МОДАРИ ХУДРО ЁД КУНЕД!
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият», соли дувум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Дуои модар»-ро якҷоя бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд эълон кардааст. Аз гӯшаву канори гуногуни кишвар ва, ҳатто берун аз он, мақолаҳои зиёде пешниҳод мешаванд, ки ҳар яке ба мазмуну муҳтаво аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Агар яке аз ятимиву ҷудоии модар навҳа кунад, дигаре шодмон аст, ки модараш бо илму ахлоқ ӯро ба қуллаҳои баланд расондааст. Дигаре бо шеърҳои намакин васфи модар мекунаду яке, ҳатто, модарандарашро ба ҷои модар дониста, ёди ӯро мекунад.
Дар маҷмуъ, ин Озмун ангезаи бузурге шуд барои бори дигар ба ёд овардани модар, некиву наҷобатҳои ин олиҳаи покзамир. Ин аст, ки ҳар саҳар саросема ба ҳуҷраи корӣ ворид шуда, аввал ба мутолааи мақолаҳо, яъне модарномаҳо шуруъ мекунам.
Баъзе субҳгоҳон ба чашм ашк ҳалқа мезанад барои нафароне, ки дар наврасӣ модар гум карданду дар калонсолӣ барои модар месӯзанд; хаёлан бо модар суҳбат мекунанду хаёлан ба модар мактуб менависанд. Ман низ хостам каме бошад, барои модари худам чизе нависам. Хеле фикр кардам, зеро гуфтаниҳои бисёр дорам ба унвони он покниҳоди фариштахисол. Чи тавр маро ба воя расондаасту барои мо ҳам падару ҳам модар шудааст, як қиссаи дароз аст. Гӯшии телефонро гирифтаму хостам овози форами модарро гӯш диҳам, то илҳоми навиштан пайдо шавад. Охир, ман нависанда ё рӯзноманигор ҳам нестам; кори маро ҳамеша рақамҳо, ҷадвалҳо ва ҳисобу китоб ташкил медиҳанд. Дар чунин ҳол ҳам оташи чизе навиштан дар дилам аланга мезад ва ниҳоят, шабе аҳд кардам, ки занг занаму баъзе чизҳоро пурсам.
Зангаш задам. Имрӯз овози модарам дигар буд, аниқтараш хаставу гиряолуд, ба зудӣ эҳсос кардам. Пурсон шудам, чун ҳамеша “Хубам...”,– гуфта, суханро ба дигар тараф бурд. Кунҷковона пурсидан гирифтам. Ниҳоят, гиреҳи дили модарҷон боз шуду ба гап даромад. Маълум шуд, ки модари шодравонаш чандин шаб аст, ки меҳмони хобҳояш асту дилаш аз ин ғаш мекунад. Хобҳояшро нақл мекарду бо алам мегирист; бисёр бо овози баланд барои модараш гиря мекард, мисли кӯдаконе, ки модарашон ба меҳмонӣ рафтаасту дер мекунад; бо ҷону дил ашк мерехт, ҳиққос мезад. Аз ин маҳзунии модари азиз, ман гӯшии телефон дар даст шах шудам. Дигар ӯро на таскин дода мешуду на тасалло. Гиряе, ки барои модар аст, чунин баланду аламноку сӯздору таҳдор будааст; касе ба ҷароҳати бемодарӣ ҳанӯз марҳам наёфтааст.
Ман, ки хушбахтона, ҳанӯз модарам зинда аст, ин дардро камтар эҳсос мекунам, вале ҳамроҳи модар ман низ гиристам. Дар байни ашку нидои гиря боз ин ҳарфҳоро мегуфт: “Медонӣ, духтарам, ҳатто, дар хобҳо ҳам модарамро оғӯш гирифта наметавонам; аз дур назора мекунаму дар олами руъёҳо мебинаму аммо ҳадди ақал дастони нозанинашро дошта, ба чашмаш молида наметавонам...”.
Бисёр гирист, дилаш каме холӣ шуд магар ки, ба гап даромад: «Бачем, 65 сол умр дидам, модар, бибӣ ва бибикалон ҳам шудам, вале барои модарам то ҳол месӯзам. Соат ба соат, рӯз ба рӯз, моҳ ба моҳ, сол ба сол аламам зиёд шуда истодааст. Намедонам дарду алами бемодариро ба кӣ гӯям? Рӯзҳое мешаванд, ки дар танҳоӣ бо овози баланд ба дару девори хонаам дод зада мегирям.
Ба гумонам, одам ҳар қадар солортар шавад, сӯзи бемодарияш ҳамон қадар меафзояд. Ту имрӯз намефаҳмӣ, духтарам, чи эҳсос ва ғаме вуҷуди маро фаро гирифтааст. Чунки модар дар бар дориву дилат пур аст. Ҳар замоне вақт ёфтӣ, телефонро мегириву занг мезанӣ ё ба аёдаташ меравӣ. Аммо ман...(боз садои гиря ва сукути тулонӣ).
Кошки имрӯзҳо модарам дар канорам бошанду тамоми нозашро бардорам; хӯрокҳои дӯстдоштаашро пазаму бо дастони худам бихӯронам. Ҷавон будам, дар талоши зиндагӣ ва кори давлат банд будам. Барои он ки, ман кор кунаму дар оянда сохтмончии барӯманд шавам, модарам аз кор баромада, фарзандони маро нигоҳубин мекард. Ман танҳо ҳамон вақт назди модар мерафтам, ки фарзандонамро ба он кас супорам ё ба хона биёрам. Гоҳе ба хонаамон надаромада, аз таҳи дар бармегаштам. Он замон аз куҷо медонистам, ки он ҳама “серкориву ташвишҳо”-и ман ба ӯ сахт мерасад; дилаш дард мекунад, ки духтарам даме бо ман нанишаст. Шояд он замон гуфтаниҳое дошту дарк накардам, напурсидам... Имрӯзҳо дар хона танҳояму модар меҷӯям. Гӯё фалак навбати танҳоиро аз модарам гирифта, ба ман додааст. Акнун, касе нест, ки дили маро пурсад, ҳасратҳои маро гӯш кунад...”.
Дигар тоқат карда натавонисту гирякунон телефонро хомӯш кард.
Дар ҳастии ман низ оташи ғаму андуҳ афтод. Модари азизамро, ки дар 47-солагӣ аз падарам ҷудо шудааст, кам-кам дарк мекардам. Ҳамзамон, ҳайрон будам, ки ин муштипари ман дар зиндагӣ садҳо монеаву азобҳоро дида бошад ҳам, чаро маҳз ҳамин рӯз бо овози баланд гиря кард, ки аввалҳо надидаву нашунида будам.
Як насиҳати модар вақти арусии ман ба ёд расид, ки мегуфт: “Духтарам, ҳеҷ гоҳ пеши хушдоману хешу пайвандони шавҳар дарду сӯзатро ошкор накун. Бо хушнудӣ онҳоро пешвоз гиру дастархон кушо. Ҳар гоҳ дардат зӯрӣ кард, ба хилвати худ даромада, бо рӯймолчае даҳонатро маҳкам карда, гиря кун. Аламҳо сабук мешаванд. Ашк ғамҳоро бо худ мебарад, гиря ҳам неъмат аст”.
Ҳоло ин суханҳо дар гӯшам садо медиҳанду тасаввур мекунам, ки модарам ҳоло дар дили шаб, дар хонаи алоҳидае ба ашк ғарқ аст; рӯймолчааш тар шудаву рӯймолчаи дигареро мекобад.
Ба ғафлати худам бори дигар иқрор шудам. Виҷдонам азобам медод, ки ман барои дидори модар ва шунидани дардномаҳояш вақт надорам. Дар телефонам соат, дар дастам соат, дар пештоқи хона соат, аммо қадри вақтро намедонем. Намедонем, ки ин ҳаракати ақрабаки соат азизтаринҳоро дер ё зуд аз мо мерабояд. Оҳ кашидаму гиристаму садое аз дил мегуфт: «Ин аст мақолаи озмунии ту, бинавис, то дигарон ҳам, ки шояд мисли ту дар ғафлатанд, бедор шаванд; ба модарашон занг зананд, ба дидораш шитобанд; ҳадди ақал паёмаке навишта, сабаби гули табассум дар лабони фариштаи заминиашон гарданд… модари танҳои худро ба ёд оранд».
Зулола БОБОРАҶАБОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 31.10.2024 №: 216-217