ТАҲЛИЛ. ПЕШГӮИИ БОНКИ ҶАҲОНӢ ОИД БА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН
Бонки ҷаҳонӣ пешгӯии рушди иқтисодии Тоҷикистонро дар соли ҷорӣ 0,7 банди фоизӣ – аз 6,5 то 7,2 дарсад боло бурд. Тавре дар гузориши нави Бонк дар бораи рушди иқтисоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ омадааст, ин баландтарин арзёбӣ дар миёни ҳамаи кишварҳои минтақа мебошад.
Иқтисоддонҳои Бонки ҷаҳонӣ, ҳамчунин, дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистонро барои ду соли оянда беҳтар карданд: аз 4,5% то 5,5% дар соли 2025 ва аз 4,5% то 5,0% дар соли 2026.
Минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, тибқи таснифи Бонки ҷаҳонӣ, 22 кишварро дар бар мегирад: Булғористон, Хорватия, Полша, Руминия, Беларус, Молдова, Украина, Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Туркия, Албания, Босния ва Ҳерсеговина, Косово, Черногория, Македонияи Шимолӣ, Сербия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон.
Дар маҷмуъ, муаллифони гузориш таъкид мекунанд: "Пас аз як силсила буҳронҳо, рушди иқтисод дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар минтақа ба эътидол омадааст".
Рушди баланди иқтисоди Тоҷикистонро (8,3% дар соли 2023 ва 8,2% дар нимаи аввали соли 2024) таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ ба афзоиши даромад аз содироти тилло, истеъмоли хусусӣ ва хароҷоти Ҳукумат барои зерсохторҳо вобаста дониста буданд.
"Талаботи дохилӣ аз ҳисоби афзоиши воридоти маблағ аз муҳоҷирони корӣ ва афзоиши музди меҳнат дар бахши давлатӣ дар соли 2023 пуштибонӣ шуда, ба коҳиши минбаъдаи сатҳи камбизоатӣ мусоидат кард", – омадааст дар гузориши иқтисоди Тоҷикистон.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
“ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”. ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОН ДАР СУҒД
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” баргузор гардид.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳузури омӯзгорон ва ғолибон иброз дошт, ки Озмун таҳти сарпарастии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи навоварӣ ва ихтироъкорӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав баргузор карда мешавад.
– Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад, – илова намуд, раиси вилоят.
Таъкид гардид, ки аз соли 2021 инҷониб Озмуни мазкур баргузор гардида, ба ҳадафи асосии худ – ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир расида истодааст.
Иттилоъ дода шуд, ки даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯи 7 номинатсия баргузор гардида, ҳайати ҳакамон ба донишу маҳорат ва истеъдоди иштирокдорон баҳои воқеӣ доданд.
Имсол барои дар сатҳи баланд гузарондани даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ва қадршиносии ғолибон 708 250 сомонӣ ҷудо шуд.
Дар ҷамъбаст 126 нафар, аз ҷумла 42 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 42 нафар хонандаи мактабҳои типи нав, 36 нафар донишҷӯ ва 6 нафар омӯзгору намояндагони касбу кори гуногун ғолиби даври вилоятии Озмун дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Саъдулло МАХКАМОВ, рӯзноманигор
ОҒОЗИ НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ "КИТОБИ ДУШАНБЕ"
22-юми октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи дувоздаҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” оғоз ёфт. Дар он ба ғайр аз ноширони ватанӣ намояндагони расмӣ аз кишварҳои Россия, Чин, Эрон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Ҳиндустон бо беҳтарин намунаи китобҳои муассисаҳои табъу нашрашон ширкат доранд.
Имсол беш аз 40 нашриёт зиёда аз 5000 китоби тозанашри худро дар риштаҳои адабиёти бадеӣ, адабиёти кӯдак, осори илмӣ, таърихӣ, фалсафӣ ва фарҳангу иҷтимоиёт ба алоқамандони китоб пешниҳод намуданд. Ташкилоти байналмилалии “Истиқбол”, КВД “Таъминот ва савдои китоб”, Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи миллии тоҷик”, Муассисаи нашриявии “Адиб”, ҶСП “Эко-принт”, ҶДММ “Балоғат”, матбааи “Сухан”, ҶДММ “Эр-граф” ва “Ношир” аз ҷумлаи муассиаҳои табъу нашри Тоҷикистон ҳастанд, ки маҳсулоташонро манзур карданд.
Намоишгоҳи дувоздаҳуми байналмилалии "Китоби Душанбе" фурсати хубро барои пайдо кардани шарикони боэътимод фароҳам овард. Дар рафти Намоишгоҳ мулоқоти судманд миёни адибону ноширони Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи тарҷума ва нашри китоб баргузор шуд. Инчунин, конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Нашри китоб дар густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ” доир гашт.
Намоишгоҳи байналмилалии "Китоби Душанбе” аз соли 2010 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як падидаи муҳим дар самти тарғиби китобу китобхонӣ ва таҳкими иртибототи фарҳангӣ бо ноширону нависандагони кишварҳои дӯст дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.10.2024 №: 209