ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

24 октябр 2024, Панҷшанбе
144
0


Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024”
Моддаи 1. Ба моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” аз 18 ноябри соли 2023, (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2023, № 11, мод. 484; с. 2024, № 3-4, мод. 158, №5-6, мод. 248) қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
“5. Дар доираи созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «RexGen Co.Ltd»-и Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, ки 14 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, маблағи ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз лоиҳаи «Низоми зеҳнии сабти аксу видеоии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, дар нуқтаҳои истгоҳи нақлиёти маршрутӣ ва хатҳои махсуси ҳаракати барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ пешбинишуда, тавассути воситаҳои махсуси низоми худидоракунӣ дар соҳаи нақлиёт дар кӯчаву роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе» дар давраи амали созишнома ба суратҳисоби Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.”.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 октябри соли 2024, № 2083
 


Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024”
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” қабул карда шавад

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 9 октябри соли 2024, № 1425

Санаи нашр: 24.10.2024 №: 210
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив