БАХТНОМАИ МИЛЛАТ
Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои таърихӣ ва қобили таваҷҷуҳе ба шумор меравад, ки дар таҳкими аркони давлативу ҳаёти осоишта нақши муҳим гузошт. Қабули ин санади олии ҳуқуқӣ, низоми зиндагии моро мувофиқ ба талаботи замони муосир муқаррар кард.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора зикр карда буданд: “Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ давлати наву мустақили Тоҷикистон дар доираи меъёрҳои ҳуқуқии замони гузашта ба фаъолият шуруъ кард. Ва дере нагузашта маълум гашт, ки қолаби куҳна ба ҷисми нав мувофиқ нест”.
Қобили зикр аст, ки кӯшишҳои аввалини таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (24-уми августи соли 1990) сарчашма мегирад, ки дар ин ҳуҷҷат асоси таҳияи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шуда буд. Ҳарчанд ҳамон замон Комиссияи тайёр намудани лоиҳаи Конститутсия созмон ёфта буд, вале воқеаҳои рӯйдода кори онро ба таъхир меандохтанд. Танҳо дар Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони халқ ба ин масъала баргашта, дар иҷлосияи ҳабдаҳуми Шурои Олӣ (26-уми июли соли 1993) ба ҳайати Комиссияи конститутсионӣ тағйироти дахлдор ворид гардид. Комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии Раиси Шурои Олӣ (Сарвари давлат) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро вусъат бахшида, мунтаҳо ба натиҷа даст ёфт. Натиҷа ин буд, ки 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ки дар рушди давлатдории тоҷикон саҳифаи навро кушод.
Конститутсия дар шароити мушкили низмомию сиёсӣ қабул гардида бошад ҳам, коршиносони байналмилалӣ онро дар қатори беҳтарин конститутсияҳо ном мебаранд. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ фарҳанги баланди мардуми тамаддунсози тоҷикро таҷассум намуд, ки дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ, ягонагӣ ва муттаҳидии худро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ нишон доданд.
Маҳз дар Конститутсия ниҳодҳои бунёдии давлати муосири Тоҷикистон, принсипҳои нави давлатсозӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ нақши меҳварӣ ва инъикоси меъёрии худро касб намудаанд, зеро Конститутсия ҳуҷҷати барномавие мебошад, ки дурнамои пешрафти давлату ҷомеаро муайян мекунад.
Мусаллам аст, ки ҳаёти ҷамъиятии ҳар як давлат дар асоси низоми ҳуқуқӣ пеш рафта, волоияти қонун аз муҳимтарин принсипҳои давлати ҳуқуқбунёд дониста мешавад, зеро, агар дар ҷомеа ҳуқуқ ва қонуният риоя нагардад, пас, дар чунин ҷомеа адолати иҷтимоӣ таъмин карда намешавад.
30 соли амали Конститутсия нишон дод, ки ин ҳуҷҷати муҳими сиёсию ҳуқуқӣ дар худ фарҳанги миллати қадимаю тамаддунсози тоҷикро таҷассум намуда, имрӯз ва оянда барои мардуми шарифи кишвар хизмати сазовор карда метавонад.
Матлуба ҲАЙДАРОВА,
корманди Коллеҷи омӯзгории
ДДБ ба номи Носири Хусрав