ҚОНУНГУЗОРӢ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ
Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ механизми асосии батанзимдарории фаъолияти соҳаҳо ба ҳисоб рафта, таҳия ва амалӣ намудани онҳо аз Конститутсия сарчашма мегирад. Дар моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: “Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад”.
Тибқи ин муқаррарот, давлат ҳамаи шаклҳои моликиятро баробарҳуқуқ эътироф кардааст ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад, фаъолияти озоди иқтисодиро таъмин ва рақобати солимро дастгирӣ менамояд. Далели ин гуфтаҳоро мо дар таҳлили муҳтавои баъзе аз қонунҳои амалкунанда ба таври возеҳ исбот карда метавонем:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат». Қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳое татбиқ мегардад, ки ба ҳимояи рақобат, аз ҷумла огоҳкунӣ, пешгирӣ, маҳдудкунӣ, қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати носолим дар бозорҳои мол ва молиявӣ равона гардидааст. Маҳз дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ барои фаъолияти муътадил ва самаранок озодии фаъолияти иқтисодиро танзим намуда, ягонагии фазои иқтисодиро дар тамоми қаламарави Тоҷикистон таъмин менамояд. Яъне, қонуни мазкур кафолати ҳуқуқи амалии принсипҳои номбаршударо ба танзим дароварда, принсипи асосии иқтисодиёти бозоргонӣ – рақобати солимро ба соҳибкорон таъмин менамояд.
Ин санади меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳама намуд амалҳо ва созишномаҳои (аҳдҳои) ба рақобат таъсиркунандаи аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони хориҷӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва дигар ташкилотҳо содир ё басташуда, инчунин, ба аҳдҳо ва муносибатҳои вобаста ба воситаҳои асосии истеҳсолот, дороиҳои ғайримоддӣ ё саҳмияҳо ва ҳиссаҳои субъектҳои хоҷагидор, ҳуқуқҳои вобаста ба ташкилотҳои тиҷоратие, ки фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, татбиқ мегардад.
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ». Дар асоси ин Қонун давлат ҳама гуна шаклҳои соҳибкориро эътироф намуда, аз рӯи принсипҳои муқарраршуда фаъолияти мазкурро ҳимоя ва дастгирӣ менамояд. Сода намудани тартиби бақайдгирии субъекти соҳибкорӣ, дар аксар мавридҳо маҳдуд кардани санҷишҳои фаъолияти субъектони соҳибкорӣ ва мувофиқи қонунгузорӣ ҳисоб намудани собиқаи кории соҳибкорони инфиродӣ ҳамчун собиқаи меҳнатӣ яке аз роҳҳои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектони соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси салоҳиятҳои худ тибқи ҳамин Қонун татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирӣ ва рушди соҳибкориро назорат менамояд, барномаҳои дастгирии давлатии соҳибкориро тасдиқ менамояд, фонди дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва бизнес инкубаторҳоро таъсис медиҳад, аз буҷети давлатӣ барои татбиқи барномаҳои дастгирии давлатӣ ҳаҷми муайяни маблағҳо барои татбиқи барномаҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ ҷудо менамояд, барои сармоягузорон, ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ». Мувофиқи Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сармоягузорӣ ба танзим дароварда шуда, асосҳои ҳуқуқию иқтисодии ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии сармоягузорӣ бо роҳи пешниҳоди низоми ҳуқуқии баробар ва кафолати ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон муайян карда мешавад. Аз ҷумла, давлат баробарҳуқуқии сармоягузорони хориҷӣ ва ватаниро кафолат дода, ба поймолкунии ҳуқуқи сармоягузорон вобаста ба мансубияти шаҳрвандӣ, миллат, забон, ҷинс, нажод ва эътиқоди динӣ роҳ намедиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон устувории шартҳои созишномаҳо ва шартномаҳоро, ки байни сармоягузорон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд, кафолат медиҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки тағйиру иловаҳо дар шартнома бо созиши тарафҳо ворид карда шудаанд. Давлат ба сармоягузорон дастрасии ройгонро ба махзани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кафолат медиҳад.
Натиҷаи мусоидати ояндабинона ба соҳа аст, ки тибқи маълумоти оморӣ дар ҳафт соли охир ба кишвар беш аз 95 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки зиёда аз 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад. Дар ин давра дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ шудааст. Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.
Ҳамин тавр, дар ташаккули иқтисоди бозоргонӣ давлат нақши асосиро иҷро намуда, қоидаҳои рафтори озоди иқтисодиро бо роҳи қабули қонунҳо, меъёри фаъолияти иштирокчиёни иқтисодӣ ва хоҷагиро муайян менамояд ва ин меъёрҳо ба ҳамаи иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи иқтисоди озод баробар паҳн гардида, сарчашмаи асосии он Конститутсия ба шумор меравад.
Гулбегим САФАРЗОДА,
мудири кафедраи иқтисодиёт
ва идоракунии Донишгоҳи давлатии
омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ