ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАХТА. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛ – МАСЪАЛАИ РӮЗ

ПАХТА. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛ – МАСЪАЛАИ РӮЗ

24 октябр 2024, Панҷшанбе
44
0

 
Пахтакорӣ ҳамчун манбаи хуби даромад ва бахши пешбарандаи комплекси агросаноатӣ буда, дар таъмини саноати кишвар бо ашёи хоми гаронбаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои кори доимиву мавсимӣ нақши муҳим дорад. Солҳои охир Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, ба такмилдиҳии дониши касбии   кишоварзон ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Инчунин, барои дастгирии рушди пахтакорӣ барои деҳқонон қарзҳои имтиёзнок пешниҳод мегарданд.
Доир ба вазъи кунунии соҳа, майдони кишт ва ҷамъоварии ҳосили пахта Баҳодур Назаров, сардори раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзӣ, ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” чунин иброз дошт:
– Дар соҳаи пахтакорӣ ҷиҳати мунтазам зиёд намудани майдони кишт, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон ба афзунии истеҳсол ва таъмини корхонаҳои саноати сабук бо ашёи хом корбарӣ гардида, барои ҳосили соли 2024 майдони кишт дар хоҷагиҳои пахтакор ба 174 979 гектар расид, ки назар ба соли гузашта 8635 гектар бештар аст. Соли равон дар шаҳру ноҳияҳои пахтакор навъҳои аълосифати тухмии селексияи ватании “Ориёӣ”, “Сорбон”, “Зироаткор”, “20-солагии Истиқлолият”, “Ирам-1МН” ва навъҳои хориҷии  “Флеш”, “Лодос”, “Рамсес”, “Лазер”, “Лима”, “Бухоро-102” ва “Султон” кишт шуданд. Инак, саъю талоши кишоварзон самар бахшида, ҳосили фаровон муҳайё гардид, ки  бо истифода аз боду ҳавои мусоид мебояд онро сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ кард.  Алҳол дар ҷумҳурӣ ҳамарӯза беш аз 4000 тонна пахта чида мешавад ва чинакчиён ба ҳар килои пахтаи чидашуда 1,5-2 сомонӣ мегиранд.
Ба маълумоти фаврии Вазорати кишоварзӣ, заркорони заҳматпеша аз аввали мавсим то 22-юми октябри соли равон беш аз 163 467 тонна (вилояти Суғд 52536 тонна, Хатлон 109745, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1186 тонна) пахта ҷамъ оварда, ба нуқтаҳои қабул супурданд, ки 37, 47 дарсади нақшаи истеҳсоли дурнаморо ташкил медиҳад. Ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 80000 тонна кам аст. 
Натиҷаҳои  баланди меҳнатии заркорони шаҳри Леваканд, ки дар ҷумҳурӣ аввалин шуда, 17-уми октябри соли равон дурнамои истеҳсолро 2464,3 тонна (100,2 дарсад) таъмин карданд, шоёни таҳсин аст. Интизор меравад, ки ояндаи наздик шаҳру ноҳияҳои пахтакори дигар, аз ҷумла Конибодом, Дӯстӣ, Бобоҷон Fафуров, Спитамен, Кӯшониён, Шаҳритус, Вахш ва Ҷайҳун аз иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта хабар диҳанд. Дар назар аст, ки вобаста ба боду ҳавои мусоид имсол чидани пахта то аввали моҳи декабр  идома ёбад.  
Баҳодур Назаров изҳор дошт, ки, мутаассифона, имрӯзҳо ҷамъоварии пахта дар шаҳрҳои Кӯлоб, Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ, Фархор, Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, Зафаробод, Мастчоҳ, Ашт ва Шаҳринав ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуда, боиси нигаронӣ ва ташвиши масъулони соҳа аст. Ба гуфтаи мутахассис, яке аз омилҳои асосии ҳолати пасти ҷамъоварии ҳосили пахта дар шаҳру ноҳияҳои зикршуда он аст, ки соли равон бо сабаби бориши зиёди борон муҳлати кишти пунбадона дертар оғоз шуд. Инчунин, имсол мавсими чидани пахта назар ба соли гузашта қариб 20 рӯз дер оғоз ёфта, ба 17-уми сентябр рост омад.  
 
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият» 

Санаи нашр: 24.10.2024 №: 210
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив