ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАННАТ ЗЕРИ ҚУДУМИ МОДАРОН АСТ

ҶАННАТ ЗЕРИ ҚУДУМИ МОДАРОН АСТ

23 октябр 2024, Чоршанбе
21
0


Модар! Аз панҷ ҳарф иборат аст ин калима, вале як ҷаҳон маъно дар он нуҳуфтааст; аз панҷ ҳарф иборат аст он, вале дар худ тамоми бузургиву шаҳомат, меҳрубонӣ, дӯстдорӣ ва дар маҷмуъ, тамоми он чизи олитарини ҳаётро дорад, ки наметавон онро на бо тасвир, на бо сухан ва на бо қалам баён намуд. Беҳуда нестанд гуфтаҳои:
Модар фаришта буд, вале болу пар надошт,
Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.
Бале, модар аст, ки дар баробари дар ҷамъият  ҳамарӯза рисолати махсус доштанаш, дар баробари он ки омӯзгор асту духтур, иқтисоддон асту корманди давлат, зиёӣ асту корманди идорае ва тамоми душвориҳои зиндагиро ба дӯш доштанаш, саҳаргоҳон, ҳангоми ҳанӯз тамоми аҳли хонавода дар хоби ноз будан, аз ҷой бархоста, бо меҳр барояшон хӯроки субҳона тайёр мекунад; аҳли хонаводаро танҳо бо дӯстдории ба модарон хос ба дабистону ҷои кор гусел мекунад; хӯроки нисфирӯзӣ ва шоми дӯстдоштаи ҳар кадомро тайёр менамояд ва дигару дигар корҳое, ки дар ҳар як хонавода ҳамарӯза сурат мегиранд, бо бурдборӣ ва таҳаммули танҳо барои худаш хос ба иҷро мерасонад.
Барҳақ Низомии Ганҷавии бузург мефармояд:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.

Модар дар гузаштаи хеле дури миллати тоҷик ҳам ҷойгоҳ ва мақоми ба худ хос ва арзанда дошта, ҳанӯз се ҳазор сол пеш мардон аз тоифаи ориёӣ барои эҳтиром гузоштан ба зан-модар ҷашни хосае меоростанд, ки он ба охири моҳи феврал ва аввали моҳи март, яъне мутобиқ ба ҳамон рӯзҳое, ки алҳол Рӯзи Модарро ҷашн мегирем, рост меомад.
Бо назардошти ин ҷанбаҳои таърихии ниёгонамон, Роҳбари давлат, ки ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик беандоза арҷ мегузоранд, зарур шумурданд, ки 8-уми март ба Рӯзи Модар номида шавад.
Дар ҳақиқат, модар аст, ки қатъи назар аз дорои кадом хулқу хислат будани фарзанд, сарфи назар аз  камбудамон, боз ҳам моро  чи гунае ки ҳастем, қабул дорад ва ба сифати як ҷузъи муҳими ҳаёти худ меҳисобад. Модар аст,  ки аз аввалин рӯзҳои чашм ба олами ҳастӣ кушоданамон, то ба синни камолот расидан ва баъд аз он ҳам, моро дар ҳар ҳолат пуштибону дастгир ва роҳнамо аст. 
Бузургиву  дили саршор аз меҳру муҳаббати модарро бо сухан тасвир кардан душвор аст. Модари тоҷик аст, ки аз аҳди қадим то ба имрӯз қаҳрамонони халқ чун Муқаннаву Деваштич, суханвароне чун Абуабдуллоҳи Рӯдакиву Ҷалолиддини Румӣ, нақшофарине чун Беҳзод, дармонбахше чун Абуалӣ ибни Сино, давлатдоре чун Исмоили Сомонӣ, сиёсатмадори ҷаҳоние чун Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорон нобиғаҳои дигарро  дар оғӯши поки худ парварида, ба ҷаҳониён ҳадя намудааст.    
Тамоми бузургмардони ҷаҳон модаронро Офтоби нурбахши ҳар як хонадон ва сарчашмаи хушкнашавандаи зиндагӣ номидаанд. Ин суханон барҳақ буда, аз паёмбарони соҳибкитоб то кишваркушоёни дунёро танҳо модарон ба дунё овардаанд ва бо меҳру муҳаббати беандозаи худ парвариш намуда, бо шабзиндадориҳо тифлони навзоди худро аз гаҳвора то бузург шудан ба камол расонда, баҳри хизмат намудан ба ҷомеа ва миллату Меҳани худ раҳнамоиву ҳидоят намуда, тамоми умр сурати ҳар як аз фарзанди худро дар дилу дидаҳои худ нигаҳ медоранд.
Ғамхорӣ дар ҳаққи занону бонувони кишвар дар меҳвари сиёсати Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон қарор дорад. Аз ҷумла, Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 28-уми декабри  соли 2023 иброз намуданд: “Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем”.
Ҳамин аст, ки имрӯзҳо занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, содиқона хизмат карда истодаанд.
Имрӯзҳо бо дастгириҳои ҳамарӯза ва бо назардошти сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар роҳи пешрафти Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла ба ҳайси  муовини Сарвазири мамлакат, вазирон, раисони кумита ва агентиҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шаҳру ноҳияҳо ва муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии мамлакат кору фаъолият менамоянд.
Месазад, ки мо зери қудуми ин фариштаи заминӣ сари таъзим фуруд биёрем, ҳурматашро то тавон дорем, ба ҷой биёрем, чунки ӯ сазовортар ва арзандатар аз ҳамаи ин гуфтаҳост:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Фотима МУРОДБЕКОВА, ноҳияи Ишкошим 

Санаи нашр: 23.10.2023 №: 209
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив