ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “РОҒУН”.  Саҳифаи тоза дар таърихи давлатдории миллӣ

“РОҒУН”.  Саҳифаи тоза дар таърихи давлатдории миллӣ

28 октябр 2024, Душанбе
20
0


 Имрӯз таърих бар дӯши мову шумо мардуми шарафманду сарбаланд ва озодаву худшиноси тоҷик боз як рисолати бузург – бунёди кохи нурро гузоштааст. Ин барои насли мо ҳам масъулияти азим ва ҳам ифтихору шарафи бузургест. Ҳоло майдони сохтмони ин иншооти барои мамлакат тақдирсоз ба корзори заҳмати созанда, майдони ҳиммату ҷавонмардӣ, арсаи озмоиши нангу номус ва гузашта аз ин, ба ғояи миллии мо табдил ёфтааст.
Эмомалӣ РАҲМОН


Таърих ва воқеияти зиндагӣ собит хоҳад намуд, ки  бунёди сохтмони бузурги аср – Неругоҳи барқи обии “Роғун” боиси рушди иқтисоди кишвар ва ғанӣ гардондани буҷети давлат гардида, Тоҷикистонро ҳамчун давлати ободу зебо ва худкифо дар миқёси байналмилалӣ обрӯ ва нуфуз мебахшад. 
Лозим ба тазаккур аст, ки НБО “Роғун” нуҳумин силсиланеругоҳ дар дарёи Вахш ба ҳисоб меравад.  Тавоноиаш аз иқтидори истеҳсолии НБО “Норак” яку ним маротиба зиёд аст.   Бартарӣ ва афзалияти ин Неругоҳ аз дигар неругоҳҳо дар он аст, ки толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо дар зери замин бунёд карда мешаванд. 
НБО “Роғун”-ро метавон сохтмони бузурги аср ва байналмилалӣ номид, зеро дар сохтмони он намояндагони кишварҳои Россия, Чин, Украина, Молдова, Гурҷистон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Непал, Италия, Покистон, Британияи Кабир, Фаронса, Аргентина, Миср, Эфиопия, Малайзия, Филиппин, Марокаш, Нигерия, Камерун, Португалия, Бразилия, Перу, Сербия, Колумбия, Намибия,Чили, Зимбабве ва Панама фаъолона иштирок доранд. 
Тавре ки ҳамаи мо медонем, 5-уми январи соли 2010 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони НБО “Роғун”-ро ҷабҳаи нангу номус номида, аз мардуми шарифи кишварамон даъват ба амал оварданд, ки саҳми худро дар бунёди Неругоҳ гузоранд. Ин даъвати ватандӯстонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳарчи тезтар суръат бахшидан ва анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузург буд. Ҳарчанд ки дар масъалаи бунёди НБО “Роғун” дар он даврон мушкили зиёде пеш меомад, аммо азму иродаи қавии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи монеаҳоро бартараф намуда, ба мардуми  шарифу сарбаланди Тоҷикистон муяссар гардид, ки то имрӯз, аллакай, ду чархаи ин Неругоҳро фаъол созанд.
Лозим ба тазаккур аст, ки 29-уми октябри соли 2016 бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди НБО “Роғун” оғоз гардида буд. Худи ҳамон рӯз Роҳбари давлат паси чанбари булдозер нишаста, яку ним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди Неругоҳ ҳусни оғоз бахшиданд. 
Тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ, сохтмон, азхудкунии захираҳои бузурги гидроэнергетикии мамлакат барои дигаргунсозии иқтисоди Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа дорад.  Сохтмони НБО “Роғун” пурра ба сиёсати энергетикӣ ва дипломатияи оби Тоҷикистон бо мақсади таъмини истиқлоли энергетикӣ ва амнияти ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мувофиқат менамояд. Чунки дар ояндаи наздик истеҳсолу истифодаи “энергияи сабз” дар мамлакат имкон хоҳад дод, ки аксарияти аҳолӣ ба истифодаи нақлиёти барқӣ гузаранд ва ба ин тартиб талаботи ҷумҳурӣ аз маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода шавад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон низ метавонад солҳои наздик ба истеҳсолкунандаи автомобилҳои барқӣ дар миқёси минтақа мубаддал гардад.
Бояд қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтавои худ дар рӯзи оғози расмии сохтмони НБО “Роғун” 26-уми сентябри соли 2005 таъкид намуда буданд: “...Ин иншооти азими стратегӣ ҷаҳиши бузурге дар роҳи таъмини истиқлоли энергетикии Тоҷикистон буда, дар ин кор саҳми арзандаи кишварҳои Тоҷикистону Россия дар самти наҷот бахшидани баҳри Арал аз хушкшавӣ хоҳад буд, ки аҳамияти  муҳими минтақавӣ дорад”. Хусусияти дигари  НБО “Роғун” дар амал ҳамаҷониба татбиқ намудани ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Президенти кишвар дар самти истифодаи самараноки захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо ва аз ифлосшавӣ эмин нигоҳ доштани муҳити зист низ  ба шумор меравад.
Мухбирҷон КЕНҶАЕВ, 
рӯзноманигор

Санаи нашр: 28.10.2024 №: 212-213
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив