ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУХТАРОНИ "ҶУМҲУРИЯТ"

ДУХТАРОНИ "ҶУМҲУРИЯТ"

23 октябр 2024, Чоршанбе
9
0


Вақте мо аз ошёни донишгоҳ пар кашидем ба идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият», чанд нафаре аз бонувон барои ману насли нави рӯзнома, хоса ҷавондухтарон, идеал буданд. Ҳамаашонро апа гуфта муроҷиат мекардем: апаи Қобиламоҳ, Гулистон, Манзура, Дилбар ва онҳо камтар аз апа бароямон набуданд. Ҳамдаму ҳамроз, маслиҳатдеҳи беминнат буданд онҳо. Ин чоргонаро духтарони "Ҷумҳурият" низ меноманд, ки ҳар кадоме айёми беҳтарини зиндагӣ –  ҷавониро дар ин боргоҳ паси сар карданд.  
Ҳар кадоми инҳо гулҳои худрӯйро мемонанд бо рангу накҳати хос. Аз ҳамаашон ба таври хос дарс омӯхтаем: дарси садоқат ба кор, одамгарӣ, пухтакорӣ, билохир, рӯзгордорию мубориз будан дар роҳи зиндагӣ.


АПАЕ, КИ МОДАРВОР ДӮСТАШ МЕДОШТЕМ 
Эҳтироми ҳамаашон махсус буд, аммо апаи Гулистонро ҷавонони идора модарвор дӯст медоштанд: акаи Шариф "очаҷон", – гуфта, дари ҳуҷраи кории шуъбаи кадрро боз мекард; апаи Гулнисоро хумори дидори модар мегирифт, бо дастагули тару тозае ба суроғи апаи Гулистон меомад. Ӯ ҳамин гуна, ҷойи холигии модарро, ки каси бешабеҳ барои ҳар яки мост, барои чанд нафар мехост пур кунад. Дили, воқеан, бузурге доранд, апаи Гулистони мо, ки бо ҳузурашон чаманистон буд ин боргоҳ. 

 
Апаи Гулистон хеле барвақт, аз 18-солагӣ дари “Ҷумҳурият”-ро кӯфт ва як умр ба ин ошён содиқ монд. Ин ҷо камол ёфт, бо чанд насл кор кард, ҳамеша ҳалол кор кард... "Маош зиёдиву камӣ надорад, муҳим ҳалол бошад. Кори ҳалол баракат дорад. Кора фиреб додан даркор нест, баракаташ меравад. Аз таҳти дил кор кунед, подошаш ҳатман бармегардад", – таъкид мекард апаи тозакори мо.  Бо тақозои вазифа, ки мудирии шуъбаи кадрро ба уҳда дошт, ҳар саҳар бо лаҳни ширину чеҳраи кушода "ассалом" гуфта, вориди ҳуҷраи ҳамкорон мешуд. Мо одат карда будем, ба дидани апаи Гулистон ҳар пагоҳ. Агар намеомад, гӯё чизеро кам доштем, ҳатман, наздаш мерафтем. 
Доим "шумо ҷавонҳо", – гӯён, моро сарзаниш мекард, вале ин ҷангҳояш ҳам дарси одобу ахлоқ буданд. Агар раваду кори ноҷое кунем "охир, шуморо чӣ шуд? О, ин хел набудед -ку", – гуфтанҳояш моро водор мекард, то кори ноҷое накунем. Мушкиле пеш ояд, медавидем сӯи ӯ. Менишаст, бо тамкин моро гӯш мекард, баъд хулоса мебаровард. 
Ҳоло ҳар саҳар ба кор меояму беихтиёр ҷониби ҳуҷраи кории кадр менигарам, ба таҳи дил "ассалом" мегӯяму мегузарам. Бале, апаи Гулистони мо маҳз ҳамин хел пурсупосро сар мекард.

БОСАЛОБАТ 
Дар шинохти ман апаи Қобиламоҳ, ки вазифаи муовини сардори раёсати молияи рӯзномаро ба уҳда дошт, чунин аст. Вақте ӯ роҳ мегашт, дару девори идора ба назарам ба ҷунбиш меомад: аз салобати ӯ, ки хоси худаш буд. Барвақт ба кор меомад, дертар аз ҳама мерафт. Ҳамеша ӯро машғули кор дармеёфтем. 

 
Апаи Қобиламоҳ гули сари сабади маҳфилҳо буд ва дар аксар чорабиниҳои идора сухан мегуфт. Чун навбат ба Қобиламоҳ Гулҷонова мерасид, мо аз дил мегузарондем: "Можно на русском...". Ӯ низ аз ҷой хестан замон, иҷозати бо русӣ сухан гуфтан мегирифт ва чун медид, ки ҳама бо нишони ризоят сар меҷунбонанд, гапро сар мекард. 
Ӯ зани мубориз, ҷасур ва боирода аст. Таҷрибаи зиндагии ӯ ба мо дарси ибрат буд ва мо аз ӯ меомӯхтем, ки чи гуна як зан метавонад ҳам парастори хушдоману оила бошаду ҳам коргари пешқадам. Ӯ мувозинати миёни коргоҳу хонаашро хеле хуб риоя мекард ва асло ба баҳонаи оиладорӣ аз кор дер намемонд ё бо ҷурми коргар будан, келину модари хона буданро фаромӯш намекард.  
Ӯ, одатан, ба зиндагиву корҳои шахсии дигарон аҳамият намедод, аммо агар медонист, ки маслиҳаташ дар ҳалли мушкиле гиреҳкушо мегардад, ҳаргиз худро канор намегирифт. 
Апаи Қобиламоҳ ҷойи кор, ҳатто, гулу гиёҳи онро дӯст медошт. Мушоҳида мекардам, ки саҳар ба ҳуҷраи корӣ даромадан замон, салом медиҳад, ки дар он касе нест. Ростӣ, аввал, ҳайрон мешудам, баъд фаҳмидам, ки ба гулҳояш салом мегӯяд.  Ӯ худ шабеҳи гул буд. Тозаву озода ва рангобаранг мепӯшид. Ҳар саҳар ба "Ҷумҳурият" зебоӣ меовард.

Ӯ НАМУНА БУД
Апаи Дилбар ҳуруфчин шуда кор мекард. Варақҳои сиёҳу хаткашидаро тоза менамуд, вожаҳоро ҷо ба ҷо мегузошт, ба тартиб медаровард. Чунон дар долонҳо роҳ мегашт, ки замин хабар наёбад. Модари панҷ фарзанд буд, аммо аз рӯи пайкараи резааш гумон мекардӣ, ки ҳанӯз ҳамон духтараки атласпӯшу тоқибасарест, ки мӯйҳои майдабофикардаашро алвонҷ дода, ба "Тоҷикистони советӣ" (имрӯза "Ҷумҳурият") ба кор омада буд. Аммо саманди вақт тезгард асту апаи Дилбари мо соҳиби набера. 

 
Апаи Дилбар бо тамкини ба худаш зебанда дар хотираҳои мо нақш бастааст. Мутмаинам, дар зарфи солҳое, ки ӯ дар ин боргоҳ кор мекард, касе овози баландашро нашунидааст. 
Моро ноаён-ноаён мефаҳмонд, ки дар кору берун аз он чи гуна бояд рафтор кард. Суханҳояш бароямон арзиши баланде доштанд, чун худаш намуна буд.

ПУРНУРУ ЧЕҲРАХАНДОН
Апаи Манзураро, ки ӯ низ ҳуруфчин буд, ҳама бо меҳр Манзураҷон мегуфтанд. Ин хитобро мешуниду ба рӯяш чун кулчаи нав аз танӯр канда сурхӣ медамид. Чун ҳамаи модарони тоҷик шарм мекард аз ғояти хоксорӣ. Зани ҳунарманду дидадаро буд апаи Манзура. Ҳеҷ кас наметавонист бо чеҳраи гирифта ба ӯ нигарад. Ғайр аз ин, босавод, ки буд, баъзе хатоҳои аз чашм гузаштаро дар вақти ислоҳи матлабҳо худаш дуруст мекард. Китобҳои зиёдеро ҳуруфчинӣ кардааст, ҳатто, аз ноҳияҳои дурдаст ба суроғи апаи Манзура меомаданд. Вақтҳои фориғ аз кор, ҳатман китоберо мутолаа мекард; аз аҳли фазл буд ӯ. 

 
Ёдам меояд, пас аз ба нафақа баромадан, рӯзи гусели ӯ дар идора сармуҳаррири рӯзнома устод Қурбоналӣ Раҳмонзода бо сипос  аз  заҳматҳои чандинсолааш, ба ӯ дастагули зебоеро тақдим намуданд. Гули садбарги навчида зебо буд, аммо апаи Манзура бо куртаи пурнақши атласаш аз гул зеботар ҷилва мекарду бо мо акс мегирифт. Бо чеҳраи кушоду лаби пурханда. Ин саҳнаи зебо ба мо – насли ҷавон, гӯиё мегуфт: «Як умр шодмон кор кардан дар як идора ва бо сари баланду баобрӯ рафтан, аз ҳунари воло аст».
Меҳрангез ҚОДИРОВА, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 23.10.2024 №: 209
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив