ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА УФУҚҲОИ НАВИ РУШД»

13 ноябр 2026, Ҷумъа
8


Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 – 11-уми ноябр дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид.
Чорабинӣ бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, коршиносони хориҷӣ, олимону муҳаққиқон, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардида, ба майдони муколамаи илмӣ, табодули таҷриба ва баррасии масъалаҳои муҳими рушди давлатдорӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, илму маориф ва технологияҳои муосир табдил ёфт.
Ҳадафи Форум баррасии нақши ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва инноватсионӣ буд.
Дар доираи Форум ду маркази нав: Маркази илмию таҳқиқотии «Ташаббусҳои давлатӣ, сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Эмомалӣ Раҳмон» ва Маркази рушди зеҳни сунъӣ, таҳлили маълумот ва технологияҳои рақамӣ ифтитоҳ ёфта, китоби илмӣ-таҳлилӣ зери унвони “Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” муаррифӣ гардид.
Директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе Баҳрулло Файзализода иброз намуд, ки таъсиси Маркази илмию таҳқиқотии «Ташаббусҳои давлатӣ, сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Эмомалӣ Раҳмон» ба зарурати омӯзиши ҳамаҷонибаи ташаббусҳои Тоҷикистон, таҳлили равандҳои муосири сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таҳқиқи масъалаҳои дипломатияи муосир ва густариши ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои таҳқиқотии дохилию хориҷӣ равона шудааст.
Тибқи самтҳои муайяншуда, фаъолияти Марказ анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, омӯзиши ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, таҳияи тавсияҳои илмию таҳлилӣ, ташкили конференсияҳо ва дигар чорабиниҳои илмиро дар бар мегирад.
Баъдан, Маркази рушди зеҳни сунъӣ, таҳлили маълумот ва технологияҳои рақамӣ расман ифтитоҳ гардид. Марказ бо дастгирии Бонки байналмилалии Тоҷикистон (IBT) таъсис ёфта, ба рушди иқтидори илмӣ, таълимӣ ва амалии ҷавонон дар самти технологияҳои муосир нигаронда шудааст.

Сайфиддин СУННАТӢ,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 13.11.2026 №: 222