ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАҲОВАРДИ ИСТИҚЛОЛ Ё БИСТ ДАСТОВАРДИ МУҲИМТАРИНЕ, КИ САҲИФАҲОИ ТАЪРИХИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНРО РАНГИН МЕСОЗАНД

РАҲОВАРДИ ИСТИҚЛОЛ Ё БИСТ ДАСТОВАРДИ МУҲИМТАРИНЕ, КИ САҲИФАҲОИ ТАЪРИХИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНРО РАНГИН МЕСОЗАНД

28 октябр 2024, Душанбе
12
0


1. ПАРЧАМ ВА НИШОН 
Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он поягузор ва меъмори давлатдории навини тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардиданд. Маҳз дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз Парчами давлатӣ қабул гардида, аввалин маротиба дар бинои Қасри Арбоби Хуҷанд гузошта шуд. 
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуда, 28-уми декабри соли 1993 тасдиқ гардидааст. 

2. ПУЛИ МИЛЛӢ 
10-уми майи соли 1995 пули миллӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500, 1000 рубли намунаи соли 1994 ба муомилот баромад. Ин падидаи муҳим барои рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ аҳамияти муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дошт, ки бо мусоидати Хазинаи байналмилалии асъор сурат гирифт. 
Баъдан, тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми октябри соли 2000, дар хусуси аз таърихи 30-юми октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар – "Сомонӣ", ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849-907) номгузорӣ шудааст, пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд. 

3. КОНСТИТУТСИЯ 
6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Конститутсия барои таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор додани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, инчунин, бунёди ҷомеаи адолатпарвар асос гузошта, кафолати таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон гардид. Маҳз дар Конститутсияи соли 1994 эъмори Тоҷикистон ҳамчун давлат дар асоси принсипҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян гардид. 

4. КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ
Маросими ба истифода додани бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон 20-уми марти соли 2012 дар арафаи Ҷашни байналмилалии «Наврӯз» ба вуқуъ пайваст, ки дар расми ифтитоҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. 
Бинои он аз нуҳ ошёна иборат буда, шакли китоби кушодаро дорад. Китобхонаи миллӣ бузургтарин махзани дастхатҳо, нашрияҳои чопӣ ва адабиёти илмиву бадеии полиграфӣ дар кишвар аст.

5. НАҚБИ “ИСТИҚЛОЛ”
Бунёди нақби «Истиқлол» аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад, ки шимоли ҷумҳуриро бо марказ пайваст. Нақби мазкур ба 5040 метр тул мекашад, ки бо харҷи 39 миллион доллари ИМА бунёд ёфтааст. 26-уми июли соли 2006 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод нақби мазкур мавриди истифода қарор гирифт. 

6. НАҚБИ "ШАҲРИСТОН"
Ҷойи таъкид аст, ки дар баробари нақби “Истиқлол” нақби "Шаҳристон" низ роҳи байни шимолро бо маркази мамлакат кӯтоҳ кард. Агар қаблан ин роҳро дар 12 – 15 соат тай мекарданд, акнун имкон фароҳам омад, ки дар 3 – 4 соат ба ҷойи дилхоҳ бирасӣ. Масофаи ин нақб 5253 метр буда, корҳои сохтмонӣ моҳи августи соли 2006 оғоз ёфта, моҳи октябри соли 2012 ба анҷом расиданд. 

7. НАҚБИ “ОЗОДӢ” 
Агар нақби “Истиқлол” шимоли кишварро бо марказ пайваста бошад, пас нақби Шар-Шар ин вазифаро дар ҷануб иҷро кард. То кушодашавии он, сокинон наметавонистанд дар фасли сармо ба марказ омадурафт намоянд. Аммо сохтмони ин нақб, ки бо кумаки молиявии Чин анҷом пазируфта, моҳи сентябри соли 2009 мавриди истифода қарор гирифт, ин мушкили сокинонро рафъ сохт. Дарозии нақби “Озодӣ” 222 метр аст.

8. НАҚБИ “ХАТЛОН”
Нақби «Чормағзак», ки ба “Хатлон” тағйири ном кард, моҳи ноябри соли 2013 ифтитоҳ гардид. Амалисозии лоиҳаи сохтмони ин нақб бо арзиши умумии 68 миллион доллари ИМА моҳи марти соли 2010 оғоз гардид, ки дарозии он қариб 4,5 ҳазор метрро ташкил медиҳад. Лоиҳа дар доираи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Данғара татбиқ шуд. Пас аз ба истифода додани нақб, масофаи роҳи мошингарди мазкур дар муқоиса бо роҳи Душанбе – Бохтар – Кӯлоб 100 километр кӯтоҳтар шуд.
9. ХАТТИ БАЛАНДШИДДАТИ БАРҚИИ “ҶАНУБ – ШИМОЛ”
Хатти баландшиддати барқии “Ҷануб – Шимол” бо харҷи 640 миллион доллари ИМА сохта шуд. Сохтмони хатти барқии мазкур, ки 350 километр дарозӣ дорад, соли 2006 оғоз ёфта, соли 2011 анҷом пазируфт. Тавассути ин хат неруи барқ аз ҷануб ба вилояти Суғд интиқол меёбад. 

10. КОХИ НАВРӮЗ 
Ин шоҳкори муҳташами аср, ки дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол - шаҳри Душанбе қомат афрохтааст, ҳамчун маҷмааи нодири фарҳангӣ – фароғатӣ бо ташаббуси Пешвои миллат бунёд шудааст. Он бузургтарин Кох дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, фаротар аз як маҷмаа амсоли ганҷина ё худ осорхонаи таъриху тамаддун ва фарҳангу ҳунарҳои мардумии миллати тоҷик дар як муддати кӯтоҳ ба ҷаҳониён муаррифӣ гашт.
Хишти аввали онро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 гузоштанд ва моҳи  сентябри соли 2014 зимни баргузории ҷаласаи навбатии сарварони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо иштироки роҳбарони давлатҳои аъзо ва нозирони байналмилалӣ дари он ба рӯи меҳмонон боз шуд. Кох аз панҷ ошёна ва 15 толор иборат буда, бо санъати волои гаҷкорӣ, ойинабандӣ, наққошӣ, кундал, кандакорӣ, сангтарошӣ, чӯбкории ҳунармандони тоҷик оро ёфтааст. 

11. ЭСТАКАДА
5-уми сентябри соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт аввалин эстакада (роҳи сесатҳа)-ро дар пойтахт ифтитоҳ намуданд. Он дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе – Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд гардидааст.
Чорсӯ аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дувуми чорроҳа роҳи давродаврие бунёд шудааст, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути нишонаҳои махсус роҳнамоӣ карда мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб пул бо дарозии 125 метр ва паҳноии 24,8 метр мегузарад. Дар доираи ин лоиҳа 4 роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудаанд.
12.    ҚАЛЪАИ ХУҶАНД 
Навсозии  Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд», ки моҳи апрели соли равон ифтитоҳ гардид, идомаи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат мебошад.Он яке аз калонтарин қалъаҳои дорои таърихи дерина ба ҳисоб рафта, қисми боқимондааш дар маркази шаҳри имрӯзаи Хуҷанд, дар соҳили чапи Сирдарё, ҷой гирифтааст. Ин Қалъа дар асрҳои VII пеш аз милод бунёд гардида, то асри нуздаҳум вуҷуд дошт. Дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ, аз Қалъаи Хуҷанд бозёфтҳои нодири давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик – Ҳахоманишиён, Селевкиён, Юнону Бохтар, Ҳайтолиён, Сомониён ва монанди инҳо ба даст омадаанд. Ин бинои муҳташам имрӯз ҷойи тамошои сайёҳони дохиливу хориҷист. 

13.    РОҲИ ОҲАНИ ДУШАНБЕ – БОХТАР 
Аз 19-уми марти соли 2009 сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Бохтар (қисмати Ваҳдат – Ёвон, бо дарозии 40,7 километр) оғоз шуда, дар рӯзҳои Ҷашни 25-солагии Истиқлоли давлатӣ, яъне сентябри соли 2016, мавриди истифода қарор гирифт. Дар тули ҳамин роҳ, инчунин, 3 нақб бо дарозии 3643 метр, 8 пул бо дарозии 683,2 метр  сохта шуд. Барои пурра сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин роҳ 985 миллион сомонӣ сарф шудааст.
Ин роҳ барои рушди иқтисоди миллӣ ва васеъ шудани имкониятҳои соҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон нақши муҳим дорад. 

14.    РОҲИ КУЛМА – МУРҒОБ 
Бо бунёд ёфтани роҳи Кулма – Мурғоб шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ ба ҷодаи муҳими муросилотӣ табдил ёфта, имрӯз аз тариқи он ба тамоми манотиқи ҷумҳурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин борҳои гуногуни хоҷагии халқ кашонда мешавад. Роҳ байни ВМКБ ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ аз тариқи навоҳии вилояти Хатлон тамоми сол боз аст. Навсозии шоҳроҳи Кӯлоб – Дарвоз – Кулма идома ёфта, он торафт бештар ба талаботҳои стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мегардад. 
15. НБО “РОҒУН” 
16-уми ноябри соли 2018 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ чархаи (агрегат) якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд. 9-уми сентябри соли 2019  маҳз дар рӯзи Истиқлоли давлатӣ чархаи дуюми Неругоҳ ба кор даромад.  
Бунёди НБО «Роғун»  исботгари он аст, ки халқи тоҷик халқи тавоно ва созандаю бунёдкор буда, қодир аст бо азми қавӣ, меҳнати садоқатмандона ва ваҳдату ҳамбастагӣ ба ҳама мақсадҳо  ва ормонҳои таърихии хеш ноил гардад. 

16. САНГТӮДА – 1 ВА 2 
Сохтмони Неругоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" соли 2004 оғоз ёфта, соли 2009 пурра ба фаъолият оғоз кард. Сохтмони Неругоҳи барқии обии "Сангтӯда-2" бошад, моҳи феврали соли 2006 оғоз ёфт. Агрегати якуми Неругоҳ моҳи сентябри соли 2011 ва агрегати дуюм моҳи сентябри соли 2014 пурра ба кор даромада, иқтидори онҳо 220 мВт мебошад. 

17. МБГ "ДУШАНБЕ-2"
Марҳалаи аввали Маркази барқу гармидиҳӣ моҳи ноябри соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Хишти аввали марҳалаи дуюми он моҳи сентябри соли 2014 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин гузошта шуд. Ифтитоҳи МБГ "Душанбе-2" бо иқтидори 300 мВт ва 167 Гкал гармӣ моҳи декабри соли 2016 бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. 

18. МД "МАҶМААИ ТАНДУРУСТИИ ИСТИҚЛОЛ” 
4-уми марти соли 2016 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” дар масоҳати 105 ҳазор метри мураббаъ  ифтитоҳ гардид.
Ин маркази  муҳташами тандурустӣ дорои 38 бинои аз 1 то 9-ошёна буда, дар онҳо ҳамаи шароити зарурӣ барои қабул, муоинаю ташхис, табобат ва фароғату тавонбахшӣ муҳайё шудааст. Дар Маҷмаа дастгоҳҳои нодиртарин насб гардидаанд, ки ягона дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд.

19. МАЙДОНИ “ИСТИҚЛОЛ”
Дар арафаи Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ дар пойтахти мамлакат Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол” дари худро ба рӯи сокинону меҳмонон боз намуд, ки он рамзи истиқлолу озодии мардуми шарафтанди кишвар аст. Дар қисми болоии Маҷмаа тоҷи қутраш 8-метра ҷойгир мебошад, ки ифодагари соҳибдавлату соҳибтамаддун будани миллати тоҷик аст. 
14 деворнигора намои берунии Маҷмааро зеб медиҳанд, ки дар онҳо таърихи шашҳазорсолаи халқи тоҷик ҳаккокӣ ёфтаанд. 

20. МАСҶИДИ ҶОМЕИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе 8-уми июни соли 2023 дари худро ба рӯи намозгузорон боз кард, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад.
Ҳанӯз 5-уми октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва олимону сиёсатмадорони воломақоми кишварҳои зиёди ҷаҳон санги асоси ин бинои бошукӯҳ гузошта шуд.
Масҷид дар ҳудуди 12 гектар, ки бинои масҷид дар 3 гектари он ҷойгир шудааст ва дорои 3 даромадгоҳи калон мебошад, бунёд гардида, имконияти гунҷоиши 133 ҳазор намозгузорро дар як вақт дорад. Он аз 4 манора бо баландии 74 метр, ду манораи хурди ороишӣ бо баландии 21 метр, гунбади зебову мунаққаши калон бо баландии 43 метр ва 17 гунбази хурд бо баландии 35 метр иборат мебошад.

Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА, 
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 28.10.2024 №: 212-213
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив