ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ АЗ ДУОИ МОДАР АСТ

БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ АЗ ДУОИ МОДАР АСТ

31 октябр 2024, Панҷшанбе
18
0

 
Яқин аст, ки ҳар куҷо сухан дар бораи модар равад, хоҳу нохоҳ пеши назар симои нуроние ҳувайдо мегардад, ки назираш дар ҷаҳон нест. Модар барои ҳар яки мо ҳамон фариштаеро мемонад, ки зери болаш хешро осудаву ором ҳис мекунем.  
Дар ин маврид шоири нуктасанҷ Абдулқодири Бедил хуб фармудааст:
Тифливу домони модар хуш биҳиште будааст,
Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.
Вале қонуни зиндагӣ чунин аст: яке ба хотири идомаи таҳсил, дигаре пайи зиндагии мустақил домони ӯро раҳо мекунад. Ман низ калон шудаму, аллакай, номи пуршарафи донишҷӯиро сазовор гардидам. Албатта, ин ҳама заҳматҳои шабонарӯзӣ ва таъкидҳои пайдарҳами модар аст. Ростӣ, дурӣ аз модар маро бори дигар дарс шуд, то аз бузургиаш бештар воқиф гардам. Дар ин шаҳри калон, байни издиҳоми одамон, хаёлам маро ба деҳа мебарад; ба кӯчаҳои танги деҳ, давидану  ғалтиданҳо, хандидану гиристанҳо ва дунёи зебои бачагӣ. Деҳае, ки дар оғӯши он зери навозишҳои модар ба камол расидам. Ҳар субҳ бо дуои модарам аз хона мебаромадаму чун бармегаштам, бо хушнудии ба худ хос истиқболам мегирифт. Ростӣ, гоҳ барои дер омадан ҳам, сарзанишам мекард. Дар он ҳолат гоҳ механдидаму гоҳи дигар бо ғурур мегуфтам: «Охир, ман калон шудаам». Бе хабар аз он ки, фарзанд барои модар дар ҳамаи синну сол ҳамон кӯдак аст. 
Ин ҳама дар лавҳи хотираҳо нақш мебастаасту ёди он рӯзҳо касро ҳар лаҳза маънии зиндагӣ мебахшидааст. Агарчи аз он рӯзҳои тиллоӣ солҳои тулонӣ сипарӣ нашуда бошанд ҳам, вале бачагии ман бо бозичаҳо дар деҳ монд. Ба хубӣ ёд дорам, ки падару модарам дар ҳар иду ҷашнҳо ба ману додаронам туҳфаҳо мегирифтанд. Аммо туҳфае, ки бароям азиз медонам, ин ҳамон тоқии нақшини дастдӯзи модарам аст. Медонистам, ки модарам сӯзанию гулдӯзӣ медӯзанд, вале тоқидӯзиашонро не. Ҳар гоҳ  ба бозори  деҳ мерафтам, ба худ мегуфтам, ҳатман аз ҳамин тоқиҳои дастдӯз мехарам. Очаҷонам пай бурдагӣ барин, аллакай, бароям тоқӣ дӯхтаасту ман бехабар. 
Баҳори синфи ҳафтумам буд. Фасли зебои баҳор. Тантанаи Ҷашни Наврӯз дар саросари кишвари азизамон танинандоз буду, мо низ дар деҳа ба истиқболи ин Ҷашни ниёгон омодагӣ мегирифтем. Субҳ, қабл аз хона баромаданам, модарам аз ман пурсид: «Дар мактабатон кай наврӯзӣ доред?». «Имрӯз,  очаҷон»,– гуфтам. Модарам бо тааҷҷуб: «Ҳамин рӯз?»,– гуфта, ба чашмонам нигоҳ кард. «Бале, ҳоло пас аз чанд соате бояд оғоз шавад»,– тасдиқ кардам ман. 
Модарам бо шунидани ин ҷавоб аз ҷояш нимхез шуда, рост ба чашмони модарбузургам нигоҳ кард. Бибиям бо ишораи розигӣ модарамро ба хонаи дигар равон кард. Ростӣ, чизеро пай набурда, хостам аз дар берун шавам, вале бибиям маро аз рафтан боздошт: «Ист бачам. Модарат ҳозир биёяд». 
Ин дам модарам аз ҳуҷраи дарун дар даст селлофани сиёҳ берун шуд. Бо тааҷҷуб ба модарам чашм дӯхтам. Очаҷонам ин дам бо табассуми ба худ хос аз даруни селлофан тоқии орзуҳои маро берун кард. «Э, очаҷон, аз куҷо донистед?...»,– гуфта, хостам суханамро идома диҳам, ки модарам бо чашмони пурашк маро ба оғӯш кашида, «Ҷони оча, ин рӯзро кайҳо боз интизорӣ мекашидам. Бибиаш, бинед писари ман шаҳбача шудааст»,– гуфта, тоқиро бо дуои хайр ба сарам гузошт. Он дам ман аз хурсандӣ қабат-қабат гӯшт мегирифтаму дар дунёи бачагии худ парвоз мекардам. Баробари расидан ба мактаб, ҳамсинфонам пайи ҳам аз ман суол мекарданд, ки ин тоқиро аз куҷо харидаам. «Очаам дӯхтааст. Худаш гулкашидаву рангпартоӣ кардааст»,– мегуфтам ман. 
Дар ҳар саволу ҷавоб тоқиамро аз сарам гирифта, бо эҳтиёт ба дигарон нишон медодаму боз бо фахр онро ба сар мекардам. Бале, бо ифтихор, зеро он заҳмати дастони модарам аст. Кӣ медонад, ки онро бо чӣ қадар орзуҳои нек дӯхтааст? Бешубҳа, дар ҳар нақши дӯхтааш ҳазорон роз нуҳуфтааст.  Бале, ин аз ҳазор як заҳмати модар аст, ки гуфтам. Дасти дуояш ҳамеша соябони сарам аст. Ҳанӯз ҳам, ҳар субҳ бо телефон дуои некашро мегираму шом «Ман ба хона расидам, модарҷон, хавотир набошед» гуфта, дилашро ором мекунам. Ҳанӯз ҳам тоқии дастдӯзи модарамро дар сарам гузошта «Ин дуои хайри модарам аст», – мегӯям. Пас, эй, оне ки ҳанӯз ҳам вақт имкон додаасту ту биҳиштеро пеши чашмонат мебинӣ, ба қадри ҳар як заҳмати кашидааш бирас, зеро фардо пушаймонӣ суде намебахшад. 

Иброҳим САЙФУЛЛО, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 30.10.2024 №: 215
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив