ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХУДРО АЗ АФСОНАҲОИ МОДАРАМ ДАРЁФТАМ

ХУДРО АЗ АФСОНАҲОИ МОДАРАМ ДАРЁФТАМ

24 октябр 2024, Панҷшанбе
4
0
 
Ин орифи покниҳод чашми сару чашми дили маро ба олами ҳастӣ боз намуд. Ба ман роҳ рафтан омӯхт то роҳпаймои худ бошаму мунҳариф нашавам. Гуфтан омӯхт, аммо таъкид намуд ноҳақ нагӯям ва дилеро наозорам. Ба шарофати ӯ донистам, ки ҳар инсон бояд бедор бошад, худро шиносад, ба дармондагон ёрӣ расонад, ба имону виҷдону Ватан хиёнат накунад.
Ман девони муътабару ҳикматомези Ҳофизу Саъдӣ, Мавлонову Бедилу Соибро аз паҳлуи кати хоби ин ориф дарёфтам ва моҳияти осори манзуми ин бузургонро аввалин бор маҳз ӯ ба ман тафсир намуд. Осори арзишманди адибони машҳури ҷаҳонро низ.
Модарам омӯзгор аст, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ва ҳам бохабар аз адабиёти классику муосири ҷаҳон. Таърихро хуб медонад, ки мегӯйи мутахассиси ин соҳа бошад.
Ӯ замоне барои идомаи таҳсил аз деҳа ба пойтахт омад, ки он ҳангом аз русто ба хондан рафтани духтарон саҳл набуд, аммо модарам тавонист. Баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) наздики 40 сол дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24-уми ноҳияи Фархор ба хонандагон сабақ медиҳад. Нуҳ сол, то расидан ба синни нафақа, масъулияти директории Муассисаро бар зимма дошт. Баробари ҳашт фарзандро ба камол расондану соҳибмаълумот намудан, дар тарбияи садҳо шогирдон нақши муниру мондагор дорад, модарам Адолат Буриева. Ҳатто, дар мушкилтарин рӯзҳо – замоне ки бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ маориф чун дигар соҳаҳо ҳоли табоҳ дошт, ҳамеша дар мактаб бо шогирдон буд, ҳарчанд баъзе моҳҳо маош намегирифт.
«Бетафовутӣ нисбат ба хонандагон ин беэътиноӣ нисбат ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор ҳақ надорад ба ояндаи шогирд бетафовут бошад». Ман ин ҳарфҳоро борҳо аз модари омӯзгорам шунидаам ва медидам, ки давоми солҳои роҳбариаш талош мекард барои хонандагон шароити хуби таҳсил ва ба омӯзгорон имконоти беҳтарини фаъолият фароҳам оварад. Осон нест тамоми мардуми деҳаро ба ҳам овардан, аммо модарам тавонист. Замони директорӣ боми мактабро, ки дар он наздики 900 хонанда дар ду баст таҳсил мекард, бо ёрии мардуми деҳа пурра таъмир намуду чанд мушкили дигарро бартараф сохт, ки ин кори нек барои сокинони рустоҳои ҳамсоя ибрат гашт. Хидматҳои модарам дар соҳа бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ва ифтихорномаю сипосномаҳои соҳа қадр шудаанд.
Ҳине ки падарам ба хотири таъмини рӯзгор, саодати мо – фарзандон, барои кор ба хориҷ рафт, бори рӯзгор ва тарбияи мо ба дӯши модарам афтод. Мо, нимаҳои ҷону ҷигари падар, дар дасти модар амонат мондем ва ӯ ҳамеша моро эҳтиёт мекард. Чун аскарбачаи посбоне, ки савганди садоқат ёд хӯрдааст, кулбаи падари роҳдурамро аз ҳама хатарҳо эмин медошт. Охир, ин хона на одӣ, балки хонаи умед, хонаи орзуҳои падарам буд. Хонаи орзуҳои мо низ буд, ки баъдтар як-як дунболи ин орзуҳои ширин аз деҳа, аз хонаи падар канда шуда, шаҳр омадему шаҳрнишин шудем ва ҳоло дар соҳаҳои гуногун фаъолият дорем, аммо модарам дар деҳа монд…
Ҳоло ки худ модарам, дарк месозам чӣ сон душвор аст ин. Аммо модарам тавонистанд. Бар замми ин ҳама, модари омӯзгорам, баробари падарам, дар таъмини рӯзгор саҳм мегирифт.
Шикастани анъана дар оила, хоса дар деҳаи дурдаст, мубориза барои соҳибмаълумот намудани духтаронаш кори саҳл набуд. Боз ҳам тавонист, модарам. Мо – духтаронашро барои идомаи таҳсил аз деҳа ба шаҳр фиристода, соҳибтахассус намуд. На танҳо роҳи имрӯзи мо, балки даҳҳо шогирдони дигарашро мунаввар сохт...
Замони кӯдакӣ ҳамеша бо афсонаҳои мароқовараш моро ба олами дигар мебурд. Ба оламе, ки дар он ҳама чи имконпазир буд ва ҳамин махсусияти афсонаҳо моро мутаҳайир менамуд. Медонист, ки афсона ба руҳияву тафаккури фарзандонаш чи асаре мегузорад. Афсонаҳои модарам мармуз буданд ва анҷоми нек, анҷоми ба ҳам монанд доштанд. Дар интиҳо ҳасудону золимон хору залил мешуданд, ошиқони покдил ба висоли ҳам мерасиданд ва некон миёни мардум иззатманд мегаштанд. «Чӯбаки сандалвор», ки қаҳрамони он духтараки қавииродаи кокулдарози маҳҷабин аст, аз издивоҷ бо марди солхӯрдаи сарватманд гурехта, бо додаракаш тавассути чӯбаки сандалвор ба осмон мераваду дар кишвари дигаре пайдо мешавад, афсонаи дӯстдоштаи ману хоҳараконам буд. Тақдир ин духтаракро ба мушкили зиёд рӯ ба рӯ менамояд, аммо дар ниҳоят хушбахт мегардад. Модарам бо ин қиссаи ҷолиб ба мо гуфтан мехост, ки ҳар инсон барои саодатмандии худ, зиндагии шоиста бояд талош намояд. Албатта, роҳ ҳамвор нест ва дар ин ноҳамворӣ тарсуҳо маҳв мешаванд. Фақат диловарон қудрати фатҳи ағбаҳои зиндагиро доранд ва ба саодат мерасанд. Ҳамин тавр, худро аз афсонаҳои модарам дарёфтам, дар афсонаҳои модарам ба камол расидам, неку бадро шинохтам.
Модарам ҳунарманд аст. Ба пешвози Наврӯз ба мо чакан медӯхт ва болои теппаи деҳа, ки бо омадани баҳор лолазор мешуд, Наврӯзро бо пероҳани оростаи чакан истиқбол менамудем.
Модарам эҷодкор аст. Муаллифи аввалин мақола ва мусоҳибае, ки аз рӯзномаи ноҳиявии «Гулистон» дар синфи ҳафтум буданам хондам, модарам буд. Ӯ ҷузъиётеро, ки ба чашми дигарон наменамояд ё дигарон ба назари эътибор намегиранд, мебинад. Ба само назар афканда, аз ҷилваи абрҳо маънӣ меҷуст. Аз бозе, ки риштаи таҳсили олии худро (журналистикаро) интихоб намудам, чунин мушоҳидакориро ба ман низ омӯзонд.
Модарам соҳибназар, соҳибқалам, покдилу меҳрубон, далеру нотарс аст ва ҳоло ҳар сифате, ки дар ҳамели муҳаббат бармечинам, норасост барои бозтоби чеҳраи ӯ.
Модарам ба хотири ба по рост кардани мо заҳмати зиёд кашиданд ва то мо дар зиндагӣ ба по рост шудем, худ ба дарди по гирифтор шуд.
Аз ин дард азият мекашад, вале ҳамоно аз мактаб дил канда наметавонад.
Бемуҳобот, ҳар чи дар зиндагӣ дорем, ба шарофати заҳматҳои модар, шабзиндадориҳои ӯст.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, журналист
Санаи нашр: 24.10.2024 №: 210
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив