ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АБДУШОКИР ЭҲСОНОВ: «ДАСТОВАРДҲОИ ТИББИ ТОҶИКРО НОДИДА НАГИРЕМ»

АБДУШОКИР ЭҲСОНОВ: «ДАСТОВАРДҲОИ ТИББИ ТОҶИКРО НОДИДА НАГИРЕМ»

28 октябр 2024, Душанбе
16
0



Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. 
Моддаи 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҳамчун туҳфаи Ҳукумат дар арафаи Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 25-солагии Истиқлоли давлатӣ ба мардуми Тоҷикистони азиз арзёбӣ шуд. 
Имрӯз ба шуъбаи кӯдаконаи осебшиносӣ-ортопедии ин Муассисаи номвар олими ҷавон, ҷарроҳи шинохта Абдушокир Эҳсонов роҳбарӣ мекунад. Вай соли 1987 дар шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Аз хурдӣ ба касби падар – табибӣ меҳр баст. Қиблагоҳаш Сафармат Эҳсонов, Аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 1985 ҳамчун ҷарроҳ фаъолият дорад. Ӯ дар симои писараш Абдушокир табиби ояндаро дида тавонист ва барои ба зинаҳои камолоти табибӣ баромаданаш тамоми донишу таҷрибаашро барояш бахшид. 
Абдушокир баъди хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соли 2011 бо ихтисоси осебшинос-ортопед дар Беморхонаи рақами 3-юми шаҳри Душанбе ҳамчун травматолог-ортопед ба табобати маризон пардохт. Ӯ хислати аҷибе дорад, ҳамин ки каме фурсати фароғат ёфт, ба омӯхтани дастовардҳои илмӣ машғул мегардад. Забонҳои русию англисиро баробари забони модариаш медонад, аз ин рӯ, дар пажӯҳиш душворие пеш намеомад. Вай бо тавсияи падар ба табобати буғуми косу рон машғул шуд, зеро дар ин соҳа мутахассисон ангуштшумор буданд ва то соли 2011 дар Тоҷикистон ҷарроҳии буғумҳо роиҷ набуд. Вай унвонҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино шуд ва бо роҳбарии доктори илми тиб, профессор Абдувалӣ Раззоқов дар мавзуи «Ивазсозии буғуми косу рон дар беморони куҳансол ҳангоми остеопороз» рисолаи илмӣ навишт ва соли 2022 ҳимоя намуд. 
– Дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» барои пеш бурдани корҳои илмӣ ва табобати беморон тамоми шароит муҳайёст, бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корпусҳои дармонгоҳ бо таҷҳизоти муосир пурра муҷаҳҳазанд. Ташхисҳо ба дараҷаи олӣ гузаронда мешаванд, сабабҳои бемориро фавран ошкор намуда, ба табобат мепардозем, – мегӯяд ҷарроҳ. 
Абдушокир Эҳсонов дар пажӯҳишгоҳу беморхонаҳои кишварҳои Россия, Чин, Чехия, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Олмон донишу таҷрибаашро сайқал бахшида, худ низ дар конфронсҳо, семинару маҳфилҳои илмӣ бо забони англисӣ маърузаҳо кардааст. Аз соли 2012, ки нахустин ҷарроҳии мустақилонаашро гузаронда буд, танҳо аз рӯйи бемории буғумдард ва иваз намудани буғумҳо 6 ҳазор ҷарроҳиро анҷом додааст. Вай барои чор пешниҳоди илмиаш (тарзу усулҳои нав ба нави ҷарроҳӣ) ба узвияти Академияи илмии хусусии ИМА, ки дар бисёр мамлакатҳои дунё, аз ҷумла дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон филиал дорад, пазируфта шудааст. 
Вақте ки ба қабулгоҳаш – бинои Маркази тиббии ортопедияи муосир омадам,  корафтодаҳои зиёдеро дидам. Онҳо бо ҳам дар суҳбат буданд ва бештар аз дасти сабук доштан, самимият ва одамияти Абдушокир ҳарф мезаданд ва мегуфтанд, ки аз рӯйи шунидашон то ҳол ягон беморе аз ҷарроҳии ӯву ҳамкоронаш ба ҷойе шикоят набурдааст. Ҳамчунин, беморони модарзодро ройгон ҷарроҳӣ мекардааст.  Аз байни онҳо шахси зиёие гуфт, ки  Абдушокир олими ҷавон аст, ба шарофати истиқлоли давлатии кишвар имкони васеи таҷрибаомӯзӣ ва эҷоди мақолаҳои илмӣ дарёфт ва  шуҳрат пайдо намуд. 
Чун ба суҳбаташ мушарраф гаштам, ӯ гуфт: «Соҳибистиқлолӣ диёри моро хеле ободу пешрафта кард, садҳо бемористон, бунгоҳҳои саломатӣ, дармонгоҳҳо, санаторияҳо, фароғатгоҳу истироҳатгоҳҳои муосир бунёд шуданд ва мо, табибон, имрӯз аз тамоми ҳуқуқҳое, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бароямон фароҳам овардааст, истифода мебарему ба нафъи мардум корҳои табобативу илмии худро пеш мебарем, то ки онҳо рӯзгоре хуш ба сар баранд». 

Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»


Санаи нашр: 28.10.2024 №: 212-213
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив