ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. 30 СОЛ ДАР МАСИРИ ЭҶОДИ ТАФАККУРИ СОЗАНДА

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. 30 СОЛ ДАР МАСИРИ ЭҶОДИ ТАФАККУРИ СОЗАНДА

29 октябр 2024, Сешанбе
26
0


Дар Китобхонаи миллӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “30 сол дар масири таҳлил ва тадқиқи давлатдории миллӣ” баргузор гардид.
Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, зимни суханронӣ гуфт, ки фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегӣ ба арзёбии тамоми соҳаҳои иқтисодии кишвар, ҳамчунин ба омодасозии тавсияю пешниҳод бобати амалисозии тадбирҳои мушаххас дар ҳама самтҳо равона шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки фаъолияти муассиса бо назардошти воқеаҳои солҳои охири ҷаҳон хеле равнақ пайдо карда, дар ҷанбаҳои гуногун пешравиҳо дида мешавад. Коршиносони марказ барои муаррифии шоистаи мавқеи кишварамон дар робита бо таҳаввули феълии назми минтақавию ҷаҳонӣ дар чорабиниҳои байналмилалии хориҷ аз кишвар пайваста саҳм мегиранд. Дар зарфи се соли охир кормандони Марказ дар 72 конфронсу форум ва ҳамоишҳои муҳими байналмилалӣ дар хориҷ аз кишвар иштироки фаъол намудаанд. Иштироки фаъоли кормандони Марказ дар ҳамоишҳои байналмилалии баргузорнамудаи кишварҳои бо Тоҷикистон шарик на танҳо дар тақвияти мақоми Марказ ҳамчун ниҳоди таҳлилии назди Президенти кишвар, балки дар шинохти мусбати Тоҷикистон миёни доираҳои бузурги коршиносии байналмилалӣ нақши муҳим гузошт.
Масрур Абдуллозода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа иброз намуд, ки дар марҳалаҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон, ки кишвар бо мушкилоти бесобиқа ва зарурати бунёди низоми нави идораи давлатӣ рӯ ба рӯ буд, нақши ниҳодҳои илмӣ-тадқиқотӣ, махсусан ниҳодҳои таҳлилию машваратӣ назаррас арзёбӣ мегардад.
Инчунин, гуфта шуд, ки таъсиси Маркази тадқиқоти стратегӣ муҳимтарин рӯйдоди таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки таҷассумгари талоши давлат барои рушди устувор ва такя ба равиши илмӣ дар қабули қарорҳо мебошад. 
– Бо шарофати сиёсати дурандешона ва илммеҳвари Ҳукумати кишвар, дар тули се даҳсола Марказ на танҳо ҳамчун як муассисаи илмӣ, балки ба як абзори муҳиме табдил ёфт, ки дурнамои стратегии рушди кишварамонро ташаккул дода, роҷеъ ба муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар шароити мураккаб ва тағйирёбанда саҳми муассир гузоштааст. Дар ин давра Марказ роҳи душворро аз ташаккулёбӣ то рушди бомуваффақият тай намуда, ба ҷузъи ҷудонашавандаи сохтори давлатӣ, ба як ниҳоди боэътимоди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба яке аз василаҳои асосии ташаккули дидгоҳи стратегӣ оид ба рушди кишварамон табдил ёфт, – иброз дошт, Хайриддин Усмонзода.
 
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”


“ЕВГЕНИЙ ОНЕГИН”.  БАРДОШТ АЗ НАМОИШИ ТЕАТРӢ
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов намоиши “Евгений Онегин”-ро аз рӯйи асари асосгузори адабиёти классикии рус Александр Пушкин, дар таҳияи коргардон Гулчеҳра Наимова, ба саҳна гузошт.
Намоиш аз оғоз диқатти тамошобинро ҷалб мекунад, хусусан вақте парда боз мегардаду фариштаҳо аз саҳна ба толор фуромада, ровии достонро аз байни мардум ба саҳна мебаранд ва ба ӯ либосҳои давраи зиндагии Онегинро мепӯшонанд. 
Коргардони намоиш Гулчеҳра Наимова дарк кардааст, ки ҳамон ровӣ, ки “дӯсти хуби Онегин” буд, худи Пушкин аст. 
Романи манзуми “Евгений Онегин”-ро шоири маъруф Муҳиддин Фарҳат тарҷума намудааст ва он бори нахуст соли 1967 ба забони тоҷикӣ интишор мегардад. Сужети достон аз номи муаллифи беном, ки худро дӯсти Онегин муаррифӣ кардааст, нақл карда мешавад. Евгений Онегин ашрофзодаест, ки зодаи Санкт-Петербург мебошад. Достон аз он оғоз мегардад, ки нақшаи ба саёҳат баромадани Онегинро хабари бемории амакаш ба таъхир меандозад. Баъди фавти амакаш, тамоми сарвати ӯ ба Онегин ба мерос мемонад, бинобар ин, ӯ дар деҳа мемонад ва бо шоири ҷавон Владимир Ленский дӯстӣ пайдо мекунад. Ленский ошиқи Олга Ларина, духтари заминдори маҳаллӣ, буд. Дар як чорабинӣ ӯ дӯсти наваш Онегинро ба хонаводаи ларинҳо меҳмонӣ мебарад. Дар ин меҳмонӣ духтари хурдии хонавода Татяна ба Онегин дил мебандад ва ба ӯ нома менависад. Дар зиёфати баъдии ин хонавода, ки бахшида ба Рӯзи Татяна баргузор мегардад, Онегин ва Ленский ҳам даъватӣ мешаванд. Дар он Онегин ба Олга, маъшуқаи рафиқаш, бештар таваҷҷуҳ карда, бо ӯ хушгӯӣ мекунад ва ӯро ба рақс даъват мекунад. Ин боиси хашми рафиқаш Ленский мегардад ва чун анъанаи он давру замон Онегинро ба дуэл мехонад. Дар дуэл Ленский аз тарафи Онегин кушта мешавад. Пас аз ин, Онегин деҳаро тарк мекунад. Муддати се соле, ки Онегин дар деҳа набуд Татяна ба Петербург мекӯчад ва дар он ҷо бо низомие оиладор мешавад. Дар як шабнишинӣ Онегин бо Татяна вомехӯрад ва аз он ки, ишқи ӯро рад намуда буд, изҳори пушаймонӣ карда, меҳру муҳаббаташро ифшо менамояд. Ин навбат бошад, ба хотири пош нахӯрдани оилааш, Татяна ишқи ӯро рад мекунад. 
Бояд гуфт, ки ҳунарманди ҷавону умедбахш Рашод Исмоилбеков нақши ровии достонро хуб офарида, тавонистааст дунёи ботинии ӯро бикушояд. Шоҳмурод Аюбов нақши марказӣ – Евгений Онегинро ба хубӣ иҷро кардааст. Нақшҳои дигарро Рухшона Улфатова (Татяна), Хайём Самадзода (шоири ҷавон Ленский), Азизаи Файзалӣ (Олга), Саидҷон Муродов (генерал), Мунира Қосимова (Анисия), Нуриддин Расулов (Гилёр), Лутфия Раҷабова (модар), Сайлон Сафарова (доя) ва Муҳибшоҳ Содиқов ва Анвар Олимов (фариштаҳо) бомаҳорат иҷро намудаанд. 
Ҳунарнамоии актёрони ҷавон, ки нақшҳои зиёди намоишро иҷро менамоянд, қобили эътирофи тамошобинон гардида, ороиши саҳна, хусусан китобхонаи бузург ва мувофиқ ба ҳар саҳна иваз шудани декоратсия низ ҳунармандона ба роҳ монда шудааст. 
Гулчеҳра Наимова иброз дошт, ки ҳадафи таҳияи намоиш бузургдошти 225-солагӣ ва муаррифии бештари шоири оламшумул Александр Пушкин ба бинандагони тоҷик мебошад. 
      
Судоба ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 29.10.2024 №: 214
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив