ВОСЕЪ. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ ВАРЗИШ

12 ноябр 2026, Панҷшанбе
9


Дар ноҳияи Восеъ соҳаи варзиш сол ба сол рушд намуда, зери таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия қарор дорад.

Сомон Орифзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, дар суҳбат ба хабарнигори рӯзнома гуфт, ки дар ноҳия ду мактаби варзишӣ ва як мактаби махсуси футбол фаъолият менамоянд. Дастпарварони мактабҳои мазкур зарфи нуҳ моҳи соли равон дар 39 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз намудҳои ҷудо, гӯштини миллӣ, бокс ва футбол иштирок намуда, 44 медал – 23 тилло, 8 нуқра, 13 биринҷӣ ба даст оварданд.
Номбурда иброз дошт, ки дастпарвари мактаби варзишии ноҳия Хоҷамуъминҷон Холов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 19-сола дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуд. Ӯ имрӯзҳо дар Чемпионати ҷаҳонии бокс миёни ҷавонон ширкат дорад.
Дар мавриди бунёдкориву навсозии иншооти варзишӣ иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабов бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 3 майдончаи варзишии футболи хурд, ҳавзи шиноварӣ ва толори варзишии “Толибҷон” бунёд гардида, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид мавриди истифода қарор дода шуданд.


Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 11.11.2026 №: 221