ФАРИШТАҲОЕ ШАБЕҲИ ЯКДИГАР
Зодмандонам аввалин муҳоҷирони солҳои 30-юми асри гузашта аз деҳаи Деҳиғулмони ноҳияи Тоҷикобод ба ноҳияи Вахш буданд. Он солҳо ҳазорҳо оилаҳо аз кӯҳистони Рашт ба ин водии нообод омада, заминҳои лабташнаро шодоб мекарданд. Дар корҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкориҳо саҳм гузоштаанд. Хонаводаи мо дар деҳаи Роҳи нави деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш макони доимии зистро интихоб менамоянд. Дар ин маъвои нави зист апаҳоям Ҷамила, Ҳалима ва ман таваллуд меёбем. Ҳалима бармаҳал аз дунё рахти сафар мебандад. Чеҳраашро кам дар хотир дорам, зеро хурд будам.
Дар оила фарзанди кенҷа ҳисоб мешудам. Модарам Ҷавҳарбӣ маро хеле эҳтиёт мекард, пайваста ғам мехӯрд, ки мабодо ба беморие напечам. Падарам Саидраҳмон, то ба воя расидани ман, пир гашта буд. Баъзе ҳамсолон ва ҳамсинфонам бо дидани падарам, ки риши чун пахта сафед дошт, мегуфтанд: “Ана, бобоят омада истодааст, туро аз мактаб ба хона мебарад”. Бо гузашти вақт ин лаҳзаҳои хурдсолиро бо хурсандӣ ба хотир меовардем.
Аз нақли модарам, ман хеле лоғару касалманд таваллуд шудаам. Аз ин сабаб, маро қариб дар гаҳвора нахобондаанд. Маро дар арғунчак ва бештар рӯйи даст нигоҳубин мекардааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъди анҷоми он, тамоми корҳои саҳро, бахусус пахтакорӣ, ки соҳаи асосии водии Вахш ба шумор мерафт, ба зиммаи занҳо буд. Модарам дар бисёр ҳолат мани хурдсолу бемадорро бо худ ба кори саҳро мебурдааст. Парпеч карда, рӯйи замин хобонда, бехи ниҳолҳои пахтаро каланд мезадааст. Аз гиряам модарам гурусна монданамро фаҳмида, ба ман шир медодааст. Ҳамсолонам низ ҳамин аҳволи маро доштаанд.
Ҳамин тавр, дар муҳити хона ва саҳро ба воя мерасидам. Вақти наврасу мактабхон шудан, дастёри падару модар гаштам. Дар хона яккаписар ҳисоб меёфтам, аммо эркаву нозпарвар набудам, зеро ба ин имкон ҳам надоштам, ягона мададгори падару модар будам. Бо вуҷуди мушкилиҳои оила дар мактаб хуб мехондам. Пинҳонӣ шеър менавистам, шогирдона, аммо аз “ашъорам” модарам огоҳ буд. Баъди қироати шеър, модарам бо табассум мегуфт: “Мани бесавод аз ин “байт”-ҳо ҳеҷ чиз намефаҳмам, хубаш ба муаллимонат нишон деҳ. Хон, албатта, соҳиби касбе мешавӣ”. Бо дуои модар хондам, бомаълумоту соҳибкасб гаштам. Шеър наменавиштам, аммо майлам ба наср, ба рӯзномахонӣ зиёд буд. Аз ин хотир, рӯ ба наср овардам. Дар рӯзномаи “Вахш” чанд навиштаам рӯйи чоп омаданд, аммо сад афсус, ки кунун куҷост нахустин шунавандаи эҷодиётам – модари ғамхорам...
Давраи донишҷӯйӣ, одатан, мо ба хонаҳои ҳамсабақон меҳмон мешудем. Аз дидани шарикдарсҳоям шодию фараҳи модарамро интиҳо набуд. Ҳар яки моро бо меҳри модарӣ навозиш мекард, бароямон дастархони пур аз нозу неъмат ва як ҷаҳон меҳрубонӣ омода месохт. Воқеан, ман ҳам дар меҳмонии шарикдарсонам чунин пешвозу хушнудии беандозаи модарони онҳоро мушоҳида мекардам.
Модарон қалби бузургу бекина доранд. Дар меҳру шафқат, ғамхорӣ ва хушбахтии фарзанд шабеҳи якдигаранд. Ба ҳама ситоиш арзандаанд.
Аъзам МӮСОЕВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон