ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЛИБОСИ МИЛЛӢ – ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

ЛИБОСИ МИЛЛӢ – ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

28 октябр 2024, Душанбе
51
0


Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаҳои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати кишвар гардида, бо дастуру супоришҳо ва таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъат ва ривоҷу равнақи тоза гирифт.
Тавре аз таърих маълум аст, миллати тоҷик дорои таърихи қадима ва фарҳанги тамаддунофар мебошад ва аз аввали солҳои давлатдорӣ вобаста ба мавқеи ҷамъиятии худ, ба масъалаи пӯшидани либос диққати махсус медод. Фарҳанги либоспӯшӣ дар байни мардуми ориёӣ бо мурури замон, оҳиста-оҳиста тараққӣ ёфта, ба маданияти ҷудогонаву рушдёфта табдил ёфт ва санъати либоспӯшӣ симои мадании миллати моро муайян ва муқаррар намуд.
Дар замони муосир ҳар як халқу давлат, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мувофиқ ба шароити иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои ҳамон ҷомеа ва миллати худ хос либоси махсусро интихоб карда, онро ба расмият даровардааст.
Тавре ки Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд:  «Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳар чи зудтар хотима бахшида, сарулибосҳои миллии духтарону бонуворро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».  
Дар робита ба масъалаи мазкур, ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз тақлид ба фарҳанги бегона ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ зарур меояд, ки зимни баргузории машғулиятҳои тарбиявӣ, ба масъалаҳои арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, одоби пӯшидани либос ва риояи меъёри муқарраргардидаи тартиби либоспӯшии донишҷён аҳамияти ҷиддӣ дода, ба корҳои фаҳмондадиҳӣ тақвият бахшем, ҳамчунин, дар ин замина дар замири онҳо фарҳанги либоспӯшии миллиро бедор намоем, зеро либос яке аз рукнҳои муҳим ва ифодагари тамаддуни хеле пешрафтаи халқи тоҷик мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки аз қадимулайём гузаштагони мо бофарҳанг, бомаданияту зебопараст буданд ва бо пӯшидани либосҳои миллии худ ҳам тамаддун ва ҳам фарҳанги миллати тоҷикро дар таърихи башарият маъруфу машҳур намудаанд. Арзишмандии маънавии онро ҳифз карда, то ба мо расондаанд. Наслҳои оянда низ бояд ба мероси ниёгон ҳамчун меросбарони бофарҳанг арҷгузор бошанд.
Дар ин раванд дарк ва омӯзиши фазилат ва ҳикмате, ки либоси миллии ҳар халқ дар худ симои маънавии ӯро таҷассум менамояд, василаи муҳими худшиносӣ ва худогоҳӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳама давру замон инкишофу пешравии фарҳанги миллӣ дар дасти ҷавонон буд. Ҷавондухтарон метавонанд, фарҳанги худро боз ҳам баланд бардошта, бо либоси адрасу атлас ва чакан, мӯйи бофта, тоқии гулдӯзӣ худро зебу зинат дода, маданияти миллии тоҷиконро бо ин амалашон дар олам муаррифӣ созанд.
Хушбахтона, моҳи ноябри соли 2018 чакани тоҷикӣ ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуда, дар арсаи ҷаҳон маъруф гардид. Либоси миллӣ ойинаест, ки дар он фарҳанги миллии мо инъикос ёфтааст. Миллати тоҷик миллати соҳибтоҷ аст, аз ин лиҳоз, дар тамоми соҳаҳо мо бояд аз таърихи бостониву тамаддунсози худ, аз ҳунар ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, ҳамзамон, аз либосҳои миллӣ, аз матои атласу адрас ва зардӯзиву чакан, ки моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, бархӯрдор бошем.
Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат ба шумор мерафт. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хосаи муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо либоси хоса пеши назар меояд.
Вақте ки духтарони мо аз матои атласу адрас бо тарҳи муосир либосҳои шинаму зебо дӯхта онро ба бар мегиранд, бо рангинкамонии худ ба ҳусни бонувони тоҷик як зебоии дигарро зам менамоянд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба қадри фарҳанги волои тоҷиконаи худ бирасем ва иффату зебоии занонаи худро ҳамеша нигаҳбон бошему ҷавондухтаронро дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва хештанпарастӣ тарбия намоем ва аз либоси миллии худ ифтихор дошта, муаррифгари миллати фарҳангсолору тамаддунофари худ бошем.

М.Н. АНВАРОВА, 
дотсенти кафедраи филологияи араб, факултети забонҳои шарқи МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров"

Санаи нашр: 28.10.2024 №: 212-213
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив