ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАНДАИ БАХТИ НАГУНГАШТА

ХАНДАИ БАХТИ НАГУНГАШТА

28 октябр 2024, Душанбе
2
0


Бахти Маҳина аз хурдӣ омад накард. Дувоздаҳсола буд, ки падараш оилаи онҳоро тарк намуд. Модараш бо ӯ ва панҷ хоҳари дигараш дар ҳавлии калон ҳайрону зор монданд. Ваҷҳи падар писар таваллуд накардани ҳамсараш буд, агарчи фарзанди сеюмашон писар буду пас аз сесола шудан вафот кард. 
Духтари қадрас шуду бо як ҷаҳон орзу, ба ҷавони дӯстдоштааш ба шавҳар баромад. Ҳамагон ба ин ду ҷавони ба ҳам муносиб бо ҳавас менигаристанд. Лек  хурсандии ӯ дер давом накард, пас аз се соли хонадориву ҳаёти ширин, бинобар бахти модарӣ насиб нагардидан, шавҳари дӯстдоштааш ҷавоби ӯро дод. Духтари ба хонаи модарбаргашта, монанди хишти аз қолаб беруномадаву дарбеҳи ночаспон будааст. 
Маҳинаро ин навбат  як марди  бевамонда, бо чаҳор фарзанд ба занӣ гирифт.  Фарзандон, ки калон буданд, бо модарандар унс нагирифтанд. Осмон гӯё дар назари Маҳина тамоман тира гашту умедҳояш ҳама барбод рафтанд. Хонаи шавҳари дуюмро ҳам тарк кард. Дилаш аз шавҳар ҳам монду аз зиндагӣ ҳам. Аммо дар як кунҷи дил умед буд, ки шояд замоне  соҳиби оила, шавҳар ва фарзандон шавад ва ҳамин гуна ҳам шуд.
Симин, ки бо чаҳор бача бева монда, занаш ҳангоми таваллуди тифли панҷум аз дунё гузашта буд, Маҳинаро хостгорӣ кард. Аҷибаш он, ки зани аввал ва, ҳатто, дуюми Симин ҳамноми Маҳина буданд. Се духтараки ятим ва ҳам писари Симин Самандарро Маҳина модарвор ба оғӯш гирифта калон кард. Самандар аз модари худ дусола монда буду то вафоти нобаҳангоми падараш Маҳинаро ҳеҷ озоре намедод, модар мехонд. Баъд аз он ки духтарон паси ҳам соҳиби оилаву фарзанд гаштанд, ба Самандар ҳам Маҳина арус овард, дар чилсолагӣ соҳиби набера ҳам гашт, аммо боз ҳавлии шавҳар ба ӯ танг шуд. Келин бо ӯ муросо накарду Самандарро ба зидди Маҳина шӯронд. 
- Ту модари ман не, нест шав аз ин хона! – Бо шунидани ин суханҳо боз ҷаҳони Маҳина  аз нав торику тира гашт. Мақоли мардумӣ пайваста дар гӯшаш  садо медод: «Фарзанди касон намекунад, фарзандӣ». Ин суханҳои ҳамон Самандари кӯчаке буд, ки бо ҳазор орзуву умед Маҳина  ба оғӯш гирифта, ба қавли мардум худаш нахӯрду ӯро хӯронд, напӯшиду пӯшонд, лек сад афсӯс…
Бо ашкони шашқатор ба хонаи модар баргашт. Дар ин хона, ки ба писари хоҳари хурдиаш мерос монда буд, боз ҳамон рӯзгори тира насибаш гардид. Барои бевазан дар ҷомаеи имрӯза зиндагӣ басо мушкил аст… Ин навбат бо Комил, ҳамсояи рӯ ба рӯяшон, ки солиёни зиёд  дар Русия зиста, бо зани русаш номуросову маъюб шуда баргашта буд, оила бунёд намуд. Шояд подоши некиҳояш ба ятимон буд, ки дар синни 45 солагӣ соҳиби фарзанд шуд. Умедҷон ном гузошт, нури чашмонашро. Акнун хонааш пурнуру чашмонаш  равшан, зиндагиаш ранги дигар гирифт, чунки Модар аст.  
Дар оилаву оиладории мардуми мо мақоми зан – модар хеле болост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо ва паёмҳояшон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд. Зеро занон дар ҷомеаи Тоҷикистон 50 фоизи аҳолиро ташкил карда, дар пешрафти соҳаи мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муҳимро мебозанд.  Маҳз дар замони истиқлоли давлатӣ бонувон дар рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолтар гашта, баҳри баланд бардоштани рисолати худшиносӣ, пешгирии тамоюли афзоиши бегонапарастӣ дар байни занон, мусоидат ба таҳсил ва ҷойи кор дар ҳамкорӣ бо сохторҳои масъул тадбирҳои судманд роҳандозӣ менамоянд.
Барҳақ, модарро бузургтарин офаридгор пас аз Худованд медонанд. Ҳеҷ фардеро дар зиндагӣ аз модараш бештар касе дӯст намедорад. Модар омодааст, ҳамеша дасти фарзанд гирад, кӯмак кунад, агар лозим ояд барои наслаш ҷонашро қурбон созад. Беҳуда намегӯянд, ки ранҷи барои ба дунё овардани фарзанд  кашидаи модарро  наметавон ба ҳеҷ ганҷе ҷуброн намуд. Пас месазад барои ба ҷо овардани иззату икроми ӯ, дар ҳар  кӯчаву хиёбони шаҳру деҳот ёдгорие, муҷассамае гузошт! 
Обидҷон КАРИМӢ, 
муҳаррири  МД  ТВ «Синамо» 
дар вилояти Суғд 

Санаи нашр: 28.10.2024 №: 212-213
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив