ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЪҶИЗАИ ҲАШТУМ 

МУЪҶИЗАИ ҲАШТУМ 

28 октябр 2024, Душанбе
9
0


Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад.                                   
Эмомалӣ РАҲМОН 

МОДАР ДАР НОМАИ ДИЛ
Модарони фарзонахӯи мо, воқеан, коми мо фарзандони маъсумашонро бо инояти халлоқӣ аз ҳарфу ҳиҷои муҳаббат солҳост ширин месозанду  ба гӯшу ҳушамон шеъри ноби зиндагӣ месароянд. Шакаррезаҳои забони ноби миллиро маҳз модаронамон чун устоди бомаҳорати сухан нозукона гирд меоваранду дар коргоҳи эҷодии хеш дар қолаби қанди порсӣ мерезанд ва комҳои моро бо саодати азалии сухан ширин менамоянд. 
Камина бар он ақоидам, ки модарон паёмовари хушиҳову рӯшаниҳо, инсонҳои некманише бо розу рамзи сухан ва шебу фарози рӯзгор ошнои ошно ва саодатбахшу нишотовари дилҳои гирифта, шамси тобноки некбину ба зеҳнҳо шодиовар маҳсуб меёбанд ва ҳаштумин муъҷизаи рӯи замин ва фасли панҷуми табиати башар ҳастанд. Ҷаҳон бояд аз модар омӯзад василаи олии шифо додан бо муҳаббатдармониро. Ҳама - ҳама дорайни даврро фаро хонемаш ҳам, мадди як нигоҳу панди дилчаспи модар малулу забун хоҳанд буд. Чун маҳз модарон ҳастанд, ки бе ҳеҷ қилу қоле пардаи зулмату афсурдагиро аз рӯи оинаи рӯзгори мо ҳамебардоранд ва худро сипари мо азизонашон месозанд. 

МОДАР ДАР ТАЪРИХ
Шоҳиди бегазанди давр ин таърих аст, ки тоҷикон қадимтарин сокинони Осиёи Марказӣ буда, модари тоҷик тули таърих, дар баробари тарбияи фарзандони фарзонаи миллат, боз дар баробари мардони шуҷоъ тавонистаанд Ватанро аз вартаи ҳалокат ба арсаи саломат оварда бошанд. Таърих номи олиҳаи зебоӣ ва ҷасорат Гурдофариди сафшикан, номи занҳои муборизу ватанпарвар чун Томирис, Рухшона, Маликаи Бухордухт, шоҳ Бика ва даҳҳо модарону хоҳарони моро ёд дорад, ки барои истиқлолу озодии мардум ва сарзамини худ бо аҷнабиён талош кардаанд. Дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам бори аввал (соли 1995) дар Конфронси чоруми ҷаҳонии занон дар шаҳри Пекин тоҷикзанон ширкат варзидаанд. Томирис, Пантеа, Зебуннисо, Ҳусноро Мирзоева, Зебуннисо Рустамова ва чандеи дигар аз шумори шахсоне ҳастанд, ки моён онҳоро ҳамчун гунаҳои олии симои модари тоҷик, ки ба оламиён ибратанд, занони пешқадами Тоҷикистон меҳисобем.
Салоҳоварии модари тоҷикро бингаред, ки, ҳатто, дар пойбарҷогардонии сулҳи таърихии миллату истиқрори тоҷикон дар паҳлуи Раҳбари собитқадами хеш истода, дар ин пайкори шоиставу фардосоз як силсила бонувони матиниродаи миллат ба амсоли занони сиёсатмадор чун Адолат Раҳмонова, Бозгул Додхудоева, Гулафзо Савриддинова, Рафиқа Мусоева, Қиматгул Рустамова ва дигарон саҳми мондагори хешро гузоштаанд. Ва аз ин ҷодаҳо метавон бар он андешае даррасид, ки Иқболи Лоҳурӣ мегуфт: "Зан қонуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббат ва дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст".

МОДАР ДАР РӮЗГОР
Дар ин нукта хостам ба ҳаёти модари хуби худ назаре кардаву чанд тухми андеша ин ҷо кошта бошам. Ҳанӯз ёдам аст, ки тифли маъюсу ба омӯзишу дастгириҳо ниёзгоре будам, ки модарам маро бо эҳдои "Алифбо" ҳарфу ҳиҷои муҳаббат омӯхту бо гирифтани дастам, маро ба пайроҳаи ҳаёт роҳравон гардонд. Эътимод кунед, ки ҳар сабоҳи пайи омӯзишгоҳ азм карданам, модарам буд, ки маро бо ширчою қаймоқи холиси аз маҳсули кори худ омодакардааш сер карда, баъд иҷоза ба рафтан медод. Ҳазрати Пайғомбар (с) ҳам манзалату ҷойгаҳи модарро волотару фаротар аз ҳама чиз хондаанд. Мусаллам аст, ки аз ин ҷинси латиф пайғамбаре нест, вале ҳама пайғамбарзодагон парваридаи домони поки модаранд. 
Ҳакими Машриқзамин мегуфт, ки дар он хонае, ки модар нафас мегирад, ҳеҷ гулдоне хушк нахоҳад шуд. Дарвоқеъ, модари ман ихтисоси зиндагии худ кардааст пайванду парвариши гулҳоро, ҳам дар боғзорамону ҳам дар гулдонҳои рафи хона. Ҳатто, гулҳои камолдодаи ӯ назди оинаи манзили бибикалонам Хурсанойро низ нузҳату зебомаромӣ мебахшад. Модари маҳбубам агарчи мо дар ин мақому ҷойгаҳем, валек маро доиман ҳамон тифли хурдсоли худ медонад. Худ модарҷони яктоям Робияхон Амонӣ, ки дар фазои хонаводаи тоҷиру китобхон камол ёфтаанд, имрӯз маро дарси маърифатшиносӣ медиҳанду сабақи бахши иқтисодӣ. Ёдам омад, ки то синфи 5 хонданам ҳар шабонгоҳ модар бароям аз "Маснавии маънавӣ"-и Мавлавӣ қиссаҳо мехонду аз корнамоиҳои фарзандони диловари тоҷик ба монанди Шераку Темурмалик ривоятҳое менамуд. Дар рӯи модарам бозтоби шамсро маърифат месозам. Чун ӯ шомҳо бо шуълаи маҳтобӣ нонҳои қаймоқӣ мепухту ҳатто, дар баъзе ҳолу ҳавои русто либоси фарзандонашро мешусту ононро ба дарси фардоиашон омода мекард. Чун Уруди Бузург ҳам бамаврид гуфта: "Барои модар вожае зеботар аз фидокор наметавон ёфт".
Сипос модари ҷон, ки ҳастӣ! 

Умедҷон АМОНӢ, 
Академияи идоракунии давлатии 
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 28.10.2024 №: 212-213
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив