ба давлат ва арзишҳои миллӣ, таъмини волоияти қонун, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Воқеан, давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон баъд аз қабули Конститутсия ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид гардида, то имрӯз ба дастоварду музаффариятҳои беназир ноил шудаанд. Вале, агар ба даврони гузашта назар андозем, маълум мегардад, раванди таҳияи лоиҳа ва қабули Конститутсия дар замони шиддат гирифтани авзои сиёсиву низомӣ дар мамлакат ва ё идомаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кори саҳлу сода набуд. Бо вуҷуди мушкилоти зиёд, Сарвари давлат дар баробари дигар иқдомоти ояндасози худ барои ҳарчи зудтар таҳияи матн ва қабули ин санади олии ҳуқуқӣ чораҳои муассир роҳандозӣ менамуданд. Кӯшишҳои бардавоми ин шахсияти тобноки таърих ва сиёсатмадори барҷаста буд, ки лоиҳаи Конститутсия омода ва тибқи қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми апрели соли 1994 ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия гардид. Ҳанӯз дар ҷараёни ба муҳокимаи халқ пешниҳод кардани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими тақдирсоз будани он баръало эҳсос мегардид, зеро дар он тамоми қишри ҷомеа ширкат варзида, андешаҳои худро пешниҳод намуданд. Дар навбати худ, ҳар як таклифу пешниҳод аз тарафи муаллифони лоиҳа баррасӣ гардида, нуктаҳои муҳим ба инобат гирифта мешуданд.
Ниҳоят 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки дар он сокинони кишвар фаъолона иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо тақозои пешрафту дигаргуниҳо дар ҳаёти ҷомеа ва талаботи нави ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ се маротиба: 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид шудаанд. Як қисми муҳими ин тағйиру иловаҳо маҳз ба ҳокимияти судӣ дахолат дошта, дар асоси онҳо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон шуда, ҳуқуқи ҳар шахс барои баррасии парвандааш дар суди босалоҳият, мустақил ва беғараз эълон гардид. Ҳамзамон, муҳлати ваколати судяҳо ба даҳ сол расонда шуда, суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ба низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданд.
Дар моддаи 1 Конститутсия хусусиятҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардида, арзишҳои номбурда собит менамоянд, ки давлат дар пояи қонун ва ҳуқуқ бунёд ёфта, рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ба сатҳи донишу маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад. Аз ин рӯ, ҳоло тарбияи ҳуқуқӣ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат ба шумор рафта, он ҳамчун қисми таркибии тарбияи ахлоқию маънавии шахс мебошад.
Ман чун ҳуқуқдон ва шахсе, ки солҳо боз дар ин соҳа кор мекунам, бовар дорам, ки дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ, ки талаботи асосии он аз рӯи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият ва зиндагӣ намудан аст, ҷомеаи моро боз ҳам пешрафта ва адолатпарвар менамояд.
Нуриддин РАСУЛЗОДА,
раиси суди вилояти Хатлон