МУЛОҚОТИ ФИРДАВС ТОЛИБЗОДА БО НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) таҳти роҳбарии ноиби президенти БАТР Маттео Патроне дидор анҷом дод

13 ноябр 2026, Ҷумъа
6

МУЛОҚОТИ ФИРДАВС ТОЛИБЗОДА БО НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) таҳти роҳбарии ноиби президенти БАТР Маттео Патроне дидор анҷом дод. Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, таҳкими низоми молиявию бонкӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии бахши хусусиро баррасӣ карданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба такмили низоми суғурта, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, рушди маблағгузории устувор ва дастгирии “лоиҳаҳои сабз” зоҳир гардид. Ҳамчунин, масъалаҳои татбиқи принсипҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ дар фаъолияти ташкилотҳои молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо, инчунин, рушди механизмҳои тақсими хавфҳоро ҳамчун воситаи тавсеаи қарздиҳӣ ва беҳтар намудани дастрасии соҳибкорон, бахусус субъектҳои соҳибкории хурду миёна, ба маблағгузории дарозмуҳлат баррасӣ намуданд. Зикр гардид, ки истифодаи чунин механизмҳо метавонад ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, дастгирии истеҳсолоти ватанӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии кишвар мусоидат намояд.
Ҳамзамон, масъалаҳои таҳкими назорати дохилӣ, такмили низоми идоракунии хавфҳо ва риояи талаботи байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкориҳои судманд дар самти таҳкими устувории низоми молиявӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон изҳор намуданд.

МУЛОҚОТИ СИРОҶИДДИН ИКРОМӢ БО КОРШИНОСОНИ ХАЗИНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСЪОР

Дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти ҷамъбастии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо коршиносони Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои миссияи кумаки техникӣ дар самти такмили раванди татбиқи сиёсати пулию қарзӣ (Monetary Policy Implementation Framework – MPIF) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни мулоқот, натиҷаҳои арзёбии раванди татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, самаранокии воситаҳои амалиётии он ва самтҳои афзалиятноки такмили минбаъдаи механизмҳои идоракунии пардохтпазириву рушди бозори пулӣ муҳокима гардиданд.
Сироҷиддин Икромӣ аҳамияти ҳамкориҳои техникиро бо ХБА дар самти муосиргардонии воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ таъкид намуда, ба масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии амалиётҳои монетарӣ, таҳкими механизми идоракунии пардохтпазирӣ ва рушди бозори байнибонкии пул таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Боиси зикр аст, ки миссияи кумаки техникии ХБА аз 15-ум то 23-юми октябри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид ва дар доираи он коршиносон бо роҳбарият, намояндагони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон, иштирокчиёни бозори молиявӣ як қатор вохӯриҳо ва муҳокимаҳои кориро анҷом доданд.
Коршиносони ХБА дар натиҷаи арзёбӣ ислоҳоти Бонки миллии Тоҷикистонро дар самти муосиргардонии воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ мусбат арзёбӣ карданд. Аз ҷумла, ҷорӣ намудани механизми миёнакунонии захираҳои ҳатмӣ, тавсеаи амалиётҳои ҷалби пардохтпазирии барзиёд, мусоидат ба рушди бозори байнибонкӣ ва наздик кардани меъёрҳои фоизии коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон ба меъёри сиёсати пулию қарзӣ ҳамчун дастовардҳои муҳим дар самти таҳкими самаранокии низоми татбиқи сиёсати пулию қарзӣ арзёбӣ гардиданд.
Дар фарҷом Сироҷиддин Икромӣ тақвияти иқтидори институтсионалӣ ва касбӣ, такмили равандҳои амалиётӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами бонкҳои марказии кишварҳои дигарро аз самтҳои муҳими фаъолияти минбаъда арзёбӣ намуд.


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ ҶАЛАСАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАҚОМОТИ ГУМРУКИ КИШВАРҲОИ ИДМ
Чанде пеш дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои байналмилалии мақомоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар доираи чорабиниҳо ҷаласаи 25-уми роҳбарони нуқтаҳои миллии тамоси мақомоти гумруки давлатҳои узви Дафтари минтақавии алоқа оид ба мубориза бар зидди қонуншиканиҳо дар доираи Созмони ҷаҳонии гумрук барои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (RILO-Москва) ва ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор шуданд.
Дар рафти онҳо масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкории мақомоти гумрук, ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза бо қонуншиканиҳо дар соҳаи гумрук баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон, тибқи барномаи фарҳангӣ меҳмонон бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва маҷмааи «Истиқлол» шинос шуда, аз боғи ангурпарварӣ дар шаҳри Турсунзода, Қалъаи Ҳисор ва мавзеъҳои зебоманзари ноҳияи Варзоб дидан намуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо барои густариши ҳамкории байналмилалӣ, табодули таҷриба ва тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ замина фароҳам меорад.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 13.11.2026 №: 222