“ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ, БА ПЕШ!”
Таҳти чунин унвон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ аксияи иттилоотию таблиғотӣ бо баргузории роҳпаймоии оммавӣ доир гардид.
Чорабинӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва КИ ҲХДТ дар ВМКБ баргузор шуд.
Нахуст, дар назди Театри мусиқию мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ ба иштирокдорони аксия нишонаҳои сарисинагӣ ва варақаҳои таблиғотии “Тоҷикистон бо Пешвои миллат, ба пеш!” тақсим карда шуд.
Сипас, беш аз 4000 нафар ҳизбиён, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеаи вилоят бо шиору овезаҳои ватандӯстона, Парчаму дигар муқаддасоти миллӣ аз назди бинои Театри мусиқию мазҳакавии ба номи М. Назаров то майдони Исмоили Сомонӣ роҳ паймуданд.
Дар ҳамоиши тантанавӣ раиси вилоят Алишер Мирзонабот, муовини раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ сухаронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки ташрифи навбатии таърихии Пешвои миллат, Роҳбари мушфиқи давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки то ҳол сокинони вилоят ва умуман, мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти таассуроти амиқи он қарор доранд, бори дигар собит сохт, ки чӣ қадар халқ ба Пешвои миллат эҳтирому муҳаббати бузург дошта, Сарвари давлат бошанд, нисбат ба халқ чӣ андоза ғамхору меҳрубон ҳастанд. Хурду бузурги вилоят бори дигар эҳсоси амиқ аз он намуданд, ки Пешвои миллат ба қавлу савганди хеш содиқу вафодор буда, бо заҳмати шабонарӯзӣ ва хизмати хастагинопазирашон тамоми ҳастӣ ва ҳаёташонро ба Ватану миллат бахшидаанд.
Гуфта шуд, ки фазои имрӯзаи сулҳу субот, ваҳдати комили миллӣ, волоияти қонун, раванди бесобиқаи бунёдкорӣ ва ҳамгироии ҳамаҷонибаи тамоми қишрҳои ҷомеа ба ном ва фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут мебошанд.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки бо баргузории раҳпаймоии имрӯза мо мехоҳем, шукргузории хешро аз фазои орому осудаи Ватан, сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ бори дигар баён сохта, зимнан, сипоси бепоён ва самимии мардуми заҳматписанду қадршиноси ВМКБ-ро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳидояту раҳнамоиҳои хирадмандона дар масири бунёдкорию созандагӣ, дастгирию мусоидатҳои ҳамаҷонибаи вилоят ва ғамхориҳои холисонаю беғаразонаи сокинони он изҳор намоем.
Муовини раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ дар баромади худ аз шоҳкориҳои Пешвои муаззами миллат ёдовар шуда, зикр намуд, ки Тоҷикистон бо чунин Роҳбари хирадманд ифтихор дорад ва хурду бузурги ин миллати сарбаланд ҳамеша аз соҳибватан будани худ шукргузор ҳастанд.
Аҳли ҳунари вилоят бо барномаи фарҳангии худ чорабиниро ҳусни анҷом бахшиданд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
НАМОИШИ КИТОБИ ДУШАНБЕ ДӮСТДОРОНИ КАЛОМИ БАДЕЪРО БА ҲАМ ОВАРД
Аз 22 то 24-уми октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор шуд. Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа арзёбӣ мегардад.
Боиси зикр аст, ки дар намоишгоҳи мазкур дар баробари ноширони ватанӣ, ноширону адибон аз давлатҳои Туркия, Эрон, Чин, Ҳиндустон, Россия, Туркманистон, Ӯзбекистон беҳтарин намунаҳои китобҳои нашриёти хешро пешниҳод намуданд. Умуман, беш аз 40 нашриёт зиёда аз 5 ҳазор китоби тозанашрро ба алоқамандони китоб пешниҳод намуданд.
Дар қатори дӯстдорони китоб аз кишварҳои гуногун Асадуллоҳ Исмоилзода ҷиҳати иштирок дар намоиши мазкур аз Ӯзбекистон омадааст. Ӯ сармуҳаррири маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ»-и шаҳри Самарқанд мебошад ва доир ба ин чорабинии муҳим чунин ибрози назар намуд: “Иштирок дар Намоишгоҳи “Китоби Душанбе” 12 сол мешавад, ки дар қалби ман ҷӯш мезанад. Ҳар гоҳ ҳамкасбонам таасуроти хешро аз ин намоиш мегуфтанд, бароям ҷолибтар мешуд. Акнун имкон даст доду имсол ба Душанбе омадам. Нашриётҳои «Китобнашр», «Фан блогӣ» ва «Маҳорат»-и мо бо 250 номгӯй ва 1000 дона китоб дар намоишгоҳ ширкат дорем. Китобҳо бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ ҳастанд. Чизи аҷибе, ки маро бештар ҷалб намуд, тавваҷуҳи зиёди ҷавонони тоҷик ба китоб буд, новобаста ба он ки имрӯз техникаву технология тараққӣ кардааст. Ин ҳамаро мо – мардуми кишвари ҳамсоя аз дастгириҳову ташкили озмунҳои Роҳбари китобдӯсти тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинем. Маҳз чунин озмунҳо ҷавононро ба китобу китобхонӣ баргардонданд. Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ», ки тариқи телевизион пахш мешавад, дар Ӯзбекистон ҳаводорони зиёд дорад”.
Намояндаи Хонаи китоб ва адабиёти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳомид Муҳаққиқ, ки бори аввал ба Тоҷикистон омадааст, дар намоиши мазкур бо хушҳолӣ ва қаноатмандӣ иштирок кард. Ба андешаи ӯ, ташкили чунин намоишҳо метавонад дар кӯтоҳтарин муддат робитаи ноширону адибони тоҷику эрониро мустаҳкам намояд. Иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ имкон медиҳад, ки ноширон тарроҳиву сифати маводҳои полиграфии ҳамдигарро омӯзанд.
- Мо дар ин намоиш бо 300 номгӯйи китоб ташриф овардем. Ин китобҳо аз адабиёти классикӣ ва муосир мебошанд, ки мавзуъҳои мухталиф доранд. Китобҳо ҳам таърихианду ҳам кӯдакона. Ин ҷо боз асарҳои шоирони тоҷикро овардем, ки дар Эрон нашр шудаанд. Чизи хушоянд дар ин намоиш он буд, ки хонандагони зиёд асарҳои Мавлоною Ҳофиз, Фирдавсиву Саъдӣ ва дигар шоирони бузургро мепурсанд, - гуфт Ҳомид Муҳаққиқ.
Боиси зикр аст, ки дар намоиши мазкур аз ҷониби нашриёти ватанӣ китобҳои таърихӣ, илмӣ, бадеӣ ва сиёсӣ, аз ҷумла китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолият ва эҳёи миллӣ», «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Гулнисои САЪДОНШО,
«Ҷумҳурият»