СОҲИБКОРӢ. РУШДИ СОҲАИ ИҚТИСОДСОЗ ДАР АСОСИ КАФОЛАТҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳақ санади олии ҳуқуқиест, ки дар муқаррароти худ тамоми бахшҳои ҳаёти ҷомеаро танзим намудааст. Аз ҷумла, тибқи моддаи 12 Конститутсия давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликиятро кафолат медиҳад. Мафҳуми асосҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ дар ин модда дорои мазмуни ғанӣ буда, барои инкишофи онҳо озодии васеъ пешбинӣ гардида, дар ин самт истифодаи чораю воситаҳое, ки қонун манъ накардааст, имконпазир мебошанд.
Чунин муқаррароти конститутсионӣ дар ҳолест, ки рушди соҳибкорӣ ва дастгирии соҳибкорон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Ин аст, ки барои тавсеаи фаъолияти соҳибкорон як қатор имтиёзҳо ҳам муқаррар гардида, солҳои охир натиҷаҳои дилхоҳ ба даст омадаанд.
Воқеан, фаъолияти соҳибкорӣ неруи пешбарандаи рушди иқтисодӣ, таъмини ҳадафҳои миллӣ ва муҳайё намудани шароит барои зиндагии арзандаи мардум маҳсуб ёфта, нақши он дар афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, ғанигардонии буҷети давлатӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ хеле муҳим арзёбӣ мешавад.
Агар ба иқдомоти амалӣ оид ба дастгирии ин бахши муҳим ва такконбахши иқтисоди миллӣ назар афканем, маълум мегардад, ки низоми рушди соҳибкорӣ тавассути санадҳои ҳуқуқии алоҳида таъмин мешавад. Чунончи, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ” аз 16-уми марти соли 2022, таҳти №362 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” аз 8-уми июни соли 2022 қабул гардид, ки тибқи он то 1-уми январи соли 2023 муваққатан ваколатҳои қисми муайяни мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектони соҳибкорӣ боздошта шуд.
Қобили зикр аст, ки дар ин замина, ҷиҳати тақвият бахшидан ба ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми апрели соли 2022, таҳти №5-31 “Оид ба ташкили назорати прокурорӣ ба риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” ба тасвиб расид. Бар асоси ин фармон, прокуророн вазифадор гардиданд, ки риояи қонунгузорӣ оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкориро ҳамчун самти афзалиятноки назорати прокурорӣ қарор дода, татбиқи амалии кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии соҳибкоронро таъмин намоянд.
Боиси қаноатмандист, ки соҳибкорони шаҳри Душанбе бо истифода аз имтиёзҳои ҷорӣ ва ҳавасмандӣ аз дастгириҳои давлатӣ дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ, сайёҳӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас мегузоранд.
Дар умум, боиси хушҳолӣ аст, ки имрӯзҳо дар заминаи кафолатҳои конститутсионӣ ва ислоҳоти сохтории иқтисодиёт, гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодиёти бозорӣ, шаклҳои гуногуни моликият, амали озоди субъектҳои хоҷагидорӣ дар самтҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки комёбиҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои мухталиф боиси афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ гардида, ҳамаи ин аз натиҷаи фаъолияти озоди иқтисодӣ, ривоҷи соҳибкорӣ, ҳимояи намудҳои моликият, бахусус, моликияти шахсӣ мебошад, ки онҳоро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол кафолат медиҳад.
Ҳоло мо дар арафаи Ҷашни 30-солагии қабули Конститутсия қарор дорем ва ҳар қадар, ки аз давраи қабули он дур меравем, аҳамияти таърихию сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқию фарҳангии ин санади сарнавиштсози миллатро бо мазмуну мундариҷаи нав дармеёбем. Ин амр ишора ба он дорад, ки бояд хидмати онҳоеро, ки таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ва дар такя ба иродаи халқи азизамон ин санади тақдирсозро қабул намуда, бақои давлату миллатро асос гузоштанд, эҳтиром ва чунин шоҳкориро ҳамеша қадр намоем. Дар баробари ин, ҷиҳати татбиқи меъёрҳои Конститутсия, ки кафолати зиндагии дурахшони мост, талош намоем. Зиракии сиёсиро нисбат ба амалҳои манфиатҷӯёне, ки дастовардҳои беназири давлату Ҳукумат ва нақши Конститутсияро дар таъмини суботи сиёсиву иҷтимоӣ нодида мегиранд, аз даст надиҳем, балки ба даъвоҳои беасосашон посухи муносиб диҳем.
Бахтовар ШАРИФЗОДА, ёрдамчии калони прокурори шаҳри Душанбе оид ба назорати иҷрои қонунгузории андоз, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, мушовири адлияи дараҷаи 2
Санаи нашр: 25.10.2024 №: 211