ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОДАРАМ "ШОҲНОМА" МЕХОНД

МОДАРАМ "ШОҲНОМА" МЕХОНД

01 ноябр 2024, Ҷумъа
3
0


Ҳар гоҳе ба зодгоҳам равам, аввал аз назди бинои маъмурии ҷамоати деҳот мегузарам, деҳшурои Даштигулҳо. Ин бинои одиву назарногир як вақтҳо дар назари ман бузургтарин қасри дунё метофт. Солҳои 50-уми асри гузашта мисли қасри Арбоб ва бинои хоҷагии ба номи Миралӣ Маҳмадалиев овозадор буд. Онро ҳунармандони истаравшанӣ бо усули меъмории самарқандӣ кандакорӣ карда буданд. Бисёр ҷаласаҳои собиқ ноҳияи Москва ва минтақаи Кӯлоб маҳз ҳамин ҷо барпо мегаштанд. Сарварии китобхонаи машҳури қасрро модари ман Саодат Назарова ба зимма дошт. Ҳоло ҳам ин бино макони баргузории чорабиниҳои ноҳиявӣ мебошад ва мардум бо меҳр ба китобхонаи модари ман меоянд. Имрӯз ҳам ду-се писараки мактабхонро дидам, ки аз ҳамин бино берун мешуданд. Кунҷкобиям боло гирифту пурсидам:
–  Аз  куҷо омадед?
–  Аз китобхонаи Саодат!
Ва бо завқ китобҳои гирифтаашонро нишон доданд.
– Ана, китобҳои  “Восеъ”, “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”.
– Китоб бисёр аст?
– Толор пури китоб, аммо тоҷикӣ камтар аст!
– Чӣ буд? Бо таҳайюр пурсид писараки калонӣ?
– Дилам гум зад ба ёди модар, китобхона ва бачагиам, – гӯён боз пурсидам:
– Барои чӣ  китобхона ба номи Саодат аст?
– Вай аз ҳамин деҳа, то дами охирини умраш мудири китобхона будааст.
– Хайр майлаш, – гӯён аз бачаҳо дур шудам. Онҳо ба ҳамдигар нигоҳкунон  ба чизе имою ишора доштанд. Ба гӯшам ҳаминаш расид:
– О, ин мардак ҳамон бачаи раҳматии апаи Саодат, мудири китобхона буд, ку!
Аммо ман беихтиёр поёнтар рафта, аз пешорӯи китобхона баромадам. Акнун чизеро намедидам ва гӯшу ҳушам тамоман ба китобхона банд гашт. Гулҳои роҳрав бӯйи хушки фасли пойизро ба машом меоварданд ва ман бо дарду алам ба дари китобхона нигоҳ мекардам. “Кошонаи Саодат” навишта шуда буд дар пушти он. Ман беихтиёр дохили китобхона шудам. Мудири ҳозираи китобхона, шогирди модарам, апаи Малика маро дидан замон ба хонандагони наздаш ҷамъшуда гуфт:
– Ана, писари худи апаи Саодат аз Душанбе наздатон омадааст. Баъди вохӯрӣ чун одат ман бастаи китобҳои навро ба Маликабону дароз кардам.
– Раҳмат, муаллим. Худованд ҷойи апаи азизамро ҷаннат созад. “Ҳамаи ин китобу китобхона ёдгории ягонаи модар аст”, – гуфтам ман.
– Ташаккур, ки боз ҳазор китоби бадеӣ овардӣ. Агар апаи Саодат зинда мебуд, чи қадар шодӣ мекард, охир вай китобро мисли ҷони ширинаш дӯст медошт. Бо китоб мезист, нафас мекашид, – гуфт апаи Малика. 
Ман аз китобхона баромада, роҳамро идома додам, лекин дар деҳаи ошно, ки бачагиям гузаштааст, азизтарин манзил китобхона аст. Ҳар гоҳе бачагиамро ёд орам, ҳамин китобхона пеши назар меояд. Дар хобам ҳам он медарояд. Он маро ба ёди модар мебарад. Хаёлам модарам то ҳол дар он кор мекунад. Пойҳоям маро ҳамеша ба сӯйи он мебаранд. 
– Он айём ман дар рӯзномаи ноҳиявӣ кор мекардам ва бо ҳавас мақолаи  нав чопшудаамро, ки “Пахтазор – майдони  диловарӣ” ном дошт, ба модарам нишон додам. Модар ба газета чашм давонду баъд норозиёна гуфт:
– Бачам, боз мегӯям маводи якрӯзаву дурӯза камтар навис, ҳикоя,  ақаллан, лавҳанависиро машқ кун!
– Оча, охир, мақола калон аст, ҳаққи қалами хуб ҳам дорад, боз маош.
– Албатта, кори журналистӣ хуб аст, аммо, агар ҳикоя менавиштӣ, муроди дили ман мешуд. Ана, ман бароят аз китобхона китобҳои Чехову Тургеневро овардам, кани хон. Охир ту ҷонваронро сахт дӯст медорӣ-ку! Дар бораи онҳо ягон чиз навис, канӣ.
– Охир ин китобҳо ба забони русӣ-ку!
– Хайр чӣ, китф дарҳам кашид модарам, агар нафаҳмидӣ ман ёрӣ медиҳам. Лекин китобҳоро сари вақт ба китобхона баргардон. Модарам китобдор гуфта, аз худ нарав, фаҳмидӣ? Ҳамин тавр, ман китобхони фаъол шудам ва баъди як моҳ нахустин ҳикояам – “Чӯҷаи кабк” дар рӯзнома чоп шуд. Дар хона аз ҳама зиёдтар модарам хурсанд шуд. Вай аз шодӣ рӯзномаро ба дидаҳояш молида, шукр мегуфт. 
– Бачам, бештар мутолаа кун, ҳикоя навис, – гуфту дар ҳаққам дуо кард.
Ҳоло он рӯзҳоро ба хотир оварда, ҳайрон мешавам, ки чаро модарам, ҳатто, рӯзҳои истироҳат, бо баҳонаи омода сохтани ҳисобот, ба  китобхона мерафт. Ҳарчанд падарам мефаҳмонд, ки рӯзи истироҳат аст, аммо модарам дуру дароз нигариста, мегуфт:
– Китобхон истироҳат надорад. Китобхона бошад, ҷойгоҳи муқаддас аст. Ман китобхона рафта, модарамро ёрӣ медодам. Медидам, ки вай ҳар рӯз китобҳоро тоза мекард, рӯзномаҳои навро дар бастаҳои алоҳида ҷой карда, рӯйхати хонандагонеро, ки китобҳояшонро барнагардондаанд, тартиб медод ва аз пайи ҷамъоварии китобҳо мешуд.
– Оча, чӣ ин қадар худатро озоб медиҳӣ? Охир, ҳамон китобҳоро дер ё зуд  меоранд-ку!
– Не, агар напурсам баъзеашон гум мекунанд ё дар вақташ намеоранд. Охир, китоб бояд дасти ба даст гардад. Лекин, бачам, бин баъзеҳо саҳифаҳои китобро медаронанд, – мегуфт модарам ва бо афсус китобҳои даридаро ширеш карда, ба рафҳо мегузошт. 
– Бачам, китоб мисли нон муқаддас аст. Китоб суҳбаторо асту туро ҳаргиз фиреб намедиҳад. Шояд одамон, ҳатто, дӯстонат, ба ту дурӯғ гӯянд, аммо аз китоб ҳаргиз озоре нест. 
Модарам чун одат боз “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсии бузургро нишонам медод. Ба бағалаш зер карда, ноаён ашк мерехт.
– Бачам, ана ин шоҳкитобро бояд ҳар як хонанда мутолаа кунад, мефаҳмӣ. 
Модарам шабҳои дароз  шоҳномахонӣ мекард. Қиссаи кушта шудани  Суҳроб аз дасти падарро мехонд, гиря гулӯгираш мекард. Китобхона бо  ҳимати модарам сол ба сол васеъ гашта, ба як кохи фарҳанг табдил ёфт. Он айём тамоми бачаҳои фаъоли деҳа, аз ҷумла Ҷумъахон Темурзода, Саидқосим Ҷалолов, Шарофиддин  Имомов, Муҳаммадовуди Саломиён аъзои доимии ҳамин китобхона буданд. Дар китобхона тез-тез маҳфилҳои  адабӣ мегузашт. Одина Ҳошим ва Гулчеҳра Содиқова барин санъаткорони асил меҳмони китобхона буданд. Ҳамон солҳо шоираи маҳбуб Мавҷуда Ҳакимова меҳмони хоҷагии овозадори мо шуда, баъди шиносоӣ бо модарам дар борааш очерки “Китобдори деҳа Саодат”-ро навишта, дар маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” нашр намуд. Худи модарам ҳамчун китобдори фаъол бо Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии ИҶШС сарфароз гардид. 
Модарам мо фарзандонро ҳам хуб тарбия кард. Бародарам Пӯлод полковники милитсия, Саъдӣ корманди масъули ҳифзи ҳуқуқ, хоҳарам   Сабоҳат муаллима, Бахтиёр иқтисоддон шуда, фаъолият доранд. Модарам умри кӯтоҳ дид ва то дами маргаш бо китобу дафтар буд. Ягона розгӯву роздонаш китобҳо буданд. Ҳар гоҳе ба аёдаташ мерафтам, ӯро машғули  мутолаа медидам.
– Оча, бас аст китобхонӣ, охир кай истироҳат мекунӣ?
Вай ҷонибам маънидорона нигоҳ карда, мегуфт:
– Китобхонӣ худаш истироҳат аст. Охир, китоби хуб умри одамро дароз, саломатии  инсонро нағз мекунад, ба шарте аз таҳи дил бихонӣ.
Вақте ки соли 1991 аввалин китобчаам бо номи ”Гурги похӯрда” нашр шуд, шодиямро интиҳо набуд. Бо сад ҳавас бастаи китобҳоро бардошта, хона омадам ва дар дами дарвоза бо модарам вохӯрдам. Аз дидани китобам очаам хушнуд шуда, онро ба даст гирифта шукргӯён гиря кард.
–  Намурдаму китоби бачаамро дидам! 
Баланд фарёд кард, шодӣ намуд. Мехост ҳамаро аз ин мужда хабар диҳад, аммо касе нашунид ва табрикамон ҳам накард. Танҳо модарам буду китоби  нахустини ман. Ҳамон шаб дидам, ки дар бағал китоб ӯро ғанаб бурдааст. 
То дами вопасини умраш бо китоб монд. Солҳои нахустини истиқлол, ки бесарусомониҳои дохилӣ бавуқуъ пайвастанд, муддате китобхонааш бесаробон монд. Бисёре аз китобҳои нодиру таърихӣ гум шуданд. Аммо бо гузашти солҳо боз аз нав бо иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илму фарҳанг ҷойгоҳи худро ёфт ва мавқеи китобхонаҳо мустаҳкам гардид. Модарам аз раванди фарҳангсолорӣ ва нашри китобу маъхазҳои таърихӣ шод гардид. Шод буд, ки нашри китоби аллома Бобоҷон Ғафуровро бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дид. Ба хонадони тамоми тоҷикони мамлакат дастрас гардидани онро фоли нек мешумурд. Шодии модарро ҳадду канор набуд. Модарам ин китоби бебаҳоро дар рафи китобҳояш монда, шодӣ мекард, ки ба ин рӯзи муборак ҳам расидем. Дар тақсими китоб ширкат дошт. Ҳоло модар дар қайди ҳаёт нест, аммо ёду хотирааш зинда аст ва мардум бо муҳаббат аз китобхонаи Саодат дидан намуда, хотирашро пос медоранд.

Маҷид  САЛИМ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон, 
барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ 

Санаи нашр: 31.10.2024 №: 216-217
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив