ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДИЛОВАРАНД МОДАРОНИ РАШТӢ

ДИЛОВАРАНД МОДАРОНИ РАШТӢ

01 ноябр 2024, Ҷумъа
4
0


Модарони раштӣ дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳал нақши калидӣ доранд. Дар ҳама гуна корҳои таблиғотию ташвиқотӣ занони фаъол ба гурӯҳҳои фаҳмондадиҳӣ шомил гардида, дар маҳалҳо мардумро, бахусус ҷавононро, ба корҳои ободонию созандагӣ таблиғ менамоянд.
Саҳми бонувон дар рушди ҳама гуна соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия амали нав набуда, балки ин анъана аз қадим то имрӯз ривоҷ дорад.
Агар ба маъхазҳои таърихӣ назар афканем, дармеёбем, ки занони раштӣ дар замонҳои куҳан ҳам чун мардон диловарӣ нишон дода, сарзамини худро ҳифз ва ободу зебо менамуданд. Фарзандони шуҳратёреро дар ҷодаи сиёсат Нусратулло Махсум, Мунаввар Шогадоев, Тоҷиддин Исоев, Маҳмадулло Холов, Сайдулло Хайруллоев, Мунавваршо Назриев, Ҷумъа Олимов, Маҳмадтоир Зокирзода ва дар ҷодаи фарҳангу адабиёт ва дигар соҳаҳо Маҳмадшарифи Гулханӣ, Тоҷуддавла, Ҷомии Сонӣ, Ҳиҷрӣ, Ранҷа, Қасимӣ, Насимӣ, Ҳофизи Ғармӣ, Халифа Ҳасан, Мулло Давлат, Оқил, Шарифхӯҷаи Кӯҳистонӣ, Алӣ Хуш, Боқӣ Раҳимзода, Меҳмон Бахтӣ, Зафар Нозим, Муҳтарам Ҳотам ва боз даҳҳои дигарро парвардаву эҳдои миллати тоҷик намудаанд.
 Аз қаҳрамониҳои занони раштӣ тули солҳои таърих сухан кардан, аз доираи мақолаи мо берун аст. Аммо ёдовар нашудан аз корнамоиҳои духтароне чун Сайрамбибӣ, Оламбибӣ, Чилабибӣ, Маълумбибӣ ва Файзинисо имкон надорад. Онҳо панҷ нафар духтарони ҷасур, ки аз алифбои ниёгон хуб хабар доштанд, соли 1927 бо тавсияи мудири шуъбаи маорифи вилояти Ғарм Каримҷон Ҳусейнзода, ки баъди ба Ғарм омаданаш фаъолияташро аз ноҳияи Ҳоит оғоз намуда буд, барои таҳсил ба мактаби муаллимтайёркуние, ки дар маркази вилоят - шаҳраки Ғарм ҷо гирифта буд, дохил шуданд ва баъди як сол ба зодгоҳи худ баргашта, дар калонтарин мактаби ноҳия, дар деҳаи Ҳисорак, ба таълиму тарбия машғул шуданд.
Охирҳои соли 1928 сокинони  деҳшурои Ҳоит дар ҷаласаи худ Чилабибӣ Ҳакимоваро раиси деҳшуро интихоб карданд. Занону духтарони ноҳияи Ҳоит атрофи ин панҷ нафар муттаҳид гардида, барои барқарории давлати ҷавони шуравӣ заҳмат мекашиданд.
Моҳи апрели соли 1929 дастаи Фузайл Махсум, ки яке аз душаманҳои ашаддитарини ҳокимияти шуравӣ ба ҳисоб мерафт, дарёи Панҷро убур карда, аввал ба Дарвозу Тавилдара ва баъд ба Қалъаи Лаби Обу Ҳоит омад. 12-уми апрел он панҷ нозанинро, ки чун гулҳои камари кӯҳ ба ҳусни диёрашон зебоии хос зам мекарданду бо хандаҳои ширину дилрабо таъна ба андалебон мезаданд ва ягона гуноҳашон ҳамин буд, ки ба занону духтарони калонсол ва насли навраси диёри хеш илм меомӯхтанд, дастгир карда, се тан аз онҳо (Сайрамбибӣ, Оламбибӣ ва Маълумбибӣ)-ро ба қатл расонданд.
Чун ба гузаштаи дур назар андозем, мебинем, ки таърихнависони қадим модарони раштиро, умуман мардуми ин минтақаро озоду диловар ва бонангу номус қаламдод кардаанд. 
Ҳамин тавр, аз гузаштаи на чандон дур аз модароне чун Тошбӣ Амонова, Роза Ахмедова, Гулғунча Ахмедова, Зебо Сайшарифова, Садафмо Бурҳонова, Давлатпочо Мирзоева, Ҳарамгул Ҳаймаҳмадова, Қурбонгул Халилова, Назокат Маҳмадова ва боз чанде дигарон метавон ёдовар шуд, ки охирҳои замони шуравӣ ва оғози соҳибистиқлолии давлатӣ дар вазифаҳои гуногуни хизмати давлатӣ кору фаъолият бурда, дар ҷодаи рушду нумӯи ноҳия ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ саҳми арзанда гузоштанд.
Ҳоло ҳам занони зиёде дар атрофи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷамъ омада, дар роҳандозии сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат саҳми бориз гузошта истодаанд. Ин аст, ки роҳбарияти ноҳия бо такя ба қувваи бузург ва дуои онҳо тадбирҳои созандаи худро батадриҷ амалӣ менамояд.

Зарина ИДИЗОДА, раиси ноҳияи Рашт 

Санаи нашр: 31.10.2024 №: 216-217
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив