ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОДАР. ОЛИҲАИ МЕҲР

МОДАР. ОЛИҲАИ МЕҲР

28 октябр 2024, Душанбе
12
0
Обрӯи аҳли дин аз хоки пойи 
модар аст,
Ҳарчи доранд ин ҷамоат, аз дуои 
модар аст.
Модар оғози ҳастии башар  ва таҷассумгари меҳру вафост. Модар - олиҳаи зиндагӣ, қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор ва махзани меҳр барои фарзанд аст. Модар! Зимни гуфтори ин лафзи ширин чи қадар меҳру вафо дар замирамон эҳсос мегардад?! Қалби бузурги ӯ саршор аз меҳру муҳаббат ва хушгуфторию хушрафторист.
Модар як калимаест, ки аз ҳар як ҳарфаш як ҷаҳон маъно метавон пайдо намуд. Модар, яъне кӣ? Нафаси осудаи фарзанд, насимест бар машоми ҷигарбанд, занҷирест, ки аъзои оиларо ба ҳам мепайвандад. Модар, яъне, офариниши зебоиву хурсандиву хушбахтиҳо. Чаро, ки ӯ ягона шахсест, ки мехоҳад дар олами ҳастии фарзанд хушиву хурсандиро бо чашми муҳаббат ва серӣ бинад. Бе шубҳа, мо метавонем модарро маликаи воқеии хонадон ҳисобем. Хонаи бемодар камингаҳи тангу торик аст.
Бале, ин фариштамисоли хонадон дили бузурге дорад, ки, ҳатто, дунё бо ин қадар азимӣ пеши ӯ кӯчак аст. Ба ҳар як инсон воҷиб аст, ки падару модарро эҳтиром намояд. Ҷиҳати тақвияти суханони худ аз «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус «Андар шинохтани ҳаққи падару модар» нигоштаҳои арзишмандеро рӯйи коғаз оварданиам. Кайковус ба писари худ Гелоншоҳ насиҳат карда мегӯяд, ки «… бо падару модари худ чунон бош, ки аз фарзандони худ тамаъ дорӣ, ки бо ту бошанд. Зеро ки он аз ту зояд, ҳамон тамаъ дорад, ки ту аз падару модар дорӣ, ки масал одамӣ ҳамчун мева аст ва модару падар ҳамчун дарахт. Ҳарчанд дарахтро тааҳҳуд (нигоҳбин) беш кунӣ, мева аз вай накутару беҳтар ёбӣ. Ва чун падару модарро ҳурмат озарм беш дорӣ, дуову офарини ишон дар ту асари бештар кунад ва мустаҷобтар бувад… ва ба хушнудии ишон наздиктар бошӣ. Ва зинҳор, ки баҳри мерос марги падару модар наҳоҳӣ, ки бе марги падару модар ончи рӯзии ту бошад, ба ту бирасад». 
Оре, падару модар ва ҳурмати онҳо беҳтарин ганҷина барои фарзанд аст. 
Ҳасрати дӯсти наздиктаринамро ба қалам меорам, ки мегӯяд: «Инсон бояд ба қадри шахсиятҳое, ки барояш азиз ҳастанд, бирасад. Ва инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки арзишмандтарин шахс барои ҳар инсон модар мебошад». 
Албатта, аз гуфтаҳои дӯстам пай мебарам, ки модари ҷонсӯзу ғамхораш ӯро айёми кӯдакӣ дар ҷаҳони бевафо тани танҳо гузошта, олами фониро падруд гуфтааст. Марги модарро ба худ як фоҷиае қабул кардааст, ки гӯё гули шукуфонеро аз бӯстон канда, ба як замини беобу хок шинонда бошанд. Ҳамин аст, ки бо ҳасрат рӯйи забон меорад: «Волотарину қиматтарин ганҷ дар ду олам модар аст. Дунё бе вуҷуди ин олиҳаи зебоӣ рангу таровише надорад. Зиндагиям маъниашро гум кард, вақте  ки ту –  модарҷон,  моро тарк кардӣ. Ту ҳастии ман, ғамгусори ман, гаҳвораи ноёби ман будию  маро дар чорсӯи зиндагӣ танҳо мондӣ! Модарҷон, он қадар дӯстат медораму пазмонат ҳастам, ки сухан камӣ мекунаду хома оҷиз аст, инро  рӯи коғаз овардан. Модарам касалии саратон доштанд. Ба гумонам, ишон дар бистари беморӣ азобу андуҳи гаронеро аз сар гузаронда буданд, ки ман онро ҳис накардам. Имрӯз фироқи  модар маро пазмон кардааст, ки он пазмониву сӯзишро касе дарк карда наметавонад. Имрӯзҳо, ки ба айни камолот расидаам, надоштани бемодариро ҳар рӯз дар вуҷудам ҳис мекунам. Ҳар лаҳза орзу мекунам, ки эй кош, модари мунису ғамхорам, ки ҳар гоҳ маро сарзаниш мекард ва боз раҳм мекарду навозишам менамуд, аз пеши роҳам мебаромад ва пешвозам мегирифт. Эй кош, модари фариштаам дами дар мебаромаду хурсандӣ мекард ва маро дар оғӯш мегирифту аз пешонаам мебӯсид. Вале, афсусу сад дареғ, ин давлати бебаҳои ман имрӯз аз чашмҳои интизори ман нопадид аст. Оҳ, ҳар ҷо, ки ҳастам ва ҳар вақту даме, ки сипарӣ кардаам ё ки таоме хӯрдаам, лаззате надорад. Ягона орзуям ин аст, ки кош мебуд рӯзе ё лаҳзае, ки сарам дар зонуи модар бошад. Вале, ин як орзу ҳаст, ки бо ман то лаҳзаи охирини ҳаётам боқӣ мемонад». 
Модар ситораи зиндагӣ, ситораи дурахшонест, ки ҷаҳонро нуру ҷило мебахшад. Офтобест, ки аз болои кӯҳе баромада, дунёро равшанию ҳаёт мебахшад. Модарон беҳтарин пушту паноҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт, равшандиҳандаи ҳар хонадон ва қуввату мадори дилҳои нотавонанд. 
Бузургии модар дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбияткунанда  ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Зиҳӣ, модар, бо чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати баканор, ки бузургони олам дар пешат сар фуруд меоранд. 
Камила ҶАМШЕДОВА,
хабарнигори рӯзномаи  “Бадахшон”
Санаи нашр: 28.10.2024 №: 212-213
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив