ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АМИТ.  НАМОИШИ НУСХАҲОИ НОДИРИ ХАТТӢ

АМИТ.  НАМОИШИ НУСХАҲОИ НОДИРИ ХАТТӢ

05 апрел 2023, Чоршанбе
17
0


Дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бори аввал Намоиши нусхаҳои нодири хаттии Маркази мероси хаттӣ баргузор гардид. Маросими ифтитоҳи Намоиш бо иштироки ҳаводорони илму фарҳанг, донишмандону олимон аз донишгоҳу донишкадаҳо ва институту марказҳои илмии АМИТ сурат гирифт.
Раҳматкарим Давлатов, директори Маркази мероси хаттӣ, кори Намоишро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр кард: «Нусхаҳои қаламӣ, хусусан «Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи Абдуғанӣ Мирзоев», бидуни тардид, сарвати бебаҳо ва танҳо нақдинаи бамеросмонда аз ниёгон барои миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон аст. «Ганҷина» ҳамчун ҳофизи хотираи таърихии миллати тоҷик, ноқили таърих, тамаддун, фарҳанг, бозгӯсозандаи аҳволи сиёсиву иҷтимоӣ, розҳои ҷаҳонкушоӣ ва авомили сууду суқути давлатҳо ва воҳидҳои бузурги таърихӣ ва ҷуғрофӣ аст. Аммо он феълан мояи ифтихори мо аст, бешубҳа маҳсули заҳмати Абдуғанӣ Мирзоев ва ҳамаи ҳамкоронашон дар даҳаҳои панҷоҳ, шаст ва ҳафтоди садаи гузашта мебошад. Бозёфти ҳар нусхаи хаттӣ аз вайронаҳои таърих пайдо намудани як шахсияти ва як фарди ин миллат дар роҳи эҳёи миллӣ аст. Ба қавли шоир:
Тоҷиконро аз замин чун донаҳо дарёфт ӯ,
Чун китоби куҳна аз вайронаҳо дарёфт ӯ».

Бояд гуфт, ки "Ганҷина"-и мероси хаттӣ ҳамчун муҳимтарин хотираи таърихии тоҷикон маҳсули заҳмат ва ҷонфидоии мардони ба ору номус ва фидоии илму фарҳанг мебошад. 5978 нусхаи хаттӣ ё 14 770 нусхаи қаламӣ ва 6670 ҷилд нусхаи чопи сангӣ ҷамъоваришуда, ки дар "Ганҷина" нигаҳдорӣ мешавад, маҳсули заҳмат ва ҷустуҷӯи наздик ба як қарни ходимони илмӣ, ҳанӯз аз солҳои 30-юми асри гузашта мебошад. 
Гуфта шуд, ки аз 14 770 нусхаи хаттӣ то кунун 3277 нусхаи он тавсиф шуда, феҳристаш дар даҳ ҷилд нашр гаштааст, ки маҳсули заҳмати ҳамкорони Институти шарқшиносӣ дар асри гузашта мебошад.
Абдураҳмон Муҳаммад Наврӯз, ноиби президенти АМИТ, таъкид дошт: «Ҳифзу нигаҳдории дастхатҳо ва мавриди таҳқиқ қарор додани онҳо аз муваффақиятҳои мо дар даврони истиқлол аст ва умедворем боз ҳам ба муваффақиятҳои назаррасе ноил хоҳанд гардид. Ҳоло ба шарофати сиёсати илмпарварона ва фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи шароит ва имконият барои ҷамъоварии осори хаттӣ, таҳияи феҳристи дастхатҳо ва нашри осори классикӣ фароҳам шудааст». 
Маркази мероси хаттӣ мутобиқи ду лоиҳаи супориши давлатӣ бори аввал тавсифи осор ба забони тоҷикӣ ва таҳияи феҳрист ба забонҳои русӣ, англисӣ ва арабиро ба роҳ мондааст. Дар ду соли охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амри ғанӣ намудани "Ганҷина"-и дастхатҳо даҳҳо нусхаи қаламӣ ба "Ганҷина" ворид шудааст. То соли 2022 48 нусхаи мунҳасир мавҷуд буд, ки ҳамаи он то соли 1980 вориди "Ганҷина" шуд. Акнун ҳамкорони Марказ ду нусхаи дигари мунҳасир ва фард, ягонаро ё дастхатти муаллифро пайдо ва вориди "Ганҷина" намуданд, ки яке аз онҳо “Девон”-и Туғрали Аҳрорӣ аст.
 Дар Намоиш таъкид шуд, ки бояд толори намоишгоҳи ихтисосӣ ва доимамалкунандаи намунаҳои осори хаттӣ ташкил карда шавад, то таваҷҷуҳи бештаре ба ин масъала ҷалб ва осори хаттӣ бештар муаррифӣ ва омавӣ гардонда шавад.

Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 05.04.2023 №: 69
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив