ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ

25 октябр 2024, Ҷумъа
26
0


Масъалаи худшиносӣ бо тамоми навъҳо ва шаклҳои зуҳуроташ аз ҷумлаи масъалаҳои марказӣ ва мураккабтарини арзишии ҷомеа аст. Омӯзиши падидаи мазкур дар ҷомеаи имрӯза аҳамияти хосаро касб намудааст, зеро масъалаи худшиносӣ ва, махсусан худшиносии сиёсӣ, барои кулли ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа дорад. 
Ва таббист, ки яке аз навъҳои асосии он худшиносии сиёсӣ мебошад, ки бештар дар ду шакл: инфиродӣ ва дастаҷамъӣ ба амал меояд. Дар сатҳи дастаҷамъӣ воқеӣ гаштани худшиносии сиёсӣ як қатор хусусиятҳо дорад. Дар таркиби неруҳои мухталифи сиёсӣ ва ё умумиятҳои гуногун одамон зудтар ва осонтар талаботу манфиатҳо ва идеалҳои сиёсии худро дониста мегиранд. Ба мақом ва нақши хеш дар муносибатҳои сиёсии ҷомеа хубтар сарфаҳм мераванд. Худшиносии сиёсӣ, ки қисми таркибии шуури сиёсӣ мебошад, се ҷиҳати асосӣ дорад:
1. Худшиносии сиёсӣ ҳамчун ягонагии худмаърифатии сиёсӣ баромад менамояд. Шахс ба саволҳои зиёду гуногун ҷавоб меҷӯяд: Ман кистам? Мақом ва нақши ман дар раванди сиёсӣ чӣ гуна аст? Мақсад, вазифаҳо ва нақшаҳои ояндаи фаъолияти сиёсии ман чӣ гунаанд? Ман чӣ манфиату талабот дорам? Кадом афзалиятҳо дорам? Худмаърифатии сиёсӣ ба сифати маҷмуи донишҳои объективии даркшудаи одамон нисбат ба мақом ва нақшашон дар сиёсат, фаъолияти сиёсӣ ва раванди сиёсӣ амал менамояд. Ахборот ва муқоисаю таҳлили онҳо бо тасаввурот дар бораи нақши одамон, имконият ва қобилияти онҳо дар муҳити мазкур дар маънии хусусиятҳои худмаърифатии сиёсӣ дониста мешаванд;
2. Ҳиссиёти сиёсӣ оид ба масъалаҳои зерин шахсро ба андеша водор намуда, ба онҳо ҷавоби мувофиқ меҷӯяд: Оё кас аз мақом ва нақше, ки дар муносибатҳо ва низоми сиёсӣ дорад, қаноатманд аст ё не? Оё натиҷаҳои фаъолияти сиёсӣ ва иштироки сиёсӣ шахсро қонеъ менамояд ё не? Фаъолияти сиёсӣ дар кадом ҳолатҳо ба муносибатҳои эҳтиромона ва дар кадом ҳолатҳо ба инкори амали хеш меорад? Пас аз он ҳолати дигари сифатӣ пайдо мешавад.
3. Худбаҳодиҳии сиёсӣ, ки дар ин маврид шахс ба қобилият, имконият, натиҷаҳои эҳтимолӣ ва пешомади фаъолияти сиёсии хеш баҳо медиҳад. Тасаввурот дар бораи афзалиятҳои хеш, камбудиҳо ва нақши сиёсии шахс дар ташаккули худшиносии сиёсӣ аҳамияти махсус пайдо менамояд. 
Худшиносии сиёсӣ метавонад, ба омили муҳими таҳкими истиқлолият ва давлатдорӣ табдил ёбад. Махсусан, дар давраи муосири рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зарурати дарки амиқ ва тавсифи пурраю фаҳмои масъалаҳои асосии рушди давлати миллӣ ва ташхиси пешомади давлатдорӣ ба миён омадааст, инкишофи худшиносии сиёсии омма аҳамияти муҳим пайдо менамояд. Чуноне ки Сарвари давлат зикр менамоянд: «Миллате, ки худшиносии миллиро аз даст додааст, аз файзи хираду фарҳанги исломӣ ва умумибашарӣ низ дар канор мемонад».
Қобили зикр аст, ки худшиносии миллию сиёсӣ дар инкишофи истиқлолияти сиёсӣ низ таъсири назаррас дорад. Ҳолати мавҷудияти ҳар як миллат дар истиқлолият аст ва, ҳатто, андешаи истиқлол ба инсон қудрати бузурге эҳдо намуда, иродаи онро қавӣ мегардонад. Пас, истиқлоли андеша бар асоси маърифати ҳастӣ буда, инсонро ба озодӣ ва худогоҳии миллӣ раҳсипор намуда, эътиқоди ӯро нисбат ба Ватан ва истиқлоли он дучанд мегардонад. Истиқлоли Тоҷикистон ин бузургтарин омили рушду инкишоф ва шинохти асолати миллӣ мебошад. 
Барои амалӣ намудани дурнамои истиқлолияти сиёсӣ бояд қобилиятҳои миллиро таҳти назорату дастгирии ҳаматарафа қарор дод. Чуноне ки маълум аст, имрӯз аксарияти кишварҳои тараққиёфтаи ҷаҳон, ба монанди Амрико, Олмон, Ҷопон ва Чин оид ба масъалаҳои қобилиятҳои миллӣ барномаҳои махсуси давлатӣ доранд, ки аз сатҳи мактабҳои таҳсилоти умумӣ то дигар муассисаҳои таълимии олӣ ба қобилиятҳои миллии худ таваҷҷуҳи калон зоҳир менамоянд. Зеро хуб медонанд, ки ояндаи давлату миллат аз тарбияи қобилиятҳои миллӣ вобастагӣ дорад. Дар баробари ин, пойдории дарозмуҳлати истиқлолияти сиёсии миллатҳо низ ба шахсиятҳо ва қобилиятҳои миллӣ вобастагӣ дорад.
Ҳамин тавр, бидуни истиқлолу озодӣ ҳеҷ миллате фурсати тавоноӣ ва қудрате надорад, ки худро муаррифӣ намояд. Бо ҳамин асос, бузургтарин арзиши озодӣ истиқлолияти том аст, ки тамоми зарфияти иқтидор ва тавонмандии фард ва ҷомеаро таъмин менамояд. Пас, истиқлолу озодӣ қатъиян барои таҳлилу тадқиқ ва худшиносии миллию сиёсӣ заминаи босазое гузошта, дар ташаккули идеяи нави миллӣ такони ҷиддӣ дода метавонад.

Рухсора РАСУЛЗОДА, ассистенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 25.10.2024 №: 211
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив