РОҒУН. ШАҲРЕ ДАР МАСИРИ НАВИ РУШД
Имрӯзҳо дар шаҳри Роғун ба шарофати бунёди азимтарин неругоҳи барқӣ дар Осиёи Марказӣ – НБО “Роғун” корҳои созандагиву бунёдкории дигар низ дар авҷанд. Симои шаҳр рӯз ба рӯз зебою дилкаш мегардад. Роҳҳои мумфарш, кӯчаву гулгаштҳои тозаю озода, корхонаҳои навбунёди саноатию муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва иншооти хуштарҳу замонавии маъмурию маишӣ дар шаҳр далели ин гуфтаҳоянд. Бовар аст, ки дар ояндаи наздиктарин Роғун ба як шаҳри бузурги замонавӣ, босуръат рушдёбандаи саноатию энергетикӣ табдил ёфта, дар миёни қуллаҳои сарбафалак ва канори баҳри оби мусаффо чун гулбоғи навини Тоҷикистон дили ҳазорон ҳамватану сайёҳи хориҷиро мафтун хоҳад сохт.
Раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода доир ба ташаббусҳои бунёдкоронаи сокинони ин диёр ҷиҳати истиқболи арзандаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии нуҳмоҳаи соли ҷорӣ дар суҳбат ба рӯзноманигори рӯзнома чунин гуфт: “Аз файзи қадамҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин гӯшаи зархези диёр шукуфтаву ба туфайли заҳмати содиқонаи фарзандонаш ба дастовардҳои шоёни меҳнатӣ ноил мегардад. Сокинони шаҳри Роғун аз суҳбати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба ин шаҳр моҳи сентябри соли равон анҷом доданд, руҳу илҳоми тоза гирифта, бо дилу нияти нек ва бо ҳисси баланди ватандӯстию ифтихормандӣ дар ободониву пешрафти шаҳри худ дастаҷамъона саъю талош доранд”.
Воқеан, тавре мушоҳида мегардад, имрӯзҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳраку деҳоти Роғун корҳои созандагиву бунёдкорӣ босуръат идома доранд ва ҳар нафаре, ки вориди шаҳр мегардад, дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодиро бо чашми сар мебинад. Мардуми заҳматқарини шаҳр ин ҳама ободкориҳоро аз шарофати сиёсати хирадмандона ва ташаббусу иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд.
– Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешидааст. Аз ҷумла, дар шаҳр бунёду навсозии зиёда аз 110 иншооти гуногун дар назар аст. Дар нуҳ моҳи соли равон 44 иншоот ба истифода дода шуд. Бунёди иншооти таъиноти гуногун, пеш аз ҳама, ба хотири некуаҳволии мардум ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳост. Бо дарки он, ки ободии Ватан аз ободии деҳа оғоз мегардад, дар ин кор соҳибкорон ва ашхоси баору номуси маҳаллӣ беш аз пеш саҳм мегиранд. Соли равон бо ҳамдастии онҳо 12 иншоот ба маблағи 4 миллиону 299 ҳазор сомонӣ дар маркази шаҳр ва деҳот бунёд гардид, ки муассисаи таълимӣ иборат аз 5 синфхона дар деҳаи Себнок, нуқтаи таъмири нақлиёт ва мағозаи хӯрокворӣ дар деҳаи Қади Об, гӯшаҳои деҳқон дар кӯчаи Сохтмончиёну Норакиёни маркази шаҳр, кашидани хатти оби ошомиданӣ дар деҳаи Ҷавонӣ аз масофаи 6 км барои 130 хоҷагӣ ва дигар иншооти гуногунсамт аз ҷумлаи онҳост.
Вале ин интиҳои кор нест. Барои сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни фархундаи 35-солаги Истиқлоли давлатӣ дар шаҳраку деҳот корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд, – гуфт раиси шаҳр.
Сунъатулло Саидзода афзуд, боиси сарфарозист, ки Роғун чун яке аз шаҳрҳои зебоманзари Ватан бо кӯҳҳои сарбаафлок, обҳои мусаффо ва макони ҷойгиршавии иншооти аср – НБО “Роғун” мавриди таваҷҷуҳи мардуми кишвар ва хориҷ қарор дорад. Оҳанги хуши дарёҳои Роғуну қиссаю афсонаҳои кӯҳҳои он ба ҳама ошност. Наққоши табиат ин маконро бо зеботарин рангҳо ороста, ки аз диданаш дил ба шӯр омадаву руҳ таскин меёбад. Аз ин рӯ, ҳамчун минтақаи сайёҳӣ эълон шудани шаҳри Роғун амри тасодуф нест. Бо дарназардошти мавҷудияти захираҳои бузурги табиӣ, аз қабили ҳайвоноти нодир, кӯҳҳои дорои гиёҳҳои шифобахш, чашмаҳои мусаффо ва маконҳои истироҳатӣ ин мавзеъ барои рушди сайёҳии табобатию кӯҳнавардӣ тавсия дода мешавад.
Дар ҳамин радиф, гуфтан ба маврид аст, ки таваҷҷуҳи сайёҳон ва меҳмонони дохилию хориҷиро, пеш аз ҳама, иншооти азими аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун», шаҳраки Оби Гарм ва мавзеи Муллошайх, ки дорои обҳои гарми табиии шифобахш мебошанд, ҷалб месозанд. Обҳои мазкур барои бемориҳои буғумдард, пӯст ва дигар намуди бемориҳо хосияти шифоӣ дошта, ҷиҳати рушди сайёҳии муолиҷавӣ дар шаҳр заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Маврид ба зикр аст, ки давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз мавзеъҳои сайёҳии шаҳр беш аз 7 ҳазор сайёҳ (аз ин 1066 сайёҳи хориҷӣ) дидан кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2801 сайёҳ зиёд аст.
– Дар оянда Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим дорад, ки тамоми мавзеъҳои мувофиқ барои сайёҳии табобатӣ, кӯҳнавардӣ ва истироҳатиро омӯхта, шароитҳои заруриро барои сайёҳон дар ин минтақаҳо муҳайё намояд, то ба ин васила, гӯшаҳои биҳиштосои диёрро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонем, – гуфт дар хотимаи суҳбат Сунъатулло Саидзода.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА,
«Ҷумҳурият»